ВидеоМуҳоҷирон

ҲУКМИ ЗИНДОНИ 4 ТОҶИК БАРОИ РОҲЗАНӢ ДАР ДУБАЙ, ДУ ТОҶИКИ ДИГАРРО ҶУСТУҶӮ ДОРАНД

Додгоҳи таҷдиди назари шаҳри Дубайи Имороти Муттаҳидаи Араб рӯзи 17 августи соли 2022  5-солӣ ҳукми зиндони 4 зодаи Тоҷикистонро ба қувваи худ бетағйир боқӣ гузошт. Ин 4 нафар аз гуруҳи шашнафарие буданд, ки шаби Соли нав ба як манзил дар маҳаллаи Ал –Баршаи Дубай ҳамла карда, аз онҷо ба маблағи 1,1 миллион дирҳам (тақрибан 300 ҳазор доллар) пулу моли соҳибони хонаро ба яғмо бурданд. Қаблан як додгоҳ дар Дубай ин 4 нафарро 5-солӣ ҳукми зиндон дода, ба маблағи 1,1 миллион дирҳам, яъне баробари ҳаҷми пулу моли ғораткардаашон ҷарима баст. Бо ҳукми додгоҳ, баъди адои ин ҳукм онҳоро бояд аз Иморот ихроҷ кунанд.

Нашрияи англисизабони Тhenationalnews рӯзи 20 август бо такя ба маводи ин парвандаи пурсарусадо хабар дод, ки 6 шаҳрванди Тоҷикистон, синнашон аз 25 то 36,  дар арафаи Соли нав ба Дубай омада, тақрибан соати сеи шаби  1 январи соли 2022 дар рӯ ниқоб ва  дар даст болғаву корд ба як манзил дар маҳаллаи Ал-Барша ҳамла оварда, дасту по ва даҳони соҳибони хонаро, ки он соат масти хоб будаанд,  бо скотч бастанд ва сипас ба кофтукоби хона пардохта, аз онҷо дар умум 450 ҳазор дирҳам пули нақд (баробари 120 ҳазор доллар), ду соати дастии арзишашон 340 ҳазор дирҳам (наздики 90 ҳазор доллар) ва як ангуштарин бо бриллианти арзишаш 400 ҳазор дирҳам (наздики 110 ҳазор доллар)-ро ба яғмо бурдаанд.

Чор узви ин бандаи гангстерҳои тоҷикро дар байни 24 соат дар Иморот дастгир карданд, вале ба ду нафари онҳо муяссар шудааст, ки тарки кишвар кунанд. Онҳо таҳти ҷустуҷӯ қарор дода шудаанд.

Пулиси Дубай гуфт, гумонбаршавандаи аввалро дар маҳаллаи Доира, тақрибан 35 километр дуртар аз Ал-Барша дастгир карданд ва се тани дигарро вақте дастгир карданд, ки мехостанд аз Иморот фирор кунанд. Ба пулис муяссар шудааст, ки як қисми пули моли дуздидаи онҳоро пайдо карда, ба соҳибонаш баргардонад.

Пулис гуфт, дастгиршудагон дар ҷараёни тафтишот ба гуноҳи худ иқрор карда, баёнот додаанд, ки аз сари девор вориди ҳавлӣ шуда, аз тариқи тирезаи ҳуҷраи хидматгорон вориди вилла шудаанд.

Ин нахустин мавриди маҳкум ба зиндон шудани зодагони Тоҷикистон дар Дубай нест. Дар ҳафтаи ҷорӣ додгоҳи Дубай се шаҳрванди Тоҷикистон, синнашон аз 18 то 35-ро бо ҷурми одамрабоӣ шашмоҳӣ маҳкум ба зиндон кард. Гуфта мешуд, ки онҳо бо фармони як зани зодаи Хитой як марди хитоиро дуздидаанд.

Дар солҳои охир садҳо тан аз зодагони Тоҷикистон ба ҷустуҷӯи кор ба Дубай ва дигар шаҳру аморатҳои Имороти Муттаҳидаи Араб ҳиҷрат кардаанд.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button