ВидеоМуҳоҷирон

ФИРОРИ ЯК ТОҶИКИ МУТТАҲАМ БА ТЕРРОРИЗМ АЗ БОЗДОШТГОҲИ РУСИЯ

Як шаҳрванди26-солаи Тоҷикистон аз простиня барои худ банд сохта, бо кумаки он аз қабати сеюми боздоштгоҳи муҳоҷирон дар шаҳри Набережние Челнии ҷумҳурии Тотористони Русия фирор кардааст. РЕН ТВ хабар дод, ки ин муҳоҷири тоҷик дар боздоштгоҳи воқеъ дар кӯчаи Металлургическая дар интизори ихроҷаш аз Русия қарор дошт.

Вале шаби 5 августи соли 2022 ӯ қуфли панҷараи тирезаро шикаста, бо банди аз простиня (рахти хоб) сохтааш аз қабати сеюми бино ба замин фаромад ва сипас аз болои девори симхорпеч гузашта, ба тарафи шоҳроҳи М-7 “Волга” фирор кардааст.

Бино ба иттилои РЕН ТВ,  моҳи апрели соли ҷорӣ ба зидди ин шаҳрванди Тоҷикистон бо иттиҳоми дахватҳо ба терроризм, сафед ва таблиғ кардани терроризм парвандаи ҷиноятӣ кушода буданд. Ӯро мебоист аз Русия ба Тоҷикистон мефиристодаанд.

Шаҳри Набережние Челни, ки тоторҳо онро Яр Чаллӣ меноманд, дар соҳили дарёи Кама, дар 250-километрии Қазон, пойтахти Тотористон,  ҷойгир шуда, беш аз ним миллион нафар аҳолӣ дорад.

Ин нахустин мавриди фирори муҳоҷирони тоҷик аз боздоштгоҳҳои Русия нест. Қаблан чандин мавриди фирори зодагони Тоҷикистон аз боздоштгоҳҳо  ва ҳатто аз зиндонҳои Русия  рух додааст.

Аз ҷумла рӯзи 8 январи соли 2022 додгоҳи ноҳияи Кирови шаҳри Петербург ду шаҳрванди Тоҷикистону Ӯзбекистонро, ки ба вайрон кардани қоидаҳои муҳоҷират айбдор мешуданд, баррасӣ карда, ҳардуро ҷарима баст ва ҳукми ихроҷашон аз қаламрави Русияро баровард.  Вале маҳкумшудагон, вақте ки приставҳо онҳоро баъди анҷоми мурофиа берун бароварда, ба мошин савор карданӣ буданд,  фирор карданд. Дар бораи сарнавишти баъдии онҳо чизе маълум нест.

Соли 2019 як тоҷик баъди судури ҳукми ихроҷаш аз бинои додгоҳи ноҳияи Маскав шаҳри Петербург фирор карда, як ҷавони тоҷики дигар дар маркази шаҳри Краснодар посбонҳои худро ба замин афтонда, рӯ ба фирор оварда буд.

Соли 2018 Рӯзибек Ғафуров ном зодаи Тоҷикистон, соли таваллудаш 1980, аз маҳбаси маскунии воқеъ дар Каменск-Уралски вилояти Свердловск фирор кард. Ӯро баъди ду рӯз дар шаҳри Екатеринбург дастгир карданд.

Шаби 23 сентябри соли 2020 тавассути нақбе, ки барои канданаш маҳбусон қариб як солро сарф карда буданд, 6 маҳбус аз маҳбаси №2 дар шаҳраки Шамхал дар канори Махачқалъа, пойтахти ҷумҳурии Доғистони Русия фирор карданд. Ду нафари онҳо зодагони Тоҷикистон буданд:  Шамил Бойматови 29-сола аз Ёвон ва Маҳмадрасул Машрабови 30-сола аз Душанбе, Онҳо дар Русия барои қочоқи маводи мухаддир зиндонӣ шуда буданд. Рӯзи 30 сентябр, баъди як ҳафтаи фирор ҳамаи ин 6 маҳбуси фирорӣ  дар қаламрави ҷумҳурии бо Доғистон ҳамсояи Қалмиқистон дастгир шуданд. Гуфта мешуд, ки онҳо қасд доштанд бо кумаки он ду маҳбуси тоҷик аз тариқи марзи Қазоқистон ба Тоҷикистон фирор кунанд.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button