ВидеоХабарҳои кӯтоҳ

ОДАМКУШӢ ВА ДУЗДИИ ДУ “АЙФОН” ДАР ДУШАНБЕ ВА САДАМАИ МАРГОВАР ДАР КОНИБОДОМ

Рӯзи 5 август, тахминан соати 15:40, ҷавони 22-солаи сокини Душанбе дар ҷараёни як муноқиша дар маҳаллаи Гранзаводи ноҳияи Фирдавсӣ марди 49-солаи сокини ноҳияи Варзобро аз рӯи хусумат 16 корд задаааст. Ҷабрдида дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст.

хххххххххххххх
Шоми 6 август, соати
20:50, бар асари бархӯрди мошини “Дэу-Леганзе” бо мошини боркаши ЗИЛ дар Конибодом ронандаи “Дэу” ҷароҳатҳои вазнин бардошта, дар ҷои ҳодиса ҷон додааст.

ххххххххххххххххх

Ҷавони 23-солаи сокини ноҳияи Варзоб ба он гумонбар мешавад, ки рӯзи 7 август ба як мағоза дар маркази шаҳри Душанбе даромада, худро харидори телефони мобилӣ муаррифӣ карда, бо роҳи пинҳонӣ 2 телефони гаронбаҳои тамғаи “iPhone 13 Pro Max”-ро дуздидааст.

Аз навори хабарҳои рӯзи 8 августи маркази матбуоти ВКД Тоҷикистон

Ошкор шудани ҷинояти одамкушӣ

001

5-уми августи соли 2022, тахминан соати 15:40-дақиқа, ҷавони 22-солаи сокини шаҳри Душанбе, ҳангоми дар маҳаллаи Гранзаводи ноҳияи Фирдавсӣ қарор доштанаш, бо марди 49-солаи сокини ноҳияи Варзоб аз рӯи хусумат муноқиша карда, бо предмети халандаю бурранда 16-маротиба ба узвҳои ҳаётан муҳим ва дигар узвҳои баданаш задааст.
Дар натиҷа, ҷабрдида ҷароҳатҳои гуногуни ҷисмонӣ бардошта, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст.
Аз рӯи ин ҳодиса тафтишот идома дорад.

Ҳалокати ронанда дар садамаи нақлиётӣ

029

6-уми августи соли 2022, тахминан соати 20:50-дақиқа, ронандаи автомашинаи тамғаи «Дэу-Леганзе», Боиров Ҷаҳонгир Равшанович, соли таваллудаш 1991, сокини шаҳри Конибодом, ҳангоми ҳаракат дар роҳи нақлиётгарди «Конибодом-Деҳмой», дар ҳудуди шаҳри мазкур, аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, ба автомашинаи тамғаи «ЗИЛ», таҳти идораи Абдуллоев Абдумалик Ғаффорович, соли таваллудаш 1997, сокини ҳамин шаҳр бархӯрдааст.
Дар натиҷа, ронанда Боиров Ҷ.Р. ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст.
Аз рӯи ин ҳодиса таҳқиқот идома дорад.

БАРОИ МАЪЛУМОТ

Ҳар сол бар асари садамаҳо дар роҳҳои Тоҷикистон то 400 нафар ба ҳалокат расида, беш аз 1200 тани дигар маъюб мешаванд. Бино ба охирин маълумоти ВКД, ки рӯзи 19 июл нашр шуд, дар 6 моҳи аввали соли 2022 дар Тоҷикистон 482 садама рӯй дода, дар ин садамаҳо 180 нафар ба ҳалокат расида ва 509 нафар ҷароҳат бардоштаанд. 

Ифшо шудани дуздии 2-адад телефони гаронарзиш

018

Ба ШВКД дар ноҳияи И.Сомонӣ бо ариза ҷавонзани 19-солаи сокини ноҳияи Рӯдакӣ, соҳибкор, муроҷиат намудааст, ки 7-уми августи соли 2022, ҷавони 23-солаи сокини ноҳияи Варзоб ба мағозааш, воқеъ дар маркази шаҳри Душанбе даромада, худро харидори телефони мобилӣ муаррифӣ карда, бо роҳи пинҳонӣ 2-адад телефони мобилии тамғаи «iPhone 13 Pro Max»-ро дуздида, аз ҷойи ҳодиса ғайб задааст.
Зарари расонидашуда 27 ҳазору 600 сомониро ташкил медиҳад.
Аз рӯи ин ҳодиса тафтишот идома дорад.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button