ВидеоТоҷикистонҲуқуқи инсон

“БО ОППОЗИТСИЯ ҲАМКОРӢ МЕКАРД…” БОЗДОШТИ ЯК БЛОГЕР ДАР НОРАК БАЪДИ НАШРИ ВИДЕОҲОИ ТАНҚИДӢ

Муассиси саҳифаи “ВИП Ҷавонони Норак” (vip.javononi.norak) дар шабакаи Инстаграм аз ҷониби мақомоти милитсия бо иттиҳоми ҳамкорӣ бо сомонаҳои  марбут ба созмони дар Тоҷикистон мамнӯи Паймони миллии Тоҷикистон, як эътилофи нирӯҳои оппозитсияи тоҷик боздошт шудааст.

Дар ин бора рӯзи 1 сентябри соли 2022 Радиои Озодӣ бо такя ба  нашрияи расмии вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон хабар дод. Бино ба иттилои Озодӣ, дар саҳифаи “ВИП Ҷавонони Норак” дар Инстаграм мансабдорони Норак танқид шуда, аз камбудиҳои мавҷуда дар пойтахти энергетикии Тоҷикистон, ки дар 75-километрии ҷанубушарқи Душанбе ҷойгир шудааст, наворҳо пахш мешуд. Ҳоло чунин видеоҳои танқидӣ аз ин канал пурра пок карда шудаанд.

Мақомот номи соҳиби ин канали интиқодиро зикр накарда, танҳо гуфтаанд,  ки ӯ як сокини шаҳри Норак буда, бо сомонаҳои марбут ба созмони дар Тоҷикистон мамнӯи Паймони миллӣ, созмони иборат аз мухолифони тоҷик, ҳамкорӣ мекардааст.

Саидаҳрор Мирзозода, сардори шуъбаи корҳои дохилии  шаҳри Норак, дар нашрияи расмии Вазорати корҳои дохилӣ гуфтааст, ин сокини Норакро замоне боздошт карданд, ки “аз як иншооти шаҳр дар саҳифааш навор пахш кард”. Маълум мешавад, ки ӯ ҳангоми наворбардорӣ аз он иншоот ба дурбинҳои камераҳои мушоҳидавӣ афтодааст.

Ба гуфтаи Саидаҳрор Мирзозода, дар ҷараёни тафтиш кормандони милитсия аз телефони ин блогер наворҳои қаблан гӯё ба сомонаҳои мухолифон фиристодаашро ҳам пайдо кардаанд.

Тафтиши ин иддао тавассути манобеи дигар мушкил ба назар мерасад. Худи блогери дастгиршуда ваё наздикону вакилони ӯ барои шарҳи қазия дастрас нестанд.  

Масъулони Паймони миллӣ ҳанӯз иддаои бо сомонаҳои ин эътилофи оппозитсионӣ ҳамкорӣ доштани ин сокини Норакро шарҳ надодаанд. Паймони миллӣ (роҳбараш Муҳиддин Кабирӣ) соли 2018 дар Варшава таъсис ёфта, 4 гуруҳи мухолифини тоҷик: Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон, Анҷумани озодандешони тоҷик, Ҷунбиши ислоҳот ва рушди Тоҷикистон ва Анҷумани муҳоҷирони Осиё Марказӣ дар Аврупоро муттаҳид мекунад. Алакай соли 2019, ҳамагӣ баъди як соли фаъолияташ  Додгоҳи олии Тоҷикистон бар асоси дархости Додситонии кулли ин кишвар фаъолияти Паймони миллиро дар ҷумҳурӣ манъ кард.

Дар чанд моҳи охир дар Тоҷикистон чандин журналисту блогер бо иттиҳоми “ҳамкорӣ бо оппозитсия” ба ҳабс гирифта шуданд. Намунаҳои аз ҳама барҷаста 4 журналисту блогери шинохта – Абдусаттор Пирмуҳаммадзода, Далери Имомалӣ, Абдуллоҳи Ғурбатӣ ва Завқибек Саидаминӣ – мебошанд, ки  дар баробари иттиҳомоти дигар ба “ҳамкорӣ бо созмонҳои мамнӯъ” низ айбдор мешаванд. Ин “созмонҳои мамнӯъ” ҳар навъ иддаои бо онҳо ҳамкорӣ доштани ин 4 журналистро рад карда, мегуфтанд, мақомоти Тоҷикистон аз ин иттиҳомоти бардурӯғ барои саркӯби матбуоти озод ва журналистони мустақил сӯиистифода мекунад.

Ҳамин тавр, дар моҳҳои охир аз Тоҷикистон дар бораи боздошти даҳҳо нафар дар гӯшаҳои гуногуни ин кишвар барои ирсоли наворҳо, тамосҳои телефонӣ бо сомонаҳои мухолифин ва ҳатто барои лайк гузоштан ё шарҳ навиштан дар зери видеоҳои онҳо хабарҳо ба даст мерасанд. Ба гуфтаи манобеи огоҳ, мақомот аз ҳама бештар, онҳоеро “шикор мекунанд, ки видеоҳои сомонаи “Ислоҳ ТВ”, яке аз аз каналҳои аз ҳама пуртамошобини мухолифинро тамошо мекунанд. Дар соли ҷорӣ  алакай чанд нафарро дар Тоҷикистон бо ҷурми тамошо кардани барномаҳои “Ислоҳ ТВ” ва тамос бо идораи ин нашрияи оппозитсионӣ ҳатто маҳкум ба зиндон ҳам карданд.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button