ВидеоДин ва боварҳо

СОКИНИ ҶОМИРО БАРОИ ЯК ДЕГ ОШУ ЯК ДЕГ ШӮРБО 5480 СОМОНӢ ҶАРИМА БАСТАНД

Додгоҳи ноҳияи А.Ҷоӣ (собиқ Куйбышев, Хоҷамастон)-и вилояти Хатлон сокини ин ноҳия Зокирҷон Зиёевро барои додани ду намуд таом – як дег шӯрбо ва як дег ош – дар тӯйи арӯсии духтараш дар вайрон кардани талаботи қонуни танзими ҷашну маросим  гунаҳкор шинохта, ба андозаи 70 нишондиҳанда барои ҳисобҳо, баробар ба 5480 сомонӣ, ё беш аз 500 доллар бо қурби имрӯза ҷарима бастааст.

Маркази матбуоти Додситонии кулли Тоҷикистон дар шарҳи ин қазия гуфт, “Зиёев Зокирҷон Муродалиевич, санаи таввалудаш 13.02.1972, сокини ноҳияи А.Ҷомии вилояти Хатлон, бархилофи талаботи моддаи 10-и Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” амал намуда, санаи 15 январи соли 2022 дар манзили истиқоматиаш аз соати 10:00 то соати 13:00 маъракаи тӯйи духтарашро бо додани ду намуди таъом, як дег шӯрбо ва як дег ош гузаронидааст”.

Прокурори ноҳияи А. Ҷомӣ, нисбати Зиёев З. М. бар асоси моддаи 481 қисми 1-и Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Тоҷикистон парвандаи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ оғоз карда,  додгоҳи ноҳия бо ҳукми худ аз 10 феврали соли 2022 Зиёевро бар асоси ҳамин банди қонун гунаҳкор шинохт ва 5480 сомонӣ ҷарима баст.

Қонуни танзими расму ойин, ки соли 2007 дар Тоҷикистон қабул карда шуда, соли 2017 талаботи он боз ҳам шадидтар карда шуд, аз ҷумлаи қонунҳои баҳсбарангез дар ин кишвар ба шумор меравад. Ҳар сол дар Тоҷикистон садҳо нафарро барои вайрон кардани қонуни танзим ҷарима мебанданд. Танҳо дар нимаи аввали соли 2022 дар Тоҷикистон беш аз 400 ҳолати вайрон кардани қонуни танзим сабт шудааст. Бар асоси қонуни танзим шаҳрвандонро метавонанд нафақат барои даъвати меҳмони зиёд ё таҳияи чанд навъи ғизо дар тӯю худоӣ, балки ҳатто барои даъвати дӯстону ҳамкорон ба ҷашни зодрӯз ҳам метавонанд ҷарима банданд, чунки ин қонун баргузории ҷашни зодрӯзро “танҳо дар доираи оила” маҳдуд кардааст.

Мақомот мегӯянд, қонуни танзим имкон дод, ки аҳолӣ хароҷоти беҳударо барои маъракаҳои тӯю худоӣ кам карда, пасандози худро барои корҳои муҳимтаре, чун сохтани хона, таъмини пули таҳсили фарзандон сарф кунанд.

Аммо ҳомиёни ҳуқуқ мегӯянд, қонуни танзим барои дасти дарози дахолати давлат дар ҳарими ҳаёти  хусусии мардум шароит фароҳам овард ва бархе бандҳои он, ба мисли манъи даъвати дӯстон ба ҷашни зодрӯз ё маҳдуд кардани шумораи меҳмонону бо мақомот мувофиқа кардани таъомномаи тӯю маъракаҳо, дар замони муосир аз як тараф, хандаовар менамоянд ва аз тарафи дигар, нақзи рӯирости ҳуқуқи инсонии сокинон ба шумор меравад.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button