ВидеоДин ва боварҳоНуқтаи назарТоҷикистон

ХУДРО РОҲБАРИ ОЯНДАИ ТОҶИКИСТОН МЕДИД: АБДУСАЛОМ ОДИНАЗОДА ДАР АВСТРАЛИЯ БА СЕЮНИМ СОЛИ ЗИНДОН МАҲКУМ ШУД

Додгоҳи Австралия рӯзи 26 августи соли 2022 собиқ корманди илмии Донишгоҳи Австралияи ғарбӣ (UWA), олими биохимики 54-сола аз Тоҷикистон Абдусалом Одиназодаро бо ҷурми таблиғи терроризм дар видеоҳои дар Ютуб нашркардааш ба сеюним соли зиндон маҳкум кард. Вале, менависад манбаи ин хабар,  нашрияи австралиягии ABC News , Одиназода бо назардошти як соли 8 моҳе, ки аз замони боздошташ дар моҳи декабри соли 2020 дар маҳбас қарор дорад, метавонад алакай як сол пас, моҳи августи соли 2023 пеш аз муҳлат ба озодӣ барояд. Бар асоси маводи парвандааш, Одиназода дар видеоҳояш аз тамошобинон даъват мекард, ки ба даст силоҳ гирифта, ошӯб бардоранд ва ҳукумати кунунии Тоҷикистонро сарнагун сохта, кишварро аз таъсири “кофирон”, ба мисли Русия ва Хитой наҷот дода, дар Тоҷикистон хилофати исломӣ барпо кунанд. Дар додгоҳ гуфтанд, ки Одиназода худро ба таври ҷиддӣ роҳбари ояндаи Тоҷикистон медид. Худи ӯ дар додгоҳ шикоят кардааст, ки дар зиндон мавриди табъизу таҳдид, аз ҷумла аз ҷониби нажодпарастони тарафдори бартарии ирқи сафед қарор гирифтааст.

Муаллифи гузориш аз додгоҳи Одиназода Ребекка Тёрнер ( Rebecca Turner)  ӯро “роҳбари сиёсии худхондаи ояндаи Тоҷикистон” номида, менависад, ӯ барои он видеоҳояш дар Ютуб, ки хушунат ва маргталабиро ҳамчун “амали шоиста” сафед мекард, ба сеюним соли зиндон маҳкум шуд.

Додрас Трой Суини  (Troy Sweeney ) гуфтааст, рафтори Одиназода ба азми Австралия ба самти “ҳусни таҳаммул, гуногунфарҳангӣ ва озодии баён” таҳдид эҷод мекунад.  Хонум Суини афзудааст, ки Одиназода, албатта, ҳаққи баёни ақидаи худро дошт, вале ӯ аз ин ҳақ барои баёни ақидаҳои ифротӣ, ки метавонистанд мардумро ба анҷоми амалҳои хушунатомез ва тундгароӣ таҳрик диҳанд, сӯиистифода кардааст.

“Таҳмили чунин ақидаҳо комилан орӣ аз масъулият ва хатарнок аст “, – гуфтааст додрас.

Дар додгоҳ гуфтаанд, ки Одиназода аз моҳи январи соли 2019 то боздошташ дар декабри соли 2020 дар каналаш дар Ютуб видеоҳоеро нашр кардааст, ки дар онҳо аз мусалмонон дахват мекард, то ҳукумати Тоҷикистонро сарнагун карда, ба ҷои он хилофат барпо кунанд. Ӯ бисёр вақт мегуфтааст, ки фаъолиятҳои Толибон дар Афғонистон ва ДОИШ дар Сурия ӯро ба ваҷд меоранд.

Видеоҳои Одиназодаро дар умум 1 миллиону 600 ҳазор маротиба тамошо кардаанд. 78 фоизи тамошобинони ӯ дар Русия ва ҳудуди 12 дарсадаш аз Тоҷикистон будаанд ва дар худи Австралия видеоҳои ӯ ҳамагӣ 10 ҳазор тамошобин ҷамъ оварда будаанд.

