ВидеоХабарҳои кӯтоҳ

ЯК КӮДАКИ ЧОРСОЛА ДАР ВАРЗОБ ВА ЯК ҶАВОНИ 19-СОЛА ДАР СИРДАРЁ ҒАРҚ ШУДАНД

Кумитаи ҳолатҳои фавқулоддаи Тоҷикистон рӯзи 12 августи соли 2022 хабар дод, ки тайи рӯзи гузашта дар обҳои ҷумҳурӣ боз ду ҳодисаи нохуши марговар сабт шудааст.

Аз ҷумла як кӯдаки чорсола дар ноҳияи Варзоб дар кӯли сунъии паҳлуи дарёи Варзоб ба сабаби ӯро беназорат мондани волидонаш ғарқ шудаанд. Ба ҷои ҳодиса гуруҳи навбатдори наҷотбахшон аз раёсати ҳолатҳои фавқулоддаи шаҳри Душанберо фиристодаанд. Ҷасади кӯдакро аз об берун оварда, ба мақомоти ҳифзи ҳуқуқ супурдаанд.

Ҳамин тавр, як ҷавони 19-сола аз ҷамоати Овчӣ-Қалъачаи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ҳангоми оббозӣ дар як макони барои оббозӣ мамнӯи Сирдарё ғарқ шудааст. Ғаввосон аз раёсати фавқулоддаи вилояти Суғд ҷасади ӯро баъди як соати ҷустуҷӯ пайдо карда, аз об берун кашидаанд ва ба мақомоти милитсия супурдаанд.

Бино ба омори Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда, тайи 7 моҳи соли 2022 дар кӯлу дарёву каналҳои Тоҷикистон алакай 123 нафар, аз ҷумла 64 ноболиғи синнашон то 16 ғарқ шудаанд. Соли гузашта дар Тоҷикистон 155 нафар, аз ҷумла 75 кӯдак ғарқ шуда буд.

Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ба ин далел бори дигар аз волидон хостааст, ки кӯдакони худро ягон лаҳза бе назорат нагузоранд!

 “Ҳатто як лаҳза бепарвоӣ метавонад ба фоҷиаи зиндагии шумо мунҷар шавад! Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ёдрас мекунад:  таваҷҷуҳи кӯдакони хурдсолро ҳамеша бозӣ дар об ҷалб мекунад, вале онҳо метавонанд ҳатто дар оби чуқуриаш ҳамагӣ 10 сантиметр ғарқ шаванд, чунки сари кӯдакон дар таносуб бо боқимонда аъзои бадани онҳо вазнинтар буда, кӯдакон метавонанд ҳатто дар сатили об, лаган ё ванна ҳам зери об шаванд. Волидони азизЁ Ҳушёртар бошед, чунки шумо барои таъмини бехатарии фарзандони худ масъулият доред!” – гуфта мешавад дар муроҷиатномаи Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button