ВидеоДин ва боварҳоМинтақа ва ҷаҳонНуқтаи назар

ҲАМЛА БА МУАЛЛИФИ “ОЯТҲОИ ШАЙТОНӢ” САЛМОН РУШДӢ ДАР АМРИКО

Нависандаи зодаи Ҳинд Салон Рушди, муаллифи китоби ҷанҷолии “Оятҳои шайтонӣ” (“The Satanic Verses”), ки ҳанӯз дар поёни солҳои 80 фатвои куштани ӯро роҳбари рӯҳонии Эрон оятуллоҳ Хумайнӣ содир карда буд, рӯзи 12 августи соли 2022 дар ғарби аёлати Ню-Йорки Амрико ҳадафи ҳамла қарор гирифта, бо захмҳои зиёди корд дар бемористон бистарӣ карда шудааст. Вакили ӯ Эндрю Уайлӣ хабар дод, ки Рушдӣ ҳоло таҳти дастгоҳи нафасгирии сунъӣ (ИВЛ) қарор дорад. “Хабарҳо хуб нест. Салмон ба эҳтимоли ғолиб як чашмашро аз даст медиҳад. Дар натиҷаи зарба бо корд ҷигараш низ осеб дидааст “, – нақли қавл кардааст аз баёнияи хаттии Уайлӣ хабаргузории Рейтер.

Бино ба хабарҳо, рӯзи 12 август, қарор буд, Рушдӣ дар як созмони ҷамъиятӣ дар ҳавзаи Чотокуа  дар аёлати Ню-Йорк суханронӣ кунад. Вақте ки Рушдиро ба аҳли толор муаррифӣ мекарданд, як нафар ба саҳна баромад ва ба нависанда ҳамла овард.

Ба гуфтаи шоҳидон, ҳамлагар дар рӯ ниқоб дошт ва Рушдиро чанд зарбаи корд зад. Бархе шоҳидон дар бораи аз 10 то 15 зарбаи корд хабар медиҳанд. Вақте ки Рушдӣ ба рӯи фарш афтод, мардум аз толор ба кумаки ӯ шитофтанд ва ҳамлагарро низ дастгир карданд. Ҳоло ӯ дар ҳабс қарор дорад. Пулис гуфт, ки ҳамлагар сокини 24-солаи аёлати Ню-Ҷерсӣ Ҳодӣ Матар  аст.

Дар Интернет видеои лаҳзаҳои аввали баъди ҳамла ба Рушдӣ нашр шудааст.

Далели ҳамлаи Матар, ба гуфтаи пулис, ҳанӯз дақиқ карда нашудааст. Ба таҳқиқи ин қазия ҳоло Дафтари федералии тафтишот (ФБР, FBI) машғул будааст. Пулис гуфт, Матар барои иштирко дар суханронии Рушдӣ рухсатнома дошт ва тавре ба назар мерасад, танҳо амал мекард.

Рушдиро бо занбар аз пажуҳишгоҳи Чотокуа бароварда, бо чархбол ба бемористон бурданд. Пулис баъдан хабар дод, ки ӯ аз гардан ва шикамаш низ ҷароҳат бардоштааст.

Салмон Рушдӣ  соли 1947 дар Ҳиндустон ба дунё омада, дар синни 14 барои таҳсил ба Британияи Кабир омад ва соли 1964 шаҳрвандии ин кишварро гирифт. Рушдӣ барои романи “Фарзандони нимашаб” барандаи ҷозиаи Букер шуда, ҳамчунин барандати ҷоизаи Ксота ва командори ордуни фарҳанг ва адабиёти Фаронса мебошад. Ӯ аз соли 2000 дар Амрико ба сар мебарад.

Рушдӣ соли 1988 романи “Оятҳои шайтонӣ”–ашро нашр кард, ки барои ин нависанда шуҳрати ҷаҳонӣ, вале шуҳрати хеле пурҷанҷол овард ва ҳаёташро барои инак сию чанд сол зери хатари ҳамешагии сӯиқасдҳо қарор додааст. Баъди нашри он китоб, ки бисёре аз рӯҳониёни мусалмон пур аз ширк таъбираш мекунанд, роҳбари рӯҳонии Эрон оятуллоҳ Руҳуллоҳ Хумайнӣ фатвои куштани Рушдиро баровард ва гуфт, ҳар касе ки ӯро ба ҷаҳаннам бифиристад, савоб мегирад. Дар баҳои сари Рушдӣ ибтидо як тоҷири эронӣ ва сипас як созмони низ эрон ҷоизаи баланд муқаррар карданд, ки аввалҳо 2миллиону 800 ҳазор долларро ташкил медод ва баъдан то ба 3 миллиону 300 ҳазор доллар расонда шуд.

Дар “Оятҳои шайтонӣ” Салмон Рушдӣ дар бораи ду ҳунарпешаи синамои Ҳинд бо номҳои Ҷабраил Фаришта ва Саладин Чамча нақл мекунад, ки дар пайи аз сӯи террористҳо таркондани ҳавопаймои мусофирбар зинда монданд ва Ҷабраил Фаришта ба як фариштаи некӣ дар рӯи замин табдил меёбаду Саладин Чамча баракс ба тимсоли иблис. Қаҳрамонони роман гоҳо ба Маккаи даврони нубуви Паёмбар Муҳаммад (с) низ сайр мекунанд. Рушдӣ дар романаш Маккаро Ҷоҳилия ва Паёмбар Муҳаммадро Маҳоунд ном мондааст.

Ба эҳтимоли ғолиб, бештар аз ҳама чанд қисмати “Оятҳои шайтонӣ”, аз ҷумла қисмате, ки гӯё Маҳоунд таҳти фишори роҳбарони Ҷоҳилия дар чашми Аллоҳ муҳтарам будани чанде аз бутҳои мавриди парастиши онҳоро эътироф мекунад, ва ҳам қисмати дигаре, ки мухолифи Маҳоунд шоире бо номи Баъол дар фоҳишахонае пинҳон мешавад, ки танфурӯшонаш гӯё номҳои ҳамсарони Паёмбарро доранд, хашму ғазаби мусалмононро овардааст.

Салмон Рушдӣ баъди сару садое, ки романаш ба бор овард, ва мушкилоте, ки барояш эҷод кард, чанд дафъа аз мусалмонон барои расидан ба иззати нафси динии онҳо узр хорст. Вале ӯ аз идомаи чопи “Оятҳои шайтонӣ”, ки сабаби шуҳрат ва манбаи асосии даромадҳои ин нависанда шудааст, даст накашид.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

One Comment

  1. Қуръон бо далелу бурҳони қотеъ ҳарфи ҷовидонаро задааст, бо рушдию ғайрирушдӣ оятҳои қуръон тағийр нахоҳанд кард.

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button