ВидеоДин ва боварҳоРӯйдодҳои Бадахшон

ХАЛИФАИ МӮЪТАБАРИ ИСМОИЛИҲО, КИ МАРОСИМИ МОТАМИ БОҚИРРО РОҲБАРӢ КАРДА БУД, БА 5 СОЛИ ЗИНДОН МАҲКУМ ШУД

Pamir Today ва Pamir Daily News, ду расонаи мустақили хабарие, ки рӯйдодҳои Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшонро пвйгирӣ мекунанд, рӯзи 3 августи соли 2022 бо такя ба манобеи худ дар Хоруғ хабар доданд, ки як рӯҳонии муътабари пайравони мазҳаби исмоилӣ, халифаи маҳаллаи “Тирчид” (УПД) Музаффар Давлатмиров ба 5 соли зиндони низомаш умумӣ маҳкум шудааст.

Тафсилоти дигар ин ҳукм ҳанӯз дастрас нашудааст. Мақомот ҳукми халифа Музаффарро  то ҳол шарҳ надодаанд ва маълум нест, ки оё ӯ бар асоси кадом моддаи Кодекси ҷиноятии Тоҷикистон гунаҳкор шинохта шуда ва маҳкум ба зиндон шудааст?

Аксари аҳолии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон пайрави мазҳаби исмоилия буда, Карим Оғохонро роҳбари рӯҳонии худ мешуморанд.

Халифаи махаллаи “Тирчид” (УПД) Музаффар Давлатмиров рӯзи 26 июли соли 2022 барои “суҳбат” ба раёсати вилоятии Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон даъват шуда буд ва дигар барнагашт. Ӯро билофосила баъди он “суҳбат” ба ҳабс гирифтанд ва алакай баъди як ҳафта ҳукмашро бароварданд.

Манобеи “Бомдод” аз Хоруғ хабар доданд, ки маҳз халифа Музаффар маросими мотами лидери ғайрирасмии пурнуфузи Бадахшон Мамадбоқир Мамадбоқировро роҳбарӣ карда буд. Боқир 22 майи соли 2022 дар Хоруғ кушта шуд.

Моҳҳои май ва июни соли 2022 мақомоти қудратии Тоҷикистон мавҷи нави эътирозҳо дар Бадахшонро бо истифода аз силоҳи ҷангӣ ва нирӯ саркӯб карданд. Танҳо дар ноҳияи Рӯшон, бино ба ҳисобҳои ғайрирасмӣ, беш аз 40 нафар кушта шуда, дар умум дар Бадахшон ва берун аз он ҳудуди 200 тан аз фаъолон ва лидерҳои ғайрирасмии ин вилояти мухтор дастгир шуданд. Аз ҷумла аз 12 лидери ғайрирасмии фаъоли Бадахшон 3 нафараш (Мамадбоқир Мамадбоқиров, Хурсанд Мазоров ва Зоир Раҷабов)  дар Хоруғ кушта шуда, дигарон, аз ҷумла генерал Холбаш Холбашев ва Толиб Аёмбеков