ВидеоНуқтаи назарТоҷикистон

БЛОГЕРИ ТОҶИК УСМОНРО БАРОИ ЯК ВИДЕО 11 ШАБОНАРӮЗ ҲАБС КАРДААНД (ВИДЕО)

Блогери шинохтаи тоҷик Усмон (Усмонҷон Мирзомуродов), муассис ва масъули канали пуртамошобини “Тojikonshow”, дар як видео дар посух ба ин суолҳо, ки чаро вақтҳои охир кам видео нашр мекунад, гуфт, ки ахиран барои як видеояш ӯро 11 шабонарӯз ҳабс кардаанд.

Усмон бо ҳамон лаҳни пур аз зарофатҳои намакинаш дар ин видео мегӯяд: 

“Вақтҳои охир мардум, вақте маро мебинанд, бародарвор ба оғӯшам мегиранд ва сипас ҳамааш як саволам медиҳанд: А бача, чӣ кардӣ, видео кам бароварда истодаӣ? Ман ранги ҳарвақта як ҷавоб дорам. Мегӯям, дар отпускам. Рӯямро сиёҳ мекунам, чӣ хелӣ отпуск? Сабаби видео кам бароварданам ин аст, ки ҳақиқат талх аст, ҳақиқатро инҳо зиёд намепазиранд.

Видеоҳои ман ҳамин қадар дарди сари зиёдам овард, ки худам медонаму Худои тори сарам. Як задневедушийро ба тавраш насиҳат кардам. Гуфтам, ки дар пеши бобои Сомонии мо ин хел кун ҷунбонда, рақс накун. Ун муқаддасоти миллии мост, ун рамзи миллати бузурги мост! Ба ҷои онки ӯро баранд, маро бурда, 11 сутка маҳкам карданд. Хит кун! Кампири очаам ҳар рӯзи Худо пушти дарвоза рафтагӣ аст, мондагиаш нестанд, ки маро бубинад. Ман на ҳақорат кардам, на задам, на куштам…

Худамро чӣ қадар беқадр ҳис кардам. Ман патриоти ин Ватанам, ман ҷон медиҳам барои ин Ватан! Аз пушти 4 қунғуз ман ҳеҷ гоҳ Ватанамро бад намекунам!  Маро агар ягон ягон номарди бахил шум набинад, миллион миллион мардбача дӯстам медоранд, ҳурматам мекунанд ва маро ҳам ҳамту”.

Блогер дар бораи инки аз ӯ кӣ ба мақомот шикоят кардааст?, тафсилоти дигаре надод.

Усмон дар идомаи  суҳбаташ аз кормандони андоз шикоят кард, ки болои сари ӯро ҳам гирифтаанд ва талаб доранд, ки андоз бисупорад.

Ӯ дар ин бора гуфт:

“Се чор сол шуд, кормандони налог хонаи ман доира зада, меоянд. Бензин, ки бепул шуд, тоб хӯрдан мегирифтаӣ беҳудаю баҳуда. Охир налоги чӣ? Ман ягон ширкату корхона надошта бошам. О, барои ахсазаниам налог месупорам, боз налоги чӣ, охир? Ман надорам доход аз ҳеҷ куҷо, ки шумо налог канданиед.

Алҳамдилуллоҳ,  нафсам дар қафас аст: На қиморхона реклама мекунам, на ҳаромхона даъват мекунам ва на мардумро фиреб мекунам.

Ман китобам! О, наход шумо китобро налог бандед? Айб аст, ба Худо, айб аст!

Ман намегӯям, ки маро дастгирӣ кунед. Ман мегӯям, ғамам надиҳед! Биёед, илтимос!

Зӯрам дар ин дунё нарасид, дар он дунё мерасад. Ман сағира калон шудагиам.  Ман меҳрубонии ҳалолро дидагӣ нестам. Худовандро раҳмаш омаду  ин қадар ҳурмату меҳрубонии бепоён аз сарам рехт. Ман бахил нестам, аз дастам меомад, тақсимаш мекардам. Вале ман ин қудратро надорам. Ӯ худаш дорад”.

Кумитаи андоз, ки чанд сол боз талош дорад, то блогерҳоро ба пардохтани андоз водор кунад, моҳи июли соли ҷорӣ хабар дод, ки 32 блогер дар идораҳои андоз сабти ном шуда, аз фаъолиятҳояшон дар Ютубу Инстаграм ва шабакаҳои дигар ба маблағи 300 ҳазор сомонӣ андоз супурдаанд. Кумитаи андоз ҷамъи фоидаҳои блогерҳои тоҷикро 18 миллион сомонӣ баровард кард ва гуфт, мутаассифона, на ҳамаи онҳо андози худро аз рӯи виҷдон месупоранд.

Усмон (Усмонҷон Мирзомуродов), муассис ва масъули канали пуртамошобини “Тojikonshow”, 17 январи соли 1991 дар Душанбе ба дунё омадааст. Усмон ҳоло яке аз пуртамошобинтарин блогерҳои тоҷик аст, ки бо шарофати ҳазлу шӯхиҳои пурзарофату намакинаш мухлиси зиёде ҷамъ овардааст. Усмон ба фарқ аз блогерҳои дигар, ки аксараш аз масоили сиёсӣ фосила мегиранд, ба масъалаҳои сиёсӣ низ дахолат мекунад ва аз ҳукумати кунунии Тоҷикистон хеле гарм истиқболу пуштибонӣ карда, мухолифини ҳукуматро баракс шадидан ба боди мазаммат ва масхара мекашад.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

One Comment

  1. Блогерону журналистони худфӯрухтаи низоми оғои эмомалӣ бо дурӯғ нафас мекашанд. Ҳамин усмон буд, ки мегуфт ана ман риш дорам, касе ба ман кордор нест, имрӯз мегӯяд ана ман 11-рӯз ҳабс шудам, яъне ман “одам”-ҳукуматӣ нестам!

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button