ВидеоМинтақа ва ҷаҳонФарҳангЧеҳраҳо

ФИЛМИ КОРГАРДОНИ ТОҶИК БА РӮЙХАТТИ 19 ШОҲКОРИ СИНАМОИ ҶАҲОНӢ РОҲ ЁФТ

Шоми 31 августи соли 2022 дар шаҳри Венетсияи Италия бо тақдими ҷоизаи “Шери тилло” барои саҳмаш дар рушди синамо ба ситораи синамои Фаронса Катрин Денёв ҷашнвораи 79-уми Венетсия, яке аз муътабартарин ҷашнвораҳои синамои ҷаҳонӣ, ба кори худ сар кард. Толор ин ҳунарпешаи 78-соларо рост истода, истиқбол кард.

Баъди ду соли пандемия, ки ин ҷашнвоар ба шакли хеле маҳдуд ва асосан онлайн доир мешуд, имсол барои иштирокчиён дигарбора қолини сурх густурданд ва мухлисон метавонистанд аз ситораҳои мақбули худ соядаст бигиранд, – хабар додааст хабарнигори ТАСС.

Ҷашнвораи Венетсия, ки расман Намоишгоҳи байналмилалии синамо ном дорад,  имсол 90-сола мешавад. Имсол дар озмуни асосии он 23 филм барои ба даст овардани “Шери тиллоӣ”, “Шери нуқрагун”, Шоҳҷоиза ва дигар ҷоизаҳои ин ҷашнвора вориди сабқат мешаванд ва номи ғолибон рӯзи 10 сентябр эълон хоҳад шуд.

Имсол бори аввал дар таърихи ин ҷашнвора дар Венетсия филми як режиссери тоҷик низ ба намоиш гузошта мешавад. Дар бахши “Классикаи Венетсия” баргузоркунандагон ва ҳакамони ҷашнвора 19 филми шоҳкори синамои ҷаҳониро барои намоиш интихоб кардаанд, ки дар байни онҳо филми “Братан”, маҳсули дасти коргардони зодаи Тоҷикистон Бахтиёр Худойназаров низ ҳаст.

“Братан”, ки соли 1991 ба навор гирифта шудааст, яке аз охирин филмҳои шоҳкори студияи “Тоҷикфилм” ва дар умум, аз охирин шоҳкорҳои синамои Шӯравӣ буд. “Братан” дар бахши “Классикаи Венетсия” дар баробари чунин филмҳои шуҳратёре, чун филмҳои амрикоии”Гузаргоҳ дар канйон” (соли тавлидаш 1946), “Гурбаи сиёҳ” (1934), «Кавалкада» (1933) ва «Стелла Даллас» (1925), филми фаронсавии сохти соли 1962 “Капрали асир”, филмҳои италиявии сохти соли 1962– “Марш ба сӯи Рум” ва “Иштиёқи беҳад”, шоҳкори коргардони дигари италиявӣ Пер Пазолини «Теорема» (1968), филми ҳиндии “Шатранҷбозон” («Шатранҷ ке хилари», 1977) роҳ ёфтааст.

Дар байни ин 19 шоҳкор “Братан” ва филми коргардони тайванӣ Эдвард Янг бо номи “Сардаргумии Конфутсий” (1994) танҳо ду филмеанд, ки баъди солҳои 90 сохта шудаанд. Аксари филмҳои дигари интихобшуда сохтаи солҳои 70, 60 ва давраҳои боз ҳам қадимтар, ҳатто аз даврони синамои сиёҳу сафед мебошанд.

Бахтиёр Худойназаров 29 майи соли 1965 дар Душанбе ба дунё омада, соли 1989 риштаи коргардонии ВГИК – Донишкадаи синамои Иттиҳоди Шӯравиро дар шаҳри Маскав хатм кардааст. Ӯ дастпарвари устохонаи Игор Таланкин буд. Алакай нахустин филмаш “Братан”, ки Бахтиёр онро соли 1991, вақте ҳаманӣ 26 сол дошт, ба навор гирифт, барои коргардони он вақт ҷавони тоҷик шуҳрати байналмилалӣ овард. Бахтиёр Худойназаров дар умри кӯтоҳи худ боз чандин филми мондагон эҷод кард: “Қош-ба-қош” (1994),  “Падари маҳтобӣ” (1999), “Шик” (2003), “Киштии “Танго” (2006), “Дар интизори баҳр” (2012). Охирин филми ӯ сериали “Маъшуқаҳои майор Соколов” (2014) буд. Бахтиёр Худойназаров 21 апрели соли 2015, ҳамагӣ 40 рӯз пеш аз ҷашни 50-солагиаш дар Берлин бар асари бемории саратони ҷигар аз олам чашм пӯшид.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button