ВидеоХабарҳои кӯтоҳ

ТО 21 АВГУСТ ДАР КӮҲИСТОНИ ТОҶИКИСТОН ХАТАРИ ОМАДАНИ СЕЛ ЗИЁД АСТ

Кумитаи ҳолатҳои фавқулоддаи Тоҷикистон бо такя ба пешбиниҳои Агентии ҳавошиносӣ хабар медиҳад, ки то 21-уми августи соли 2022 дар ноҳияҳои кӯҳӣ ва наздикӯҳии кишвар, ба истиснои қисмати шарқии ВМКБ, хатари омадани селҳо бар асари об шудани пиряхҳо баланд боқӣ мемонад.

Дар ин иртибот Кумита аз аҳолӣ  хостасст, ки эҳтиёткор бошанд. Барои пешгирӣ аз ҳар гуна хатари эҳтимолӣ селроҳаҳо, ҷӯйборҳо, каналҳоро аз хасу хасрӯбаҳо пок намоянд. Кумита хоҳиш мекунад аз рӯи эҳтиёт дар чунин рӯзҳо аз рафтан ба доманакӯҳҳо барои ғунучини ҳезум, алафдарав, моҳидорӣ ба соҳили рӯдхонаҳо, чорвочаронӣ дар саҳроҳо худдорӣ намоянд.

Ба кӯҳнавардон, гардишгарон ва ронандагон тавсия дода мешавад, ки ҳангоми сафар дар роҳу пайроҳаҳои кӯҳӣ эҳтиёт кунанд, бахусус ронандагон ҷиддан қоидаҳои бехатариро риоя намоянд.

Кумита ҳамчунин ёдовар мешавад, ки дар сурати рух додани ин ё он ҳодисаи фавқулода сокинон  ва меҳмонони кишвар метавонанд бо телефонҳои “112” ва ё 93 880 28, 223 13 11, ки ба сурати шабонарӯзӣ фаъоланд, муроҷиат намоянд.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button