Хабарҳои кӯтоҳ

ҚАЛЛОБӢ БО “ЛЕКСУС” ВА ҶАВОҲИРОТ ВА БОЗДОШТИ ДУ ДУЗД ДАР ҲИСОРУ ФАРХОР

Сокини 52-солаи Душанбе ба он гумонбар мешавад, ки моҳи март аз як сокини пойтахт мошини тамғаи «Лексус» харида, инак ним сол боз пулашро намедиҳад.

ххххххххххххххххх

Сокини 62-солаи пойтахт ба он гумонбар мешавад, ки  ҳанӯз соли 2009 аз як зани сокини Ҳисор бо роҳи фиреб ба маблағи 40 ҳазор доллар  ҷавоҳироти тиллоӣ гирифта, то ҳол пулашро надодааст.

хххххххххххххххх

Як навраси 14-сола дар Ҳисор ба он гумонбар мешавад, ки шаби 27 август аз як мағозаи хӯрокворӣ дар дохили бозори “Самоҳ” 16 ҳазору 146 сомониро дуздидааст.

хххххххххххххххх

Як зани 36-солаи сокини ноҳияи Фархор ба он гумонбар мешавад, ки рӯзи 22 июл аз хонаи як сокини ин ноҳия 10 ҳазор сомонӣ ва ҷавоҳироти тиллоиро дуздидааст.

Аз навори хабарҳои рӯзи 3 сентябри маркази матбуоти ВКД Тоҷикистон

Бо роҳи фиреб аз худ намудани автомашина ва ҷавоҳирот

009

Ба ШВКД-1 дар ноҳияи Шоҳмансур бо ариза марди 40-солаи сокини пойтахт муроҷиат намудааст, ки моҳи марти соли 2022, марди 52-солаи сокини шаҳри Душанбе бо роҳи фиреб ба бовариаш даромада, аз ӯ 1-адад автомашинаи тамғаи «Лексус», арзишаш 100 ҳазор сомониро гирифта, ваъда додааст, ки дар муддати 1-моҳ маблағашро бо пуррагӣ бармегардонад, аммо то ҳол маблағашро барнагардонидааст.
Ҳамзамон ба ШВКД-и мазкур бо ариза зани 45-солаи сокини шаҳри Ҳисор муроҷиат намудааст, ки соли 2009, марди 62-солаи сокини пойтахт бо роҳи фиреб ба бовариаш даромада, аз ӯ ба маблағи 40 ҳазор доллари амрикоӣ ҷавоҳироти гуногуни тиллоӣ гирифта, ваъда додааст, ки дар муддати кӯтоҳ маблағашро бо пуррагӣ бармегардонад, аммо то ҳол маблағашро барнагардонидааст.
Оид ба ин ҳолатҳо тафтишот идома дорад.

Даст ба дуздӣ задани ноболиғи 14-сола

062

Ба ШВКД дар шаҳри Ҳисор бо ариза марди 31-солаи сокини ноҳияи Муъминобод муроҷиат намудааст, ки шаби 27-уми августи соли 2022, шахсони номаълум бо тариқи пинҳонӣ вориди мағозаи хӯроквориаш, воқеъ дар дохили бозори “Самоҳ”-и шаҳри Ҳисор шуда, аз он ҷо 16 ҳазору 146 сомониро дуздида, аз ҷойи ҳодиса ғайб задаанд.

Ҳангоми гузаронидани чорабиниӽои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия ноболиғи 14-солаи сокини шаҳри мазкур ҳамчун гумонбар дар содир намудани ҷинояти дуздӣ дастгир карда шуд.
Инчунин ба ШВКД дар ноҳияи Фархор бо ариза марди 32-солаи сокини ноҳияи мазкур муроҷиат намудааст, ки 22-юми июли соли 2022, шахсони номаълум бо роҳи пинҳонӣ вориди манзили истиқоматиаш шуда, аз онҷо 10 ҳазор сомонӣ ва ҷавоҳироти гуногуни тиллоиро дуздида аз ҷойи ҳодиса ғайб задаанд. Зарари расонидашуда 12 ҳазор сомониро ташкил медиҳад.
Ҳангоми гузаронидани чорабиниӽои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия зани 36-солаи сокини ҳамин ноҳия ҳамчун гумонбар дар содир намудани ҷинояти дуздӣ дастгир карда шуд.
Оид ба ин ҳолатҳо тафтишот идома дорад.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button