Хабарҳои кӯтоҳҲодиса

МУНОҚИШАИ ХУНИН ДАР САНГВОР ВА МАРГИ ДУХТАРИ 17-СОЛА ДАР САДАМА ДАР РОҲИ КӮЛОБ

Дар ноҳияи Сангвор (собиқ Тавилдара) дар шарқи Тоҷикистон як сокини 18-сола дар ҷараёни муноқиша бо як ноболиғи 15-сола, бо корд 2 маротиба ба пои чап ва 1 маротиба ба дасти чапи ноболиғ задааст. Дар натиҷа, ноболиғ ҷароҳати ҷисмонӣ бардоштааст.
ххххххххххххххх

Шоми 4-уми август, соати 19:00, бар асари ба ҳам бархӯрдани ду мошини “Мерседес” ва “Опел дар роҳи Восеъ – Кӯлоб як духтари 17-солаи мусофири “Опел” ҷароҳати вазнин бардошта, дар бемористон ҷон додааст.

Аз навори хабарҳои рӯзи 6 августи маркази матбуоти ВКД Тоҷикистон

Ҳалокати духтари 17-сола дар садамаи нақлиётӣ

1

4-уми августи соли 2022, тахминан соати 19:00, ронандаи автомашинаи тамғаи “Мерседес Бенс”, Раҳматов Амрохон Куганович, соли таваллудаш 1962, сокини шаҳри Кӯлоб, ҳангоми ҳаракат аз самти ноҳияи Восеъ ба самти шаҳри Кӯлоб аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, ба автомашинаи тамғаи “Опел-Астра”, таҳти идораи Хайруллоев Сафаралӣ, соли таваллудаш 1995, сокини шаҳри мазкур бархӯрдааст.
Дар натиҷа, мусофири автомашинаи тамғаи “Опел-Астра”, Орзуева Манижа Меҳроҷиддиновна, соли таваллудаш 2005, сокини деҳаи Зарбдор, ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона ба ҳалокат расидааст.
Аз рӯи ин ҳодиса таҳқиқот идома дорад.

БАРОИ МАЪЛУМОТ

Ҳар сол бар асари садамаҳо дар роҳҳои Тоҷикистон то 400 нафар ба ҳалокат расида, беш аз 1200 тани дигар маъюб мешаванд. Бино ба охирин маълумоти ВКД, ки рӯзи 19 июл нашр шуд, дар 6 моҳи аввали соли 2022 дар Тоҷикистон 482 садама рӯй дода, дар ин садамаҳо 180 нафар ба ҳалокат расида ва 509 нафар ҷароҳат бардоштаанд. 

Дастгир гардидани ҷавони 18-сола бо ҷурми авбошӣ

002

22-юми июли соли 2022, тахминан соати 20:25-дақиқа, ҷавони 18-солаи сокини ноҳияи Сангвор аз ҳиссиёти авбошӣ бо ноболиғи 15-солаи сокини ноҳияи мазкур ҷангу ҷанҷол намуда, бо корд 2 маротиба ба пои чап ва 1 маротиба ба дасти чапи ноболиғ зада, аз ҷойи ҳодиса ғайб задааст.
Дар натиҷа, ноболиғ ҷароҳати ҷисмонӣ ба саломатиаш бардоштааст.
Нисбати гумонбаршаванда парвандаи ҷиноятӣ бо моддаи 237 қисми 3 банди “а” Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз карда шуда, тафтишот идома дорад.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button