ВидеоРӯйдодҳои Бадахшон

ЧОРШАНБЕРО БА МАҲБАСИ ХУҶАНД ФИРИСТОДАНД, АЛОВАТШОЕВРО – БА ЗИНДОН ВАҲДАТ

Варзишгари шинохтаи варзиши ММА аз Бадахшон Чоршанбе Чоршанбиев, ки дар поёни моҳи декабри соли 2021 аз Русия ба Душанбе истирдод шуда, моҳи майи соли 2022 бо иттиҳоми даъват ба сарнагун кардани сохти конститутсионӣ ба 8 солу 6 моҳи зиндон маҳкум шуд, барои адои ҳукм ба маҳбаси низомаш сангини шаҳри Хуҷанд интиқол дода шудааст. Ҳамин тавр, яке аз лидерҳои ҷамъияти зодагони Бадахшон дар Русия Амриддин Аловатшоевро, ки моҳи январи соли 2022 аз Русия ба Тоҷикистон истирдод шуда, моҳи апрел дар Душанбе ба 18 соли зиндон маҳкум гардид, барои адои ҳукмаш ба маҳбаси воқеъ дар канори шаҳри Ваҳдат интиқол додаанд. Дар ин бора журналист Aнора Саркорова, ки асосан рӯйдодҳои Бадахшонро пайгирӣ мекунад, хабар дод.

Аанора Саркорова менависад, ки мурофиаи парвандаҳои ҳам Чоршанбиев ва ҳам Аловатшоев ба таври махфӣ гузашт ва иттиҳомоти зидди онҳоро сиёсӣ меноманд.

Баъди судури ҳукмаш, Амриддин Аловатшоев эълон кард, ки аз ҳукмаш шикоят намебарад, чунки ба адолати додгоҳӣ дар Тоҷикистон бовар надорад. Чоршанбе Чоршанбиев аз ҳукми худ шикоят бурд, вале дар поёни моҳи июн додгоҳи шаҳри Душанбе шикояти ӯро рад карда, ҳаштуним сол ҳукми зиндонашро бетағйир боқӣ гузошт.

Аловатшоев дар додгоҳ

ПАРВАНДАИ АМРИДДИН АЛОВАТШОЕВ

Амриддин Аловатшоев 21-уми декабри соли 1977 дар ноҳияи Роштқалъаи ВМКБ  ба дунё омада, ду фарзанд дорад.  Исми ӯ бори аввал дар октябри соли 2018 вақте дар сархатти хабарҳо афтод, ки мақомот дар қатори 7 лидери ғайрирасмии Бадахшон бо Аловатшоев низ як протоколи алоҳида имзо карданд. Бар асоси он санад, Аловатшоев уҳдадор мешуд, ки аз ташкили гуруҳҳои ҷиноӣ даст кашида, ҷавононро ба зидди ҳукумат нашӯронад.

Аловатшоев соли 2019 ба Русия рафт ва ба зудӣ яке аз лидерҳои бонуфузи диаспораи зодагони Бадахшон дар ин кишвар шуд.  Гуфта мешавад, ки Аловатшоев дар ҳалли мушкилоте, ки ба сари муҳоҷирони бадахшонӣ дар Русия меомад, кумак мекард ва барои ҷавонони ин минтақа дар Маскав ва дигар шаҳрҳои Русия толорҳои варзишӣ ташкил мекард.

Амриддин Аловатшоевро яке аз ташкилкунандагони митинги шоми 25 ноябр дар назди сафорати Тоҷикистон дар шаҳри Маскав мешуморанд. Ӯ аз ҷумлаи онҳое буд, ки он шом бо сафири Тоҷикистон дар Русия Давлатшо Гулмаҳмадзода мулоқот карданд ва талабҳои эътирозгаронро ба вай расонданд.

Аловатшоев рӯзи 11 январ дар вилояти Белгороди Русия дастгир шуд ва алакай рӯзе баъд аз тариқи Маскав ба Душанбе оварда шуд.  Додгоҳ рӯзи 29 апрел дар дохили СИЗО №1 баъди ҳамагӣ 5 соати шурӯи мурофиа Аловатшоевро ба 18 соли зиндон маҳкум кард. Тафсилоти парвандаи ӯ то ҳол расман нашр нашудааст.

