ВидеоМуҳоҷирон

ДАР ТУЛА СЕ МУҲОҶИР АЗ ТОҶИКИСТОНУ ӮЗБЕКИСТОН БА ЛАТТУКӮБИ КОРМАНДОНИ ПУЛИС АЙБДОР МЕШАВАНД

Додситонии ноҳияи Заречйеи шаҳри Тулаи Русия  рӯзи 3 сентябр хабар дод, ки парвандаи се шаҳрванди Тоҷикистону Ӯзбекистонро, ки ба истифодаи зӯроварӣ нисбат ба намояндаи давлат айбдор мешаванд, ба додгоҳи ин ноҳия супурдааст. Ба ин се нафар бар асоси қисми якуми моддаи 318 Кодекси ҷиноятии Русия ҳамчун ҷазо ҷарима ба маблағи то 200 ҳазор рубл, ё корҳои ислоҳӣ ба муҳлати то 5 сол, ё 6 моҳи ҳабс ваё то 5 соли зиндон таҳдид мекунад.

Худи муҳоҷирони дастгиршуда ваё наздикону адвокатҳои онҳо барои шарҳи қазия дастрас нестанд, вале бино ба фарзияи тафтишот, шоми 22 июли соли 2022 ин се нафар дар шаҳраки Октябрский дар ҳолати мастӣ қарор доштаанд. Ҳамсояҳо ба пулис хабар додаанд ва кормандони пулис омада, ба онҳо эрод гирифтаанд, ки тартиботи ҷамъиятиро вайрон накунанд. Ва гӯё муҳоҷирон аз ин ба хашм омада,  бо мушт ба кормандони пулис дарафтода, гӯё ба қафаси синаи онҳо на камтар аз 4 мушт задаанд. Дар натиҷа, бино ба иддаои тафтишот, кормандони пулис осеби ҷисмонӣ бардоштаанд ва баданашон дардманд шудааст.

Шаҳраки Октябрский дар канораҳои шимолии шаҳри Тула ҷойгир шудааст.

Маъмулан муҳоҷирон, бавижа муҳоҷирони тоҷик, ки дар Русия дар як шароити пур аз маҳрумияти ҳуқуқӣ қарор доранд,  аз ҳар навъ сар ба сар шудан бо кормандони пулиси Русия ҳадалимкон ҳазар мекунанд. Ҳолатҳои зӯроварии онҳо нисбат ба кормандони пулис ангуштшумор аст ва онҳо асосан дар сурати хеле ба ҷон расонданашон ба сари пулис мушт мебардоранд ё ба зарбаҳои онҳо ҷавоб медиҳанд.

Дар моҳи феврали соли 2022 матбуоти Русия  якбора аз ду мавриди ҳамлаи муҳоҷирон ба  пулис дар шаҳри Маскав хабар дода буд.

Аз ҷумла гузориш шуда буд, ки шоми 15 феврал як ҷавони 23-солаи зодаи Тоҷикистон бо иттиҳоми ҳамла ба ду корманди пулис дар ҷануби шаҳри Маскав хабар доданд.

“Ин ҳодиса шоми 15 феврал рӯё додааст. Яке аз гумонбаршавандагон, ғолибан зодаи Тоҷикистон, ҳангоми боздошташ дар кӯчаи Мединская бо корд ба кормандони пулис ҳамла кардааст. Ду нафар ҷароҳат бардоштаанд “, – хабар дода буд манбаи хабаргузории ТАСС. Кӯчаи Мединская дар минтақаи Бирюлёвои ғарбӣ ҷойгир шудаст.

Бино ба маълумоти шабакаи РЕН ТВ , кормандони пулис дар пайи ба дасташон расидани хабари занозании се нафар дар даромадгоҳи як бино ба кӯчаи Мединская омаданд. Ба пулис хабар додаанд, ки яке аз иштирокчиёни занозанӣ дар даст корд дорад.

 “Ҳангоми боздошт ин ҷавони мусаллаҳ бо корд ду корманди пулис аз ноҳияҳои дастонашон бо корд захмӣ кардааст. Дар пайи ин ба ҷои ҳодиса кормандони бештари пулис омадаанд. Ҳамлагар як ҷавони 23-солаи зодаи Тоҷикистон буда, дар Маскав ҷои зисти доимӣ надоштааст. Кормандони осебдидаи пулисро бо захмҳои даст дар бемористон бистарӣ кардаанд”, – хабар дод РЕН ТВ.

Ҳамин тавр, канали “Мэш” рӯзи 11 феврал хабар дод, ки ду корманди пулис дар ноҳияи Тсаритсино (Царицыно) дар ҷануби пойтахти Русия  аз ҷониби муҳоҷирон латтукӯб шудаанд.

“Сокинони биноҳои ҳамсоя ба пулис аз рафтори зодагон Осиёи Марказӣ шикоят кардаанд. Кормандони пулис ба ҷои ҳодиса омада,  ду ҷавони масти лояқилро диданд, ки дар майдончаи кӯдакон ба шаробнӯшӣ идома медоданд. Онҳо нишон додани ҳуҷҷатҳои худро рад карда, ҳангоми кӯшиши боздошташон муқовимат нишон додааанд ва кормандони пулисро дашном дода, латтукӯб кардаанд. Онҳо ҳатто тавонистаанд аз дасти як корманди пулис калтак (дубинка)-ашро  кашида бигиранд. Дар ин лаҳза корманди дуюми пулис силоҳашро берун кашида, таҳдид кардааст, ки тир мекушояд. Ба кормандони пулис муяссар шудааст, ки Нурлан ном ҷавони 28-солаи зодаи ҷумҳурии ҳамсояро дастгир кунанд, вале шарики ӯ тавонистаст фирор кунад”, –  хабар медиҳад “Мэш”.

Бино ба иттилои канали “Мэш”,  барои кормандони осебдида пулис “Ёрии таъҷилӣ”ро даъват кардаанд ва ҳардуро бо ҷароҳатҳои аз қисмати сар бардоштаашон бистарӣ кардаанд.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button