Номаҳо ба президентТоҷикистон

НОМБАНОМ: 15 ТАҒЙИРОТИ КАДРӢ ДАР ДОДГОҲҲО ВА ТАЪЙИНИ ДУ МУОВИНИ НАВ ДАР ҚӮШУНҲОИ МАРЗБОНӢ (24 AKC)

Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон  рӯзи 19 август дар мақомоти додгоҳу додситон ва сохторҳои қудратии кишвар  як силсила тағйироти кадрӣ ба амал овард.  Хадамоти матбуоти президент гуфт, дар ин сохтмонҳо ба вазифаҳои баланду калидӣ “кормандони ҷавону ботаҷриба ва корозмуда” таъйин шуданд.

Рӯзи 19 август бо қарори ҳукумат  Билолзода Фарҳод бидуни эълони сабаби барканориаш аз вазифаи муовини вазири саноат ва технологияҳои нав озод карда шуда, бо фармони президент Мирзозода Сафаралӣ Раҳим бо сабаби “ба кори дигар гузаштан” аз вазифаи муовини фармондеҳи Қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон озод  гардид. Дар бораи ба чӣ “кори дигар” гузаштани Сафаралӣ Мирзозода иттилое дода нашудааст, вале билофосила рӯзи 19 август бо фармонҳои президент  Назарзода Турабек Камол муовини фармондеҳи Қӯшунҳои сарҳадӣ оид ба корҳои сиёсию тарбиявӣ ва Назирзода Сафаралӣ муовини фармондеҳи Қӯшунҳои сарҳадӣ оид ба ақибгоҳ таъин карда шуданд.

Додситонии кулли Тоҷикистон дар бораи тағйироти кадрии дар сохторҳои он суратгирифта маълумоте надодааст, вале тавре аз фармони президент бармеояд, дар сохторҳои додгоҳии Тоҷикистон рӯзи 19 август якбора 15 таъйиноти ҷадид, аксаран ба тариқи ротатсия сурат гирифтааст:

1. Каримӣ Акбаралӣ Раҷаб аз вазифаи судяи суди ноҳияи Мурғоби Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон озод гардида, раиси суди ноҳияи Мурғоб таъин шуд.
2. Бегмуродзода Исломиддин Бегмурод аз вазифаи раиси суди ноҳияи Темурмалики вилояти Хатлон озод гардида, раиси суди шаҳри Бохтар, маркази ин вилоят таъин гардид.

3. Сунатуллозода Умедҷон аз вазифаи судяи суди ноҳияи Данғараи вилояти Хатлон озод гардида, раиси суди ноҳияи Данғара таъин шуд.
4. Ҳукуматзода Муҳаммад Мирзошо аз вазифаи муовини раиси суди ноҳияи Ёвон озод гардида, раиси суди ноҳияи Темурмалик таъин гардид.
5. Холдорзода Хусрав Зайнудин аз вазифаи судяи суди вилояти Хатлон озод гардида, раиси суди ноҳияи Шаҳритӯси вилояти Хатлон таъин шуд.
6. Ҳоҷизода Мирзошариф Мирзораҳматро аз вазифаи раиси суди ноҳияи Зафарободи вилояти Суғд озод ва раиси суди шаҳри Хуҷанди вилояти Суғд таъин карданд.
7. Зикирзода Лоиқ Хурсандқул аз вазифаи раиси суди ноҳияи Спитамени вилояти Суғд озод гардида, раиси суди ноҳияи Бобоҷон Ғафурови вилояти Суғд таъин карда шавад.
8. Раҳимзода Зарина Абдухолиқ аз вазифаи муовини якуми раиси суди ноҳияи Бобоҷон Ғафуров Суғд озод гардида, раиси суди ноҳияи Спитамен таъин шудааст.
9. Қурбонзода Хуршеда Гулмат аз вазифаи судяи суди вилояти Суғд озод гардида, раиси суди ноҳияи Зафарободи вилояти Суғд таъин гардид.
10. Аҳмадзода Қаҳрамон Тоҳирҷон аз вазифаи муовини якуми раиси суди шаҳри Исфараи вилояти Суғд озод гардида, раиси суди ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳи вилояти Суғд таъин шуд.

11. Искандарзода Бахтиёр Мустафо аз вазифаи муовини раиси суди ҳарбии гарнизони Душанбе озод гардида, раиси суди иқтисодии вилояти Хатлон таъин гардид.
12. Ашурзода Нурулло Абдувоситро аз вазифаи муовини раиси суди ноҳияи Бобоҷон Ғафуров озод ва судяи суди вилояти Суғд таъин кардаанд.
13. Бурҳониён Маъруфҷон низ судяи суди вилояти Суғд таъин шудааст.
14. Ғанизода Фаррух Муҳаммадӣ аз вазифаи муовини раиси суди шаҳри Истаравшани вилояти Суғд озод гардида, муовини якуми раиси суди ноҳияи Ёвони вилояти Хатлон таъин  шуд.
15. Нуруллозода Шаъмигул Сайвалӣ аз вазифаи судяи суди ноҳияи Рӯдакӣ озод гардида, муовини якуми раиси суди ноҳияи Рӯдакӣ таъин шуд.

Бино ба гузориши хадамоти матбуоти президент, Эмомалӣ Раҳмон рӯзи 19 август кадрҳои навтаъйиншударо дар Қасри миллат пазируфт ва бо онҳо дар робита ба вазъи зудтағйирёбандаи ҷаҳон ва авзои минтақа, таъмини волоияти қонун, мубориза бар зидди ҳама гуна қонуншиканиҳо ва дигар ҷиноятҳои фаромиллӣ ибрози назар намуда, супоришҳои мушаххас додааст.

Ӯ аз кадрҳои ҷавону болаёқат талаб кардааст, ки “бо таҷрибаи андӯхтаи худ ва бо истифода аз шароити муосири таъминнамудаи ҳукумат корро дар самти мубориза бо ҳама гуна қонуншиканиҳо пурзӯр намоянд, ба кор бо ҳисси баланди масъулият муносибат карда, барои ҳалли мушкилоте, ки монеи пешрафти соҳаҳои вобасташуда мегарданд, аз худ қобилияти хуби ташкилотчигӣ нишон диҳанд”.

Эмомалӣ Раҳмон аз  ҷумлоа пиромуни таъмини адолати судӣ, баррасии шаффофу одилонаи парвандаҳо, мубориза бар зидди хариду фурӯши замин ва қонуншиканиҳо дар ин самт, таҳким ва ҳифзи сарҳади давлатӣ, мубориза бар зидди терроризму ифротгароӣ, пешгирии қочоқи маводи мухаддир, силоҳ ва дигар ҷиноятҳои фаромиллӣ ёдовар шуда, таъкид кардааст, ки адрҳои ҷавону болаёқат бо назардошти таҳдиду хатар ва ҷиноятҳои замони муосир пайваста омӯзанд ва бо истифода аз технологияи муосир сатҳи донишҳои тахассусии худро баланд бардоранд.

“Поквиҷдонона, содиқона ва бо масъулияти баланд манфиатҳои миллату давлатро аз ҳама манфиатҳои дигар боло гузошта, бо дасту дили пок ба нафъи давлату миллат хизмат намоед”, — иброз доштааст президент дар мулоқот бо кадрҳои навтаъйин.

Таъиноти кадрӣ  19.08.2022

ФАРМОНИ
ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Дар бораи таъин ва озод намудани судяҳо

Мутобиқи моддаи 69 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон фармон медиҳам:

1. Каримӣ Акбаралӣ Раҷаб аз вазифаи судяи суди ноҳияи Мурғоби Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон озод гардида, раиси суди ноҳияи Мурғоби Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон таъин карда шавад.
2. Бегмуродзода Исломиддин Бегмурод аз вазифаи раиси суди ноҳияи Темурмалики вилояти Хатлон озод гардида, раиси суди шаҳри Бохтари вилояти Хатлон таъин карда шавад.
3. Сунатуллозода Умедҷон аз вазифаи судяи суди ноҳияи Данғараи вилояти Хатлон озод гардида, раиси суди ноҳияи Данғараи вилояти Хатлон таъин карда шавад.
4. Ҳукуматзода Муҳаммад Мирзошо аз вазифаи муовини раиси суди ноҳияи Ёвони вилояти Хатлон озод гардида, раиси суди ноҳияи Темурмалики вилояти Хатлон таъин карда шавад.
5. Холдорзода Хусрав Зайнудин аз вазифаи судяи суди вилояти Хатлон озод гардида, раиси суди ноҳияи Шаҳритуси вилояти Хатлон таъин карда шавад.
6. Ҳоҷизода Мирзошариф Мирзораҳмат аз вазифаи раиси суди ноҳияи Зафарободи вилояти Суғд озод гардида, раиси суди шаҳри Хуҷанди вилояти Суғд таъин карда шавад.
7. Зикирзода Лоиқ Хурсандқул аз вазифаи раиси суди ноҳияи Спитамени вилояти Суғд озод гардида, раиси суди ноҳияи Бобоҷон Ғафурови вилояти Суғд таъин карда шавад.
8. Раҳимзода Зарина Абдухолиқ аз вазифаи муовини якуми раиси суди ноҳияи Бобоҷон Ғафурови вилояти Суғд озод гардида, раиси суди ноҳияи Спитамени вилояти Суғд таъин карда шавад.
9. Қурбонзода Хуршеда Гулмат аз вазифаи судяи суди вилояти Суғд озод гардида, раиси суди ноҳияи Зафарободи вилояти Суғд таъин карда шавад.
10. Аҳмадзода Қаҳрамон Тоҳирҷон аз вазифаи муовини якуми раиси суди шаҳри Исфараи вилояти Суғд озод гардида, раиси суди ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳи вилояти Суғд таъин карда шавад.
11. Искандарзода Бахтиёр Мустафо аз вазифаи муовини раиси суди ҳарбии гарнизони Душанбе озод гардида, раиси суди иқтисодии вилояти Хатлон таъин карда шавад.
12. Ашурзода Нурулло Абдувосит аз вазифаи муовини раиси суди ноҳияи Бобоҷон Ғафурови вилояти Суғд озод гардида, судяи суди вилояти Суғд таъин карда шавад.
13. Бурҳониён Маъруфҷон судяи суди вилояти Суғд таъин карда шавад.
14. Ғанизода Фаррух Муҳаммадӣ аз вазифаи муовини раиси суди шаҳри Истаравшани вилояти Суғд озод гардида, муовини якуми раиси суди ноҳияи Ёвони вилояти Хатлон таъин карда шавад.
15. Нуруллозода Шаъмигул Сайвалӣ аз вазифаи судяи суди ноҳияи Рӯдакӣ озод гардида, муовини якуми раиси суди ноҳияи Рӯдакӣ таъин карда шавад.

Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон

ш. Душанбе
19 августи соли 2022
№428

ФАРМОНИ
ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Дар бораи аз вазифаи муовини Фармондеҳи Қӯшунҳои сарҳадии
Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии
Тоҷикистон оид ба корҳои сиёсӣ-тарбиявӣ
озод намудани Мирзозода С.Р.

Мутобиқи моддаи 69 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон фармон медиҳам:

Мирзозода Сафаралӣ Раҳим бо сабаби ба кори дигар гузаштан аз вазифаи муовини Фармондеҳи Қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба корҳои сиёсӣ-тарбиявӣ озод карда шавад.

Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон

ш. Душанбе
19 августи соли 2022
№429

ФАРМОНИ
ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Дар бораи муовини Фармондеҳи Қӯшунҳои сарҳадии
Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии
Тоҷикистон оид ба корҳои сиёсӣ-тарбиявӣ
таъин намудани Назарзода Т.К.

Мутобиқи моддаи 69 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон фармон медиҳам:

Назарзода Турабек Камол муовини Фармондеҳи Қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба корҳои сиёсӣ-тарбиявӣ таъин карда шавад.

Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон

ш. Душанбе
19 августи соли 2022
№430

ФАРМОНИ
ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Дар бораи муовини Фармондеҳи Қӯшунҳои
сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии
Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба ақибгоҳ
таъин намудани Назирзода С.

Мутобиқи моддаи 69 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон фармон медиҳам:

Назирзода Сафаралӣ муовини Фармондеҳи Қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба ақибгоҳ таъин карда шавад.

Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон

ш. Душанбе
19 августи соли 2022
№431

ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
ҚАРОР

аз 19 августи соли 2022 №399
ш. Душанбе

Дар бораи аз вазифаи муовини вазири саноат ва
технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон
озод намудани Билолзода Ф.

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:

Билолзода Фарҳод аз вазифаи муовини вазири саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон озод карда шавад.

Раиси
Ҳукумати Ҷумҳурии
Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

One Comment

  1. Устодам мегуфт: Точикистон як моддаи «интересный» дорад: моддаи 69, бокй хама не интересный.

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button