ВарзишВидео

ВАҚТЕ НУҚРАИ ТУ АЗ ТИЛЛОИ ҲАРИФАТ БОЛОСТ! СЕ МЕДАЛИ ПАҲЛАВОНҲОИ ТОҶИК ДАР ҚАҲРАМОНИИ ОСИЁ (8 ВИДЕО)

Паҳлавонони тоҷик дар мусобиқоти Қаҳрамонии Осиё-2022 (Asian Senior Championships 2022)  оид ба гуштини дзюдо (ҷудо) байни бузургсолон дар шаҳри Нурсултон, пойтахти Қазоқистон се медал: ду нуқра ва як биринҷӣ ба даст оварданд.

Рӯзи 6 август, дар рӯзи ниҳоии мусобиқот Темур Раҳимов дар вазни беш аз 100 кг дар даври ниҳоӣ аз паҳлавони японӣ – Кокоро Кагеура дар вақти тиллоӣ бо як вазари мағлуб шуд ва нишони нуқраи Чемпионати Осиё оид ба ҷудо миёни калонсолонро ба даст овард.

Хабарнигор ва шореҳи варзиш  Хилватшоҳи Маҳмуд  медали нуқраи Темур Раҳимовро нуқраи аз тилло болотар муборак” номид ва навишт, “нуқра” – и ту аз “тилло”-и ҳарифат болост!”

Бино ба бардошти Хилватшоҳи Маҳмуд, ҳарчанд рақиби Темур қаҳрамони ҷаҳон ва нафаре буд, ки соли 2022 дар Порис паҳлавони шикастнопазири фаронсавӣ Тедди Риннерро мағлуб сохт, вале дар рақобати ниҳоӣ дар Нурсултон дар муқобили паҳлавони тоҷик ӯ коре аз даст наомад: “Кокоро алайҳи Темур коре карда наметавонист, тез-тез ба зону мезад, аз рақобат мегурехт ва нафастангӣ дошт…, дар вақти изофӣ бошад, бо кӯмаки 99%-и довар як “вазарӣ”-и бисёр машкукро ноил гашт ва баранда шуд… Барои ман, мо ва ҳаводорони гӯштини ҷудои кишвар Темур Раҳимов Қаҳрамони бозии имрӯза буд/ҳаст. Пас, нуқраи аз тилло болотар муборак, Темур!

Дар ҳамин ҳол, “Варзиш ТВ” хабар дод, ки баъди ба даст овардани медали нуқра Темур Раҳимов таърихро рақам зад ва ҷудокори рақами яки ҷаҳон шуд!

“Қабл аз рақобатҳои ҷудои Осиё 2022 ин паҳлавони қоматбаланду сангинвазни тоҷик бо 3495 имтиёз дар радабандии ҷаҳонӣ мақоми севвумро ишғол мекард. Имрӯз Темур дар қаҳрамонии ҷудои бузургсолони Осиё дар шаҳри Нурсултон соҳиби ҷои дуввум ва 500 имтиёз шуд ва шумораи имтиёзҳояшро ба 3995 расонид. Акнун Темур, бо ин нишондод ҳам аз Ҷур Спиҷкерси ҳолландӣ ва ҳам аз Гурам Тушвилии гурҷӣ пеш гузашт ва дар мақоми якуми раддабандии вазни +100 килои ҷаҳон мавқеъ гирифт . Ин руйдод дар таърихи ҷудои тоҷик нахустин бор аст!Темур Раҳимов ҷудокори рақами як ҷаҳон миёни бузургсолон шуд”,  навиштааст Варзиш ТВ.

Комроншоҳи Устопириён (-90 кг) дар рақобат барои ба даст овардани нишони биринҷии Чемпионати Осиё оид ба ҷудо миёни калонсолон аз паҳлавони муғул – Алтанбагана Гантулга мағлуб гардид ва мавқеи 5-умро касб кард.

Абубакри Акобир низ дар вазни то 100 кг дар рақобат барои ба даст овардани нишони биринҷӣ аз гуштингири қазок Нурлухон Шархон бо як вазарӣ мағлуб шуд ва дар байни 11 паҳлавон зинаи 5-умро ба даст овард.

Ҷаҳонгир Маҷидов (-90 кг) алакай дар даври аввали “Asian Senior Championships 2022” аз гуштингири лубнонӣ Карамноб Сагайпов бо имтиёзи иппон мағлуб шуд ва аз  ҳаққи идомаи мусобиқа бенасиб монд.

Рӯзи 5 август варзишгари ҷавон ва ҳамагӣ 20 солаи тоҷик Шодмон Ризоев дар вазни то 81 кг дар чемпионати Осиё оид ба ҷудо миёни калонсолон дар шаҳри Нур -Султони Қазоқистон нишони нуқра ба даст овард.  Шодмон дар даври ниҳоии мусобиқа муқобили ҷудокори ҷопонӣ Такеши Сасаки рақобатро хуб оғоз кард, лек дар идома аз як аксулҳуҷум дар сонияҳои аввали рақобат ҷудокори ҷопонӣ истифода бурда, бо имтиёзи иппон Шодмонро мағлуб кард ва нишони тилло ба даст овард. Шодмон як сол пеш қаҳрамони дзюдои ҷаҳон дар байни ҷавонон шуда буд ва яке аз умедҳои дар ҳоли нумӯи гуштини Тоҷикистон ба шумор меравад.

Сомон Маҳмадбеков, ки бори аввал дар мусобиқаҳои байналмилалӣ дар вазни то 81 кило иштирок мекард, барандаи нишони биринҷии чемпионати Осиё гардид. Аз ин пеш Сомон зери вазни то 73 кг ҳунарнамоӣ мекард. Сомон Маҳмадбеков дар рақобат барои ба даст овардани нишони биринҷӣ паҳлавони қирғиз Асад Масобировро шикаст дод.

Беҳрӯз Хоҷазода  бошад дар вазни то 73 кг дар рӯзи дуюми чемпионати Осиё дар рақобат барои нишони биринҷӣ рақобатро аз паҳлавони ӯзбекистонӣ Обидхон Нӯъмонов шикаст хӯрд ва дар байни 16 нафар ҷои панҷумро ба даст овард.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button