ВидеоХабарҳои кӯтоҳ

ТАҲҚИРУ ОЗОРИ ҶАВОНЗАН БОЗ ЯК ҶАВОНРО ПУШТИ ПАНҶАРА БУРД

Маркази матбуоти РВКД пойтахти Тоҷикистон  рӯзи 30 августи соли 2022 хабар дод, ки бар асоси муроҷиати як ҷавонзан як сокини 19-солаи Душанберо барои дашному таҳқири ин зан ба 15 шабонарӯз ҳабси маъмурӣ маҳкум кардаанд.

Бино ба иттилои милитсия, дар асоси муроҷиати электронии як нафар ҷавонзани сокини шаҳри Душанбе аз ҷониби кормандони мақомоти милитсияи пойтахт, шаҳрванд Давлатшозода Амир, санаи таваллудаш 27.11.2002, истиқоматкунандаи шаҳри Душанбе барои вайрон намудани тартиботи ҷамъиятӣ дастгир карда шуд.


 “Зимни санҷиш муайян гардид, ки Давлатшозода Амир ҳангоми дар суроғаи ноҳияи Сино, кӯчаи Б.Ғафуров қарор доштан, нисбат ба ҷавонзани муроҷиаткунанда бо алфози қабеҳ шаъну шарафи ӯро дар назди атрофиён паст задааст. Алфози қабеҳ ва амалу рафтори зиддиахлоқии номбурда, ки дар наворҳо сабт гардидаанд, пурра исботи худро ёфтаанд. Вобаста ба ин, нисбати Давлатшозода Амир тибқи талаботи моддаи 460 (майдаавбошӣ) Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон протокол тартиб дода шуда, дар асоси қарори додгоҳи ноҳияи Сино нисбаташ ҷазо дар намуди ҳабси маъмурӣ ба муҳлати 15-шабонарӯз татбиқ карда шуд”, – гуфта мешавад дар иттилоияи милитсияи Душанбе.

 Вақтҳои охир мавридҳои бар асоси шикоятҳои занону духтарон барои “гаппартоӣ” ва дигар шаклҳои бадрафторию озори онҳо ба ҳабс кашондани ҷавонон дар Душанбе зиёд шудааст. Милитсияи пойтахт тақрибан ҳар моҳ аз боздошту ҳабси чанд ҷавон бар асоси шикоятҳои занону духтарон хабар медиҳад.

Аз ҷумла ду ҳафта пеш милитсияи шаҳри Душанбе хабар дод, ки Соибов Фирдавс ном як ҷавони 23-соларо барои суханони қабеҳ ва “ишораҳои ғайриахлоқӣ” нисбат ба як духтари ҷавон дар  назди маркази савдои «Садбарг» ба ҳабси маъмурӣ ба муҳлати 5 шабонарӯз маҳкум карданд.

Дар поёни моҳи июл як ронандаи таксии 1111 барои бо алфози қабеҳ таҳқир кардани як ҷавонзан аз кӯчаи Ҳувайдуллоев ба 10 шабонарӯз ҳабси маъмурӣ маҳкум карда шуд.

Ҳафтае пеш хабар омад, ки Мирамбахшов Дӯстмуҳаммад, истиқоматкунандаи ноҳияи Ҷ.Балхӣ,  ронандаи такси дар ширкати ҶДММ «Талко Персия»  барои таҳқири як зани мусофир ба маблағи 448 сомонӣ ҷарима баста шуд.

Бино ба гузориши маркази матбуоти милитсияи Душанбе, “зимни санҷиш муайян гардид, ки Дӯстмуҳаммад Мирамбахшов зимни фаъолияти корӣ нисбати мусофирзани муроҷиаткунанда дағалрафторӣ намуда, бо алфози қабеҳ шаъну шарафи ӯро паст задааст. Ҳамзамон, кирдори зиддиҳуқуқии содирнамудаи номбурда, дар аксу наворҳои ба мақомоти милитсия ирсол намудаи шаҳрванд, пурра исботи худро ёфтанд”. Ҳамин тавр, дар аввали моҳи май як ҷавони 23-сола аз ноҳияи Рӯдакиро барои бадрафторӣ нисбат ба як духтари ҷавон дар рӯзи иди Фитр ба 10 рӯзи ҳабси маъмурӣ маҳкум карданд. Гуфта мешуд, ки ин ҷавон бо мошини ВАЗ-21010 ҳангоми ҳаракат дар роҳ бетартибӣ намуда, нисбат ба як духтари ҷавони роҳгузар беэҳтиромӣ нишон додааст. Бино ба иттилои нашршуда, ронанда ба қисмати қафои бадани духтар бо шаппотӣ зада, ӯро мавриди масхара қарор додааcт.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button