ВидеоМуҳоҷирон

БОЗДОШТИ ЯК ЗАНИ ТОҶИК БО 300 ГРАММ ҲЕРОИН ДАР ҚАТОРИ МАСКАВ – ВЛАДИВОСТОК

Додситонии нақлиёти минтақаи Урал рӯзи 5 сентябри соли 2022 дар Телеграм-каналаш хабар дод, ки додситонии нақлиёти вилояти Свердловск тафтиши парвандаи як зани 53-солаи шаҳрванди Тоҷикистонро ба анҷом расонда, барои баррасӣ ба додгоҳи ноҳияи Шаля супурдааст. Ин зан, ки моҳи июн дар истгоҳи Шаля ҳангоми интиқоли 300 грамм ҳероин тавассути қатори роҳи оҳани Маскав – Владивосток дастгир шуд, бар асоси қисми сеюми моддаи 30 ва қисми чоруми моддаи 228.1 Кодекси ҷиноятии Русия ба қасди фурӯхтани миқдори бузурги маводи мухаддир бо истифода аз шабакаи Интернет айбдор мешавад.

Худи ин зан ва ё адвокату наздиконаш барои шарҳи иттиҳомоти эълоншуда дастрас нестанд, вале бино ба фарзияи тафтишот, ин зани тоҷикистонӣ ҳамроҳи як нафари шахсияташ муайянношуда, ки парвандаи ӯро алоҳида кардаанд, моҳи июни соли 2022 дар қатори мусофиркаши Маскав –Владивосток аз шаҳри Маскав барои фурӯш ба шаҳри Новосибирск 300 грамм ҳероин мебурд. Ин миқдор маводи мухаддирро ӯ дар як сумкаи варзиши дар рафи болои купеяш пинҳон карда буд.

 “Вале ӯ ин қасди ҷиноятиашро то охир расонда натавонист, чунки дар ҷараёни чорабиниҳои фаврию ҷустуҷӯӣ дар истгоҳи Шаляи қитъаи роҳи оҳани вилояти Свердловск аз ҷониби кормандони пулиси нақлиёт дар даруни қатор дастгир карда шуд” – гуфта мешавад дар иттилоияи додситонии нақлиёт.

Тафсилоти дигари ин парванда дастрас нест. Ба зани тоҷикистонӣ барои кӯшиши фурӯши миқдори бузурги маводи мухаддир ҳамчун ҷазо бар асоси қисми чоруми моддаи 228.1 Кодекси ҷиноятии Русия аз 10 то 20 соли зиндон бо ҷарима ба маблағи то 1 миллион рубл таҳдид мекунад.

Тоҷикистон, ки бо Афғонистон, манбаи асосии тавлиди ҳероин, афюн ва ҳашиши дунё, 1370 км марзи муштарак дорад, дар солҳои охир ба як масири умдаи қочоқи маводи мухаддири “афғонӣ”  ба бозорҳои сиёҳи шимоли сайёра, асосан ба Русияву Қазоқистон табдил ёфтааст.

Бино ба омори расмии ФСИН – Хадамоти федералии зиндонҳои Русия, то аввали соли 2021 дар зиндонҳои ин кишвар беш аз 7 ҳазор нафар аз зодагони Тоҷикистон адои ҳукм мекарданд ва беш аз 1200 муҳоҷири дигари тоҷик дар боздоштгоҳҳои Русия таҳти тафтиш қарор доштанд.  Бино ба ҳисобҳои ғайрирасмӣ, тақрибан чоряки ин зодагони Тоҷикистон дар Русия бо ҷурмҳои марбут ба қочоқу фурӯши маводи мухаддир зиндонӣ шудаанд.

Истгоҳи Шаля  дар байни шаҳрҳои Перму Екатеринбург –  дар тақрибан 245-километрии ҷанубушарқи Перм ва 180-километрии шимолуғарби  Екатеринбург, маркази маъмурии вилояти Свердловск ҷойгир шудааст. Ин зани тоҷикистонӣ тақрибан дар миёнаи роҳи сафараш аз Маскав ба Новосибирск ба даст афтод: Ӯ алакай 1700 километр роҳро аз Маскав пушти сар гузошта буд ва мебоист тақрибан 1800 километри дигарро тай кунад, то ба Новосибирск ба пеши муштарияш бирасад.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button