ВидеоМуҳоҷирон

ЯК МАРДИ ТОҶИК ДАР ПЕТЕРБУРГ ЗАНАШРО ЧАНД КОРД ЗАДА, 10 ҚАБУРҒААШРО ШИКАСТААСТ

Рӯзи 29 августи соли 2022 як муноқишаи оилавӣ дар хонаводаи зодагони Тоҷикистон дар як манзили иҷора дар хиёбони Металлистҳо, 38 дар қисмати шимолушарқии шаҳри Санкт-Петербурги Русия бо оқибатҳои мудҳиш анҷом ёфтааст.  Нашрияи маҳаллии Мойка78 хабар дод, ки дар ҷараёни муноқиша шавҳари бадҷаҳл ба бадани ҳамсараш чандин зарбаи корд зада, 10 қабурғаи ӯро зада шикастааст. Дар ин бора ба пулис бародари ҷабрдида  занг зада, хабар додааст.

Марди бадҷаҳл 36 ва ҳамсараш 33 сол доштаанд. Сабаби чунин муноқишаи хунин дар ин оилаи муҳоҷирони тоҷик ҳанӯз маълум нест.

Марди бадҷаҳлро кормандони пулис дастгир кардаанд. Ҳоло масъалаи кушодани парвандаи ҷиноятӣ ба зидди ӯ бо иттиҳоми расондани осеби вазнин ба саломатӣ дар дасти баррасӣ қарор дорад. Бар асоси моддаи 111 Кодекси ҷиноятии Русия ба ин мард барои қасдан расондани осеби вазнин ба саломатии ҳамсараш ҳамчун ҷазо то 10 соли зиндон таҳдид мекунад.

Табибон вазъи ҷабрдидаро миёнаи вазнин арзёбӣ мекунанд. Ташхиси тиббӣ дар натиҷаи латтукӯби шавҳар шикастани 10 қабурғаи ин занро тасдиқ кардааст. Ҳамчунин табибон дар бадани ин зан захмҳои зиёди кордро муайян ва ташхис кардаанд.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button