Ба гуфтаи як манбаи огоҳ, Аловатшоевро аз ҷумла ба он гунаҳкор кардаанд, ки гӯё «соли 2018 ба ҳуҷраи кории Шодихон Ҷамшед, раиси вақти Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ворид шуда, ӯро гаравгон гирифтаву утоқашро хароб кардаанд.» Толиб Айёмбеков, яке аз лидерони ғайрирасмӣ дар ВМКБ, он вақт гуфта буд, ки баъзе афродро дар зиндон шиканҷа карданд ва онҳо ба назди раиси вилоят рафтанд, то масъаларо таҳқиқ кунад.

Маҳз баъди он воқеа, раисҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон тамоми роҳбарони вилоятро аз кор ронда,  ба Хоруғ нирӯҳои иловагӣ фиристод ва барои барқарор кардани тартибот дар Бадахшон як ситоди байниидоравӣ таъсис дод.

Дар поёни моҳи марти соли 2022, ҳанӯз то эълони ҳукми Аловатшоев, мақомот хонаи нимасохтаи ӯро дар маркази ноҳияи Роштқалъа дар вилояти Бадахшон  вайрон карданд.

Чоршанбе Чоршанбиев

ПАРВАНДАИ ЧОРШАНБЕ ЧОРШАНБИЕВ

Чоршанбе Чоршанбиев 27 сол дошта,  зодаи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ва  яке аз ситораҳои варзиши поп-ММА, як навъи ҷангҳои бидуни қоида аст. Ӯ солҳои охир дар Русия зиндагӣ ва ҳунарнамоӣ мекард. Рӯзи 3 декабри соли 2021, ҳамагӣ чанд рӯз баъди изҳори назараш дар бораи эътирозҳои Бадахшон, Чоршанбе Чоршанбиев  дар Маскав аз ҷониби кормандони ГИБДД (собиқ ГАИ) бо иттиҳоми дар тобистони соли гузашта бидуни ҳуҷҷати ронандагӣ ва бе суғуртаи ОСАГО бо суръати баланд рондани мошин боздошт шуд.  Додгоҳи ноҳияи Останкино билофосила ҳукми ихроҷи ӯро баровард ва Чоршанбиевро алакай рӯзи 30 декабри соли 2021 аз Маскав ба Душанбе фиристоданд.  Чоршанбиев баробари расиданаш ба Тоҷикистон дар фурудгоҳи Душанбе ба ҳабс гирифта шуд.

Додгоҳи ноҳияи И.Сомонӣ рӯзи 13 май Чоршанбиевро бо ҷурми “даъват ба сарнагун кардани сохти конститутсионӣ” ба 8 солу 6 моҳи зиндон маҳкум кард. Чоршанбие аз ин ҳукм норозигӣ карда, ба додгоҳи Душанбе шикоят овард. Вале додгоҳи Душанбе рӯзи 29 июни соли 2022 шикояти варзишгари шинохтаи зодаи Бадахшон Чоршанбе Чоршанбиев ва вакилони ӯро рад карда, ҳукми ӯро батағйир боқӣ гузошт.

Парвандаи Чоршанбиев асосан бар пояи видео буд, ки ӯ дар он дар вокуниш ба ҳалокати Гулбиддин Зиёбеков ва чанд сокини дигари Бадахшон дар ҳодисаҳои моҳи ноябри соли 2021 мегӯяд, “бояд бар зидди беадолатӣ эътироз карда, ҳамаи афроде, ки дар марги мардуми бегуноҳ даст доранд, ба ҷавобгарӣ кашида шаванд.”

Мақомот бар асоси ин навор варзишгарро ба даъват ба тағйири сохти давлатдорӣ айбдор карданд. Вале ӯ ин иттиҳомро рад карда, гуфта буд: “Ман ягон мақсади даъват ба ғасби базӯрии ҳукумат надоштам. Ман  танҳо ба ҷавобгарӣ кашондани гунаҳкоронро талаб карда будам.”

Тарафдоронаш истирдоди ӯ аз Русия ва ҳабсаш дар Душанберо интиқом барои изҳори назарҳояш дар бораи рӯйдодҳои Бадахшон мешуморанд. Мухолифонаш Чоршанбиевро ба он айбдор мекунанд, ки як замон аз тоҷик ном бурданаш ор мекард ва дар ҳаққи тоҷикҳо носазо мегуфт. Вале ӯ тобистони соли 2021 дар як видео барои он суханонаш узр хоста, махсус бо парчами Тоҷикистон акс гирифт ва гуфт, аз ин ба баъд дар мусобиқаҳо аз номи Тоҷикистон ба майдон хоҳад баромад.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button