ВидеоДин ва боварҳоМуҳоҷирон

ВИДЕОИ ЛАҲЗАИ БОЗДОШТИ ЯК ҶАВОНИ ТОҶИК БО ИТТИҲОМИ БА СУРИЯ ФИРИСТОДАНИ ПУЛ

Телеграм-канали Оперативные сводки видеои лаҳзаи дар шаҳри Саратов бо иттиҳоми маблағгузории терроризм дастгир шудани як шаҳрванди Тоҷикистонро нашр кард. Дар видео дида мешавад, ки як ҷавони чашмаш кабуд ва мӯи сару риши кӯтоҳаш зардинаро дар канори як роҳи мошингард дар рӯи роҳи пиёдагард ба зону шинондаанд ва пурсуҷӯ мекунанд. Ин ҷавон бо як чеҳраи тарсолуд мегӯяд, Алиев Қодирҷон ном дорад. Афсарони қудратӣ ба ӯ мегӯянд, ки барои маблағгузорӣ ба террористҳо дастгир шудааст. Аз Қодирҷон чанд дафъа мепурсанд, ки оё ӯ ба Сурия пул фиристодааст? Ӯ ба ин савол ҷавоби рӯшане надод ва яке аз афсарон амр дод, ки “Бардорем ӯро! Мебаремаш.”

 Оперативные сводки хабар дод, ки ин ҷавони тоҷикро, ки дар Русия дар сохтмон кор мекард, баъди тавассути шабакаи “QIWI” ба Сурия фиристодани 10 ҳазор рубл дастгир кардаанд.

Бино ба иддаои ин нашрияи наздик ба мақомоти қудратии Русия, гӯё шаҳрванди Тоҷикистон “ба “бародарони ҳамдини худ дар шаҳри Идлиби Ҷумҳурии Сурия Араб барои иштирок дар фаъолиятҳои террористӣ кумак мерасонд. Аз ҷумла бо пули бо азоб дар сохтмонҳои Русия коркардааш ӯ дидаю дониста ба Сурия барои ҷангҷӯёни созмони террористии “Ҳайат Таҳрир аш-Шом” пул мефиристод. Ин зодаи Осиёи Марказӣ ба террористҳои то кунун танҳо ҳудуди 10 ҳазор рубл фиристода буд, ки онҳо бо ин пул барои худ васоили алоқа ва либоси ҷангӣ харидаанд. Боздоштшуда ба кардаи худ иқрор кард ва гуфт, аз нигоҳи ақидатӣ аз ба ном “ҷиҳоди мусаллаҳона” пуштибонӣ мекунад”.

Тавассути манобеи дигар тафтиш ва тасдиқ ё рад кардани иддаоҳои омада дар ин хабари ин расонаи наздик ба мақомоти қудратии Русия ғайримумкин мерасад. Вале бисёре аз тамошобинон видеои боздошти ин ҷавони тоҷикро “саҳнасозӣ” номида, мегӯянд, мақомоти амниятии Русия ба гардани муҳоҷирони беҳуқуқ иттиҳомоти  бофтаи пуштибонӣ ё маблағгузории терроризмро бор карда, бо чунин парвандабофиҳо мехоҳанд натиҷаҳои худро дар мубориза бо терроризм баландтар нишон диҳанд.

Ба зидди шаҳрванди дастгиршудаи Тоҷикистон бар асоси қисми 1.1 моддаи 205.1 Кодекси ҷиноятии Русия бо иттиҳоми маблағгузорӣ ва сафед кардани терроризм парвандаи ҷиноятӣ кушодаанд. Ба ӯ бар асоси ин банди қонуни Русия аз 8 то 15 соли зиндон ҳамроҳ бо ҷарима ба маблағи аз 300 ҳазор то 700 ҳазор рубл таҳдид мекунад.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button