ВидеоДин ва боварҳоМинтақа ва ҷаҳон

ПРЕЗИДЕНТИ ӮЗБЕКИСТОН ШАВКАТ МИРЗИЁЕВ ҲАҶҶИ УМРА РАФТ ВА ҲОҶӢ ШУД (ВИДЕО+15 АКС)

Президенти Ӯбекистон Шавкат Мирзиёев рӯзи 19 августи соли 2022 сафари дурӯзааш ба Арабистони Саудиро ба поён расонда, ба Тошканд баргашт. Шавкат Мирзиёев дар рӯзи дуюми сафари давлатиаш аз шаҳри муқаддаси Макка зиёрат кард ва маносики Ҳаҷҷи умраро иҷро карда, сазовори унвони Ҳоҷӣ шуд. Дар видеоҳо аз ҷараёни Ҳаҷҷи Мирзиёев нашршуда дида мешавад, ки ӯро дар ин зиёратҳо муфтии Ӯзбекистон Нуриддин Холиқназаров ҳамроҳӣ ва роҳнамоӣ мекунад.

Бино ба гузориши хадамоти матбуоти президенти Ӯзбекистон, Шавкат Мирзиёев ба тан эҳром пӯшида, намози талбияро хонд ва эҳром дар тан вориди масҷиди Ҳарам шуд. Ҳамин тавр, ба хотири Шавкат Мирзиёев дарҳои Қаъбаро кушоданд.

“Ба президенти кишвари мо ифтихори бузургро фароҳам оварданд, ки вориди Қаъба муқаддас шавад. Орзуе, ки ҳар мусалмон дар сар мепарварад. Ӯ дар дохили Қаъба намоз хонд”, – гуфта мешавад дар гузориши хадамоти матбуоти президенти Ӯзбекистон.


Шавкат Мирзиёев ҳамин тавр, 7 дафъа гирди Қаъба гашта, тавоф кард ва ҳамчунин 7 маротиба байни теппаҳои Сафову Марво роҳ паймудааст.

Хадамоти матбуоташ мегӯяд, Шавкат Мирзиёев ва дигар аъзои ҳайъати Ӯзбекистон ва луамои дин дар Макка бо талаби шукуфоии Ӯзбекистон ва хушбахтиву некӯаҳволии мардум даст ба дуо кушодаанд.

Ин нахустин сафари расмии раҳбари Ӯзбекистон ба Арабистони Саудӣ дар 30 соли охир буд.

Раисиҷумҳури қаблии ин кишвар Ислом Каримов дар оғози раёсаташ дар соли 1992 аз Макка зиёрат карда, Ҳаҷҷи умраро иҷро карда буд, вале азбаски дину масоили онро чандон хуш надошт, ба фарқ аз дигар роҳбарони кишварҳои Осиёи Марказӣ дигар ягон бор ба Саудӣ нарафт.

Шавкат Мирзиёев алакай сеюмин президент аз Осиёи Марказӣ аст, ки дар тобистони соли ҷорӣ сафари Ҳаҷ карданд. Сардор Бердимуҳаммадов, ки ҳамагӣ 40 сол дошта, ҷавонтарин роҳбари кишвар дар минтақа аст ва тоза моҳи марти соли 2022 ба ҷои падараш ба курсии президенти Туркманистон нишаст, моҳи июн  аз Макка зиёрат ва Ҳаҷҷи умра кард. Моҳи июл президенти Қазоқистон Қосим -Жомарт Тоқаев низ бо зиёрати Макка маносики Ҳаҷҷи умраро адо кард.

Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон алакай чанд дафъа Ҳаҷҷи умра кардааст. Бори охир ӯ моҳи январи соли 2016 ҳамроҳи шумори бузурге аз аъзои оилаи калонаш ва бархе аъзои ҳукумат аз Макка зиёрат карда буд.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button