ВидеоХабарҳои кӯтоҳ

МАРГИ КӮДАК ДАР ЗЕРИ ЧАРХИ “ТОЙОТА” ДАР КӮШОНИЁН ВА ДУЗДИИ ПУЛИ ЗИЁД АЗ ЯК ХОНА ДАР ДУШАНБЕ

Шоми 3 август, соати 19:40, як кӯдаки даҳсола аз ноҳияи Рашт дар ҳудуди ноҳияи Кӯшониён хери чархи мошини “Тойота-Королла” монда, бар асари ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ дар беморхона ба ҳалокат расидааст. Ҳар сол бар асари садамаҳо дар роҳҳои Тоҷикистон то 400 нафар ба ҳалокат расида, беш аз 1200 тани дигар маъюб мешаванд..

хххххххххххххх

Наврасони 16 ва 17-сола дар Душанбе ба он гумонбар мешаванд, ки шаби 28 июл, соати 23, аз хонаи як сокини ноҳияи Фирдавсӣ 10 ҳазору 300 доллар ва 45 ҳазору 500 сомониро дуздидаанд.

Аз навори хабарҳои рӯзи 4 августи маркази матбуоти ВКД Тоҷикистон

Ҳалокати ноболиғ дар садамаи нақлиётӣ

1212

3-юми августи соли 2022, тахминан соати 19:40-дақиқа, ронандаи автомашинаи тамғаи “Тойота-Королла”, Усмоналиев Манучеҳр Раҷабалиевич, соли таваллудаш 1996, сокини ноҳияи Вахш, ҳангоми ҳаракат аз самти шаҳри Бохтар ба самти ноҳияи Вахш, дар ҳудуди ноҳияи Кӯшониён аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, ноболиғ Баҳромзода Ҳодисаи Зоиршоҳ, соли таваллудаш 2012, сокини ноҳияи Раштро пахш кардааст.
Дар натиҷа, ноболиғ Баҳромзода Ҳ.З. ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона ба ҳалокат расидааст.
Аз рӯи ин ҳодиса таҳқиқот идома дорад.

БАРОИ МАЪЛУМОТ

Ҳар сол бар асари садамаҳо дар роҳҳои Тоҷикистон то 400 нафар ба ҳалокат расида, беш аз 1200 тани дигар маъюб мешаванд. Бино ба охирин маълумоти ВКД, ки рӯзи 19 июл нашр шуд, дар 6 моҳи аввали соли 2022 дар Тоҷикистон 482 садама рӯй дода, дар ин садамаҳо 180 нафар ба ҳалокат расида ва 509 нафар ҷароҳат бардоштаанд. 

Дастгир гардидани 2 наврас бо ҷурми дуздӣ

vor-0504

Ба ШВКД-1 дар ноҳияи Фирдавсӣ бо ариза марди 33-солаи сокини шаҳри Душанбе муроҷиат намудааст, ки 28-уми июли соли 2022, тахминан соати 23:00, шахсони номаълум бо роҳи пинҳонӣ ба хонаи истиқоматиаш даромада, аз он ҷо 10 ҳазору 300 доллари амрикоӣ ва 45 ҳазору 500 сомониро дуздида, аз ҷойи ҳодиса ғайб задаанд.
Зимни гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия наврасони 16 ва 17-солаи сокинони шаҳри Душанбе ҳамчун гумонбар дар содир намудани ҷинояти дуздӣ дастгир карда шуданд.
Ин ҳодиса мавриди тафтиш қарор дорад.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button