ВидеоРӯйдодҳои БадахшонТоҷикистон

ШУРӮИ МУРОФИАИ ПАРВАНДАИ ПУРСАРУСАДОИ ГЕНЕРАЛ ХОЛБАШ ВА 70 ЭЪТИРОЗГАРИ РӮШОН ДАР СИЗОИ ДУШАНБЕ

Мурофиаи парвандаи пурсарусадои эътирозҳои оммавӣ дар ноҳияи Рӯшони Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон рӯзи 3 августи соли 2022 дар дохили боздоштгоҳ ё СИЗО №1 дар маркази шаҳри Душанбе оғоз ёфтааст. Дар ин бора рӯзи 5 август дар шабакаҳои иҷтимоӣ журналист Анора Саркорова, ки асосан рӯйдодҳои Бадахшонро пайгирӣ мекунад, хабар дод.

 “Дар СИЗО Душанбе мурофиаи сармушовири фармодеҳи Қӯшунҳои сарҳаддии Тоҷикистон генерал- майор Холбаш Холбашев  оғоз ёфт. Ҳамроҳи ӯ  дар ин  ба ном парвандаи Рӯшон ҳудуди 70 нафар мегузаранд. Ба зидди Холбаш Холбашев бар асоси 11 моддаи Кодекси ҷиноятии Тоҷикистон айб эълон кардаанд”, – навиштааст Анора Саркорова.

Бино ба иттилои ӯ, мурофиаи пушти дарҳои баста ба сурати махфӣ мегузарад ва хешовандони айбдоршавандагонро ба толори мурофиа роҳ надодаанд.

 “Манбаъҳо аз СИЗО хабар медиҳанд, ки генерал Холбаш Холбашев ва тақрибан 20 нафари дигарро ҳангоми мурофиа дар дохили панҷара ҷой карда буданд ва айбдоршавандагони дигар дар канори онҳо рост истода буданд”, – хабар медиҳад ин журналист.

Ӯ меафзояд, ки раиси ноҳияи Рӯшон Фаррух Додхудоев ва муовини ӯ Лайло Чоршанбиева ҳамчун шоҳид дар мурофиа иштирок доранд. Дар миёнаи моҳи май, дар ҷараёни эътирозҳо дар Вамар, маркази ноҳияи Рӯшон, бино ба иддаои мақомот, тазоҳургарон гӯё Додхудоев ва Чоршанбиеваро латтукӯб карда буданд. Тазоҳургарон инро рад мекарданд.

Анора Саркорова менависад, хешовандони онҳое, ки дар робита ба эътирозҳо дастгир шудаанд,  дар бораи ҷараёни тафтиши парвандаҳои онҳо ягон иттилоъ гирифта наметавонанд ва ҳатто дар бораи эълони ҳукми онҳо ҳангоми барояшон ба боздоштгоҳ ягон хӯрок ё пӯшок овардан, аз рӯйхатте, ки дар назди дарвозаи СИЗО овехтаанд, хабар меёбанд. “Дар ин рӯйхат ному насаби ҳабсшудагон, ҳамчунин бо кадом модда ба чанд сол маҳкум шудани онҳо навишта шудааст”, – хабар додааст Анора Саркорова.

Аз 14 то 17 майи соли 2022 дар Вамар эътирозҳои оммавӣ сурат гирифт. Рӯзи 17 май бо мақсади мамониат ба интиқоли нирӯҳои иловагӣ ба Хоруғ тазоҳургарон дар Рӯшон роҳи стратегии Душанбе – Хоруғ – Қулмаро, ки маҳсулоти сохти Хитой асосан тавассути он ба Тоҷикистону бархе кишварҳои ҳамсоя интиқол дода мешавад, бастанд. Мақомот ба ин вокуниши хеле шадид нишон дода, эътирозгарони Рӯшонро ба маблағузорӣ аз хориҷ, аз ҷониби “созмонҳои террористию ифротӣ” айбдор карданд ва субҳи 18 май дар Рӯшон амалиёти ҳарбиеро, ки ба он “амалиёти зиддитеррористӣ” ном гузоштанд, сар карданд.

Худи ҳамон рӯз мақомот эълон карданд, ки назорати Рӯшонро пурра ба дасти худ дароварда, эътирозгаронро саркӯб кардаанд. Мақомот ҳалокати 16 нафар ва боздошти беш аз 120 нафарро дар Рӯшон ва Хоруғ тасдиқ карданд. Вале манобеи дигар шумори кушташудагонро беш аз 40 нафар ва шумори дастгиршудагонро ҳудуди 200 нафар баршумурда, мегӯянд, дар байни куштаҳову дастгиршудаҳо роҳбарони эътирозҳо ва фаъолони ҷомиаи шаҳрвандӣ низ ҳастанд.

Генерал Холбаш Холбашев рӯзи 18 май вақте дастгир шуд, ки дар сафари хидматӣ дар ҷамоати Ворух дар марзи Исфара бо Қирғизистон қарор дошт.  Рӯзе баъд дар Душанбе ҳамсари собиқи ӯ журналист ва фаъоли ҷомиаи шаҳрвандӣ Улфатхоним Мамадшоева низ дастгир шуд. Мақомот Холбашеву Мамадшоеваро ҳамроҳ бо лидери ғайрирасмии маҳаллаи Бархоруғ Мамадбоқир Мамадбоқиров ва муовини раиси созмони оппозитсионии дар Тоҷикистон мамнӯи Паймони миллӣ Алим Шерзамоновро ба  ташкил ва роҳбарии эътирозҳои Рӯшону Хоруғ ва дарёфти пул аз хориҷ, аз ҷумла аз оппозитсия, барои анҷоми ин корҳо айбдор карданд.

Алим Шерзамонов, ки мақомот ӯро “канали алоқа” байни лидерҳои Бадахшон ва роҳбарони оппозитсия номиданд, инро рад карда, гуфта буд, мақомот бо сиёҳ кардани ӯ мехоҳанд сиёҳкориҳои худро дар Бадахшон сафед кунанд.

Сокинони Бадахшон мегӯянд, нирӯҳои қудратӣ ба зидди эътирозгарони осоишта аз силоҳи ҷангӣ истифода бурданд. Мақомот инро рад мекунанд ва меӯянд, дар ҷараёни “амалиёти ҳарбӣ” танҳо аъзои гуруҳҳои муташаккили ҷиноятӣ ва гуруҳҳои террористиву ифротӣ боздошт ё безарар гардонда шуда, касе аз аҳолии мулкӣ осеб надидааст.

Вале созмонҳои байналмилалӣ, аз ҷумла парлумони Аврупо ин иддаои мақомоти Тоҷикистонро қабул надоранд ва ба таҳқиқи байналмилалии ҳаводиси Бадахшон ва таъмини дастрасии озодонаи созмонҳои башарӣ ва ҳомии ҳуқуқ ба маҳалли муноқиша даъват мекунанд. Дар Душанбе даъват ба таҳқиқи байналмилалии рӯйдодҳои Бадахшонро рад мекунанд.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button