МуҳоҷиронХабарҳои кӯтоҳ

ЯК ҶАВОНИ 25-СОЛАИ ТОҶИК ДАР ШИМОЛИ ҚАЗОҚИСТОН ҒАРҚ ШУДААСТ

Рӯзи 4 августи соли 2022 як шаҳрванди Тоҷикистон, соли таваллудаш 1997, ҳангоми саворӣ бо катамаран дар кӯли Пестрое дар шаҳри Петропавловски вилояти Қазоқистони шимолӣ ғарқ шудааст. Рафиқонаш ва сипас наҷотбахшон талош кардаанд, ки ин ҷавонро наҷот диҳанд, вале алакай дер шуда буд.

Сардори департаменти ҳолатҳои фавқулоддаи вилояти Қазоқистони шимолӣ дар шарҳи ин ҳодиса ба нашрияи маҳаллии 7152.kz гуфт: “Ҷасадро гуруҳи наҷотбахшоне, ки дар кӯли Пестрое навбатдорӣ мекунанд, аз об баровардаанд. Ин гуруҳи ҷавонон дар берун аз ҳудуди пляж катамарансаворӣ мекарданд ва ягон 8 метр аз соҳил дур шудаанд. Онҷо чуқурии об ягон дуюним метр аст. Бачаҳое, ки ҳамроҳи ҷавони ғарқшуда буданд, аввал худашон кӯшиш кардаанд, ки ӯро наҷот диҳанд. Сипас наҷотбахшон, ки ягон 100-150 метр дуртар истода буданд, дар як қаиқ ба ҷои ҳодиса омаданд ва ҷавонро аз зери об бароварданд ва кӯшиш карданд, ки бо додани нафаси сунъӣ ӯро наҷот диҳанд, вале мутаассифона, ин кор муяссарашон нашуд. Табибони навбатдор ва “Ёрии таъҷилӣ” ҳам натавонистанд ин ҷавонро аз чанги марг наҷот диҳанд”.

Қазоқистон баъди Русия дуюмин кишварест, ки сокинони Тоҷикистон бо мақсади муҳоҷирати корӣ ба инҷо сафар мекунанд. Дар Қазоқистон, бино ба ҳисобҳо, то 100 ҳазор нафар аз зодагони Тоҷикистон кору зиндагӣ мекунанд.

Дар умум ҳар сол беш аз як миллион нафар, ё қариб нисфи аҳолии қобили кори Тоҷикистон бо мақсади таъмини зиндагии оилаҳои худ ба хориҷ, асосан ба Русия, ба муҳоҷирати корӣ мераванд. Ҳар сол дар мулки мусофират беш аз 1000 нафар аз зодагони Тоҷикистон ба иллатҳои гуногун, асосан бар асари бемориҳо ва ҳодисаҳои нохуш, тарки зиндагӣ  мекунанд.

Кӯли Пестрое

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button