ВидеоИқтисодМуҳоҷирон

АВВАЛИН ҚАТОРИ РОҲИ ОҲАН АЗ ДУШАНБЕ РОҲИИ РУСИЯ ШУД (2 ВИДЕО)

Рӯзи 27 августи соли 2022, баъди якуним соли танаффус аввалин қатори роҳи оҳан аз шаҳри Душанбе ба қасди шаҳри Волгогради Русия ба роҳ баромад.

Иртиботи қаторҳои мусофиркаш байни Русияву Тоҷикистон, ки моҳи марти соли 2020 ба далели пандемияи коронавирус қатъ шуда буд,  рӯзи 16 августи соли 2022 бо ҳаракати нахустин қатор дар хатсайри Кӯлоб Волгоград барқарор карда буд. Хатсайри Душанбе Волгоград инак хатсайри дуюм байни Тоҷикистону Русия аст ва қарор аст, аз 7 сентябр равуои қаторҳо байни Хуҷанду Волгоград низ ба роҳ монда шавад.

Фосилаи байни Душанбею Волгоград беш аз 3100 километрро ташкил медиҳад. Сафар бо қатор то Волгоград аз Тоҷикистон дуюним шабонарӯзро дар бар мегирад. Нархи чиптаи сафар дар хатсайри Душанбе Волгоград барои вагонҳои платскарт 1434 сомонӣ ва барои купе 1856 сомонӣ муқаррар шудааст. Ҳама чиптаҳо ба ин қатор, ки аз 12 вагон бо беш аз 600 ҷои нишаст ва вагони ресторан иборат аст, алакай як ҳафта пеш фурӯхта шуданд.

Тибқи ҷадвали сафарҳо, қаторҳои мусофиркаш аз Кӯлоб ҳар рӯзи сешанбе ба роҳ баромада, рӯзи ҷумъа ба истгоҳи Волгоград-1 мерасанд ва рӯзҳои ҷумъа аз Волгоград ба роҳ баромада, рӯзҳои душанбе ба Кӯлоб бармегарданд. Қаторҳо аз Душанбе рӯзҳои ҷумъа ба роҳ баромада, аз Волгоград рӯзҳои сешанбе бармегарданд. Қаторҳо аз Хуҷанд рӯзҳои чоршанбе ба роҳ баромада, рӯзҳои шанбе аз Волгоград бармегарданд.

Ёдовар мешавем, Русия ҳаракати қаторҳои мусофиркаш бо Тоҷикистонро моҳи марти соли 2020, ба далели пандемияи коронавирус манъ карда буд. Ҳаракати ҳавопаймоҳо байни ду кишвар алакай аз 1 апрели соли 2021 аз сар гирифта шуд, вале барқарор кардани ҳаракати қаторҳои мусофиркаш якуним сол тӯл кашид.

Нархи парвоз ба Русия бо ҳавопаймоҳо тақрибан аз 4 ҳазор сомонӣ шурӯъ шуда, то ҳадди 7 ҳазор сомонӣ мерасад. Нархи сафар бо қатори роҳи оҳан барои муҳоҷирони корӣ арзонтар аст, вале онҳо барои расондани худ аз Волгоград то дигар минтақаҳои Русия маҷбур мешаванд, аз қатору ҳавопаймоҳои дохилии Русия низ истифода кунанд. Барои мисол, аз Волгоград то Маскав тақрибан 1000 километр, то Екатеринбургу Санкт Петербург, ду масири дигари умдаи сафари муҳоҷирони тоҷик, ҳудуди 1700 то 1750 километр роҳ аст.

Бино ба охирин омори нашршудаи ҷониби Русия, дар нимаи аввали соли ҷорӣ 952 ҳазор нафар аз зодагони Тоҷикистон бо мақсади кор ба Русия омада, дар ниҳодҳои муҳоҷирати ин кишвар худро ҳамчун муҳоҷири корӣ сабти ном кардаанд. Вале мақомоти Тоҷикистон мегӯянд, дар нимаи аввали сол  ҳамагӣ 322 ҳазор нафар аз шаҳрвандони тоҷик барои кор ба хориҷ рафтаанд.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button