ТаърихЧеҳраҳо

АСРОРИ ОШӮБИ ҲОҶӢ ҲАЛИМ

4 сентябр солгарди инак ҳафтуми  ошӯби генерал Абдуҳалим Назарзода, маъруф ба Ҳоҷӣ Ҳалим аст.  Бо гузашти 7 сол аз  ин ҳодиса бисёре аз паҳлуҳои ин ошӯб ҳамчунон пушти пардаи асрор боқӣ мемонад. Ва пеш аз ҳама инки чӣ муовини вақти вазири дифои Тоҷикистонро маҷбур кард, мансаби баланд ва тиҷоратҳои пурфоидаашро пушти по гузошта, он шаби 4 сентябри соли 2015 ба даст силоҳ бигирад ва даст ба як ошӯби аз оғоз маҳкум ба шикаст бизанад?

Ошӯби мусаллаҳонаи генерал Абдуҳалим Назарзода, ки имрӯз солгарди ҳафтумаш аст, яке аз саҳифаҳои пурасрор дар таърихи навини Тоҷикистон боқӣ мемонад.

Натиҷаҳои расмии тафтиши парвандаи ошӯби Ҳоҷӣ Ҳалим ҷое нашр нашудааст, вале бино ба як санади расмие, ки додситонии кулли Тоҷикистон бо талаби истирдоди яке аз ёрони Ҳоҷӣ Ҳалим ба мақомоти Русия фиристодааст, рафти ҳаводис аз ин қарор буд:

Шаби 3 ба 4 сентябри соли 2015 Абдуҳалим Назарзода, ки он замон муовини вазири дифои Тоҷикистон буд, бо як гурӯҳи ҳаммаслаконаш баъди маслиҳат дар манзили Ёрибек ном сокини Душанбе муовини дигари вазири дифоъ генерал-майор Б.Саидзода ва муовини раиси Кумитаи давлатии амнияти миллӣ Абдулазиз Ҷаловро дар толори варзишии вазорати дифоъ асир гирифта, ба амборҳои силоҳи қисмҳои низомии 08050 ва 17561 ҳамла оварданд.

Онҳо аз ин ду қисми низомӣ миқдори зиёди силоҳи оташфишон, аз ҷумла 180 мил автомати Калашников, 9 гранатомёт, 8 пулемёт ва 5 камони снайпериро тасарруф карда, беш аз 100 сарбозро бо ин фиреб, ки “бонги изтироб” шудааст, бо худ гирифтанд.

Нахустин задухӯрди аъзои гурӯҳи Ҳоҷӣ Ҳалим ҳамон шаби 4 сентябр дар гардиши фурудгоҳи Душанбе бо нирӯҳои вижаи вазорати дохила сурат гирифт. Дар ин задухӯрд 5 корманди пулис – Бӯриев Д.Г., Саъдуллоев Д.Х., Орипов Р.Х., Пиров И. ва Ҷобиров А. Кушта ва чанд тани дигар захмӣ шуданд. Ҳамзамон як гурӯҳи дигари мусаллаҳ ба шӯъбаи корҳои дохилии шаҳри Ваҳдат бо ҳадафи тасарруфи силоҳ ҳамла овард, ки он задухӯрд низ 4 кушта ба ҷо гузошт.

Гурӯҳи Ҳоҷӣ Ҳалим баъди ин ду задухӯрд ба дараи Ромит, ки дар солҳои ҷанги шаҳрвандӣ як паноҳгоҳи умдаи мухолифин буд, паноҳ бурд, вале натавонист ба амборҳои вазорати дифоъ дар минтақаи Мағови ин минтақа даст биёбад.

Амалиёти таъқиби гурӯҳи Ҳоҷӣ Ҳалим дар дараи Ромит то 16 сентябр давом кард ва аз ҳарду тараф беш аз 40 кушта ба ҷо гузошт. Аз ҷумла дар Ромит худи Ҳоҷӣ Ҳалим, муовинаш полковник Ҷунайдулло Умаров ва ду бародари Ҳоҷӣ Ҳалим, ки мақомот барои музокира бо вай ба Ромит оварда буданд, кушта шуданд.

Баъди саркӯби ошӯби Ҳоҷӣ Ҳалим ангушти иттиҳоми мақомот билофосила ба сӯи ҳизби наҳзати исломӣ (ҲНИТ) – як ташаккули умдаи мухолифи ҳукумат баланд шуд. 13 узви баландпояи ҲНИТ алакай рӯзҳои 15-16 сентябр боздошт шуданд. Бино ба ҳисобҳо, дар маҷмӯъ дар робита ба ошӯби Ҳоҷӣ Ҳалдим беш аз 200 нафар дастгир шудаанд, ки тақрибан нисфашро аъзои ҲНИТ меноманд.

Додгоҳи олии Тоҷикистон  алакай рӯзи 28 сентябри соли 2015 фаъолияти ҲНИТ-ро ба далели даст доштанаш дар ошӯби Ҳоҷӣ Ҳалим манъ карда, ин ҳизбро ба рӯйхатҳои сиёҳи ҳам созмонҳои ифротӣ ва ҳам созмонҳои террористӣ шомил кард.

Раҳбарони ҲНИТ даст доштанашон дар он ошӯбро ҳамеша рад мекунанд ва мегӯянд, исёни Ҳоҷӣ Ҳалим таанҳо баҳонае барои мақомоти Тоҷикистон барои амалӣ сохтани нақшаи аз пеш таҳияшуда барои аз байн бурдани ин ташаккули умдаи мухолифин шуд.

Бо ин вуҷуд, моҳи июни соли 2016 Додгоҳи олии Тоҷикистон 10 тан аз раҳбарони баландпояи ҲНИТ-ро ба мӯҳлати аз 16 то 28 сол ва ду муовини раиси ин ҳизб – Саидумар Ҳусайнӣ ва Муҳаммадалӣ Ҳаитро ба ҳабси умрбод маҳкум кард. Як иттиҳоми асоӣ ба зидди онҳо ҳамин қазияи ошӯби Ҳоҷӣ Ҳалим буд.

Мурофиаи парвандаи раҳбарони ҲНИТ ва дигар афроди муттаҳам ба даст доштан дар ошӯби Ҳоҷӣ Ҳалим ҳама пушти дарҳои баста гузашт ва бисёре аз паҳлуҳои ин ошӯб пушти парда монд.

Ҳарчанд баъдан вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон бо нашри як филми мустанад гуфт, ки Абдуҳалим Назарзода бо супориши Эрон амал мекард ва аз Эрон пул мегирифт, боз ҳам ошӯби Ҳоҷӣ Ҳалим суолҳои зиёдеро аз худ боқӣ гузоштааст.

Як саволи асосӣ ин аст, ки чаро ин генерали ба сурати умум хеле эҳтиёткор ва гузашткор ҳам мансаби баланд ва ҳам тиҷоратҳои пурфоидаеро, ки дошт, пушти по гузошта, он шаби 4 сентябр ба даст силоҳ гирифт ва мисли давраи ҷавониаш дубора ба кӯҳ баланд шуд? Ҳоҷӣ Ҳалим ҳамчун як афсари собиқадор бояд медонист, ки нирӯҳои мусаллаҳи Тоҷикистон дигар он артиши заифи солҳои 90 нест ва таҷрибаи ошӯбҳои ахир дар Тавилдараву Рашт ҳам нишон дод, ки гурӯҳҳои кӯчаки ошӯбгар дигар дар муқобили артиши кунунии Тоҷикистон тавони муқовимати зиёд надоранд.

Аз тарафи дигар, мардуми Тоҷикистон ҳам, ки як бор азоби талхи ҷанги шаҳрвандиро ба чашм дид, дигар ба ҳеҷ ваҷҳ моил нест, ки суботу осудагиашро боз ба муноқишаҳои низомӣ иваз кунад. Аммо бо ин ҳама қартаҳои заиф дар даст як генерали алакай солманд ва ҳатто наберадор бо даҳҳо силоҳбадасти дигари аксаран солманд барои чӣ он шаби 4 сентябр қиём карданд, асрорест, ки Ҳоҷӣ Ҳалим дигар бо худ ба гӯр бурд.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button