Ребекка Тёрнер бо такя ба маводи парванда менависад, ки Одиназода дар бисёре аз видеоҳояш аз тамошобинони худ даъват мекард, ки силоҳ ба даст оварда, гуруҳҳо мусаллаҳ ташкил диҳанд ва ба зидди ҳукумат ошӯб бардошта, Тоҷикистонро аз таъсири “кофирон”, ба мисли Русия ва Хитой озод карда, дар кишвар хилофати исломӣ барпо кунанд. Аз ҷумла дар видеое бо номи “Ҳамлаи муҷоҳиддин”, ки моҳи январи соли 2019 дар Ютуб гузоштааст, ӯ аз муҷозидин даъват мекунад, ки ҳукуматро дар деҳоти Тоҷикистон ба дасти худ гирифта, дар зеҳнҳо тухми тарс бикорранд. “Бояд кори амалӣ шурӯъ шавад, бояд ҷиҳод сар шавад, муҷоҳидин бояд ба ҳамла гузаранд “, – гуфтааст ӯ. Дар видеои дигараш Одиназода мегӯяд, ки набояд аз марг ва шаҳодат дар “роҳи хайр” тарсид. “Мо набояд аз мурдан битарсем”, – таъкид кардааст Одиназода.

Кофтукоби мошини Одиназода аз сӯи пулиси Австралия дар моҳи апрели соли 2020

 Моҳи апрели соли  2020 гуруҳи муштараки зиддитеррор, иборат аз намояндагони пулиси федералии Австралия, созмони амният ва ҷосусии ин кишвар ва пулиси аёлати Вашингтон, хонаву мошини Одиназодаро кофтукоб карда, телефон, ноутбук ва диски компутари ӯро гирифтанд.

Ҳангоми пурсуҷӯ  ба кормандони пулис гуфт, ки “дар пеш хунрезӣ аст ва ӯ онҳоро даъват мекунад”. Вале дар айни замон, Одиназода розӣ шудааст, ки каналаро дар Ютуб бубандад.

Аммо ҳамагӣ 6 ҳафта баъди ин, Одиназода каналашро аз нав кушода, ба нашри видеоҳои нав пардохт. Ӯ акнун ба тамошобинонаш мегуфт, ки ба хотири ҷилавгирӣ аз баста шудани каналҳояш ва ҳабси худ  дар баёни фикру назари худ эҳтиёт мекунад.

Бино ба гузориши Ребекка Тёрнер, дар додгоҳ гуфтаанд, ки Одиназода як нафари оқилу босавод буд ва ба таври ҷиддӣ худро роҳбари ояндаи сиёсии Тоҷикистон медид.

Одиназода соли 2006 ба Австралия кӯчида, баъдан шаҳрвандии инҷоро ба даст овардааст.

Қаблан ба зидди Одиназода 18 айби марбут ба терроризм эълон карда буданд, вале дар аввали моҳи август ӯ ба муомила бо тафтишот розӣ шуда, як айби марбут ба таблиғи терроризм дар ҳамаи 15 видеои дар каналаш нашршударо ба гардан гирифтааст.

Одиназода 22 декабри соли 2020 дар манзилаш дар шаҳри Перт, маркази аёлати Австралияи ғарбӣ дастгир шуд.

Абдусалом Одиназода, зодаи деҳаи Сурхи Исфара, чандин сол дар Австралия машғули корҳои илмӣ дар риштаи биохимия буд. Ӯ соли 2015 ба Тоҷикистон баргашт ва дар Донишгоҳи тиббӣ дарс медод. Вале дар поёни соли 2016 дубора Тоҷикистонро тарк кард ва ба Австралия баргашт. Одиназода дар видеоҳояш мавқеи тунд дошт, аз гуруҳҳои ифротиву террористӣ пуштибонӣ мекард ва ба роҳбарони оппозитсияи тоҷик низ ҳамла мекард.  Ӯ ҳамин тавр, дар чанд видеои ахираш ба исмоилиҳои муқими Тоҷикистон ҳамла карда буд.

Ба зидди Одиназода дар Тоҷикистон бо иттиҳомоти ифротгароӣ парвандаи ҷиноятӣ кушода буданд, вале баъди онки ӯ ба танқиди роҳбарони ҳизби оппозитсионии дар Тоҷикистон мамнӯи наҳзати исломӣ (ҲНИТ) пардохт, троллҳои тарафдори ҳукумат аз “фабрикаи ҷавоб” ба ситоиши Одиназода сар карданд, ки “ақлаш даромадааст” ва “хатои худро фаҳмидааст”.

Худи Одиназода дар чанд видеои қабл аз боздошташ роҳбарони оппозитсияро айбдор мекард, ки ба мақомоти Австралия аз вай шикоят кардаанд.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button