ВидеоМинтақа ва ҷаҳонСиёсат

ЭЪЛОНИ ИНТИХОБОТИ ПЕШ АЗ МУҲЛАТИ ПРЕЗИДЕНТ ДАР ҚАЗОҚИСТОН (ВИДЕО)

Президенти 69-солаи Қазоқистон Қосим-Жомарт Тоқаев, ки рӯзи 1 сентябри соли 2022 дар парлумон паёмаш ба мардумро ироа мекард, эълон кард, ки алакай тирамоҳи соли ҷорӣ дар ин кишвари аз лиҳози масоҳат ва захираҳои маъданҳояш бузургтарини Осиёи Марказӣ интихоботи ғайринавбатии президентӣ доир карда мешавад. Тоқаев гуфт, ки ӯ номзадиашро ба мақоми президентӣ пешбарӣ хоҳад кард.

 “Барои татбиқи бомуваффақияти ислоҳоти решаӣ ва фарогир барои бунёди Қазоқистони одилу шукуфо мандати боварии халқ лозим аст. Барои ман манфиатҳои давлат аз ҳама болост. Аз ин рӯ, ман тайёрам, ки замони салоҳиятҳои худро коҳиш дода, ба интихоботи ғайринавбатӣ биравам”, — гуфт дар паёмаш президенти кунунии Қазоқистон. Тоқаев соли 2019 ба ҷои Назарбоев президент шуд ва давраи кунунии панҷсолаи раёсаташ соли 2024 ба поён меравад. Як нафар, тибқи Қонуни асосии Қазоқистон, танҳо ба ду давраи президентӣ ҳақ дорад.

Аммо Тоқаев тавсия дод, ки давраи президентиро ҳафтсола кунанд, вале ба як нафар ҳаққи аз як бор зиёд пешбарӣ кардани номзадиашро надиҳанд. “Ин навоварии конститсионие, ки ман пешниҳод мекунам, хатари монополия кардани қудратро кам мекунад”,  — гуфт Тоқаев.

Вале мунтақидон мегӯянд, бо ду давраи панҷсолаи президентӣ маҳдуд будани ҳаққи як нафар дар гузашта монеъ нашуд, ки президенти қаблӣ Нурсултон Назарбоев бо истифода аз ҳар навъ ҳилаҳои ҳуқуқӣ ва бозӣ бо Қонуни асосӣ 30 сол дар қудрат бимонад.

Қосим-Жомарт Тоқаев дар паёмаш ҳамчунин ваъда дод, ки иштирокчиёни эътирозҳои хунин моҳи январи соли ҷориро афв хоҳад кард. Вале ӯ ташреҳ кард, ки сухан дар бораи он эътирозгарони оддие меравад, ки даст ба ягон ҷинояти сангин назадаанд.

 “Ин афв чеҳраҳои асосие, ки дар ташкили бетартибиҳо даст доштанд, ҳамчунин нафарони айбдор ба кӯшиши ғасби ҳукуматро фаро нахоҳад гирифт”, — изҳор дошт Тоқаев дар паёмаш.

Моҳи январи соли 2022 дар ҷараёни саркӯби бузургтарин эътирозҳо дар таърихи навини Қазоқистон беш аз 200 нафар кушта ва беш аз 10 ҳазор нафар дастгир шуданд.

Тоқаев соли 2019 ба ҷои Назарбоев ба курсии президентӣ расид ва то эътирозҳои аввали соли ҷорӣ нақши як президенти намоиширо иҷро мекард. Тамоми фишангҳои идораи давлат дар дасти Назарбоеви гӯё “нафақахӯр” ва аҳли оилаву атрофиёни ӯ боқӣ монда буд. Баъди эътирозҳои моҳи январ Тоқаев тавонист дасти дахолати Назарбоев ва одамони ӯро ба умури давлатдорӣ хеле кӯтоҳтар карда, бархе аъзои командаи президенти собиқро ҳатто ба зиндон андозад, то барои дигарон “дарси ибрат” шавад.

Моҳи июни соли ҷорӣ Тоқаев тавассути раъйпурсӣ аз матни Қонуни асосӣ  тамоми ишораҳо ба Назарбоевро бардошта, ӯро аз ҷумла аз ҳаққи дигарбора пешбарӣ кардани номзадиаш ба президент ва ба ин тартиб, аз имкони бозгашт ба раҳбарии давлат маҳрум кард.

Тоқаев ҳамон вақт гуфт, тавассути ин ислоҳот ягон қасди тамдиди замони раёсати худро надорад.

Қазоқистон наздики 20 миллион аҳолӣ дошта, бо 2,7 миллион километри мураббаъ масоҳаташ аз нигоҳи масоҳат дар дунё дар ҷои нӯҳум ва дар Осиёи Марказӣ  кишвари аз ҳама бузургмасоҳат ба шумор меравад. Қазоқистон ҳамчунин соҳиби захираҳои аз ҳама бузурги маъданҳои табиӣ, аз ҷумла нафту газ, дар минтақа буда, қудрати иқтисодии №1 дар Осиёи Марказӣ шумурда мешавад.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button