ВидеоМуҳоҷирон

ҲУКМИ ШАРТИИ СЕ НАФАР БАРОИ ТАШКИЛИ НИКОҲҲОИ ҚАЛБАКИИ 15 ТОҶИК БО ЗАНҲОИ РУС

Додгоҳи ноҳияи Ростови вилояти Ярославли Русия ду сокини ин вилоят ва як зодаи Тоҷикистонро дар ташкили муҳоҷирати ғайриқонунӣ тавассути ақди никоҳи қалбакии 15 шаҳрванди Тоҷикистон бо занони сокини шаҳрҳои Ростов Великий ва Гаврилов-Яма гунаҳкор шинохт, вале ба далели бо тафтишот ҳамкорӣ карданашон онҳоро ҳукми шартӣ дод.

Ин се нафар аз ҷониби кормандони раёсати вилоятии ФСБ дастгир шуда буданд ва тафтиши парвандаашонро низ ФСБ пеш мебурд.

Хадамоти матбуоти раёсати ФСБ вилояти Ярославл рӯзи 19 августи соли 2022, дар пайи судури ҳукми ҳарсе айбдоршаванда, гуфт: “Дар рафти баррасии парвандаи ҷинояти айбдоршавандагон гуноҳи худро пурра эътироф ва изҳори пушаймонӣ карданд. Бо қарори додго, онҳо ба содир кардани ҷинояти дар қисми дуюми моддаи 322.1 Кодекси ҷиноятии Русия пешбинишуда, яъне “ташкили муҳоҷирати ғайриқонунӣ) гунаҳкор дониста шуданд. Як зани айбдоршаванда ба 4 ссоли зиндони шартӣ бо 3 сол муҳлати санҷишӣ маҳкум гардида, ду нафари дигар мутаносибан 2 солу 10 моҳ ва 2 соли 6 моҳ ҳукми низ шартӣ гирифтанд”.

Ин парвандаи пурсарусадои зидди се ташкилкунандаи он канали муҳоҷирати ғайриқонунӣ  дар вилояти Ярославл ҳанӯз моҳи апрели соли 2022 ба додгоҳ супурда шуда буд. Ҳарсе айбдоршаванда ба гуноҳи худ иқрор ва бо тафтишот ҳамкорӣ кардаанд. Ба ҳамин далел, онҳо ҳукми шартӣ гирифтанд. Ин дар ҳолест, ки ба онҳо  барои ташкили муҳоҷирати ғайриқонунӣ бар асоси моддаи 322.1 то 7 соли зиндон таҳдид мекард.

 “Дар рафти тафтиш муайян карда шуд, ки маҳкумшудагон ба сурати гуруҳӣ ва дар асоси маслиҳати пешакӣ амал карда, будубоши ғайриқонунии шаҳрвандони Тоҷикистонро дар қвламрави Русия аз тариқи ақди никоҳи онҳо бо шаҳрвандони Русия бидуни мақсади ташкили оила бо мақсади дар ин асоси ба даст овардани ҳаққи иқомати муваққат ташкил кардаанд”, – гуфта мешавад дар иттилоияи раёсати вилоятии ФСБ.

Ҳукми ин се нафар алакай ба иҷро даромадааст.

Ин ягона парванда бо иттиҳоми ташкили никоҳҳҳои қалбакии занони маҳаллӣ бо сокинони Тоҷикистон ба хотири дарёфти шаҳрвандии Русия дар вилояти Ярославл нест. Аз ҷумла дар аввали моҳи август хабар омад, ки кормандони ФСБ дар вилояти Ярославл чор нафар – ду шаҳрванди Русия ва ду шаҳрванди Тоҷикистонро бо иттиҳоми ташкили муҳоҷирати ғайриқонунӣ дастгир кардаанд. Хадамоти матбуоти раёсати ФСБ вилояти Ярославл хабар дод, ки ин афрод аз никоҳҳои қалбакӣ мехостанд  барои дарёфти шаҳрвандии Русия истифода баранд. Тибқи фарзияи мақомот, ду шаҳрванди Русия дар ҳудуди вилояти Ярославл занонеро пайдо кардаанд, ки дар ивази пул бояд ба ин ду марди тоҷик издивоҷ мекарданд. Баъди ин зодагони Тоҷикистон мебоист аввал ҳаққи иқомат ва сипас шаҳрвандии Русияро ба даст меоварданд, вале дастгир шуданд.

Нисбат ба онҳо аз ҷониби ФСБ бар асоси қисми дуюми моддаи 322.1 Кодекси ҷиноятии Русия бо иттиҳоми ташкили муҳоҷирати ғайриқонунӣ парвандаи ҷиноятӣ кушодаанд. Бар асоси ин банди қонуни Русия ба дастгиршудаҳо то 7 соли зиндон таҳдид мекунад.

Муҳоҷирони зиёде дар Русия ба хотири бо роҳи осонтар ба даст овардани ҳаққи иқомат ва дар оянда ба даст овардани шаҳрвандии Русия аз никоҳ бо сокинони Русия, аз ҷумла аз никоҳҳои қалбакӣ истифода мебаранд. Дар ин авохир додгоҳҳои Русия  даҳҳо никоҳи шаҳрвандони Русия бо муҳоҷирони хориҷиро қалбакӣ дониста, бекор кардаанд.

Танҳо дар соли 2021 беш аз 103 ҳазор нафар аз зодагони Тоҷикистон соҳиби шаҳрвандии Русия шуда, дар нимаи аввали соли 2022 боз 74 ҳазор нафари дигар аз тоҷикистониҳо шаҳрвандии худро ба русӣ иваз карданд. Дар умум, аз аввали асли 21 алакай тақрибан як миллон нафар аз зодагони Тоҷикистон шаҳрвандии Русияро пазируфтаанд. Ҳазорон нафари онҳо баъди издивоҷ бо сокинони Русия тавонистаанд соҳиби шаҳрвандии ин кишвар шаванд.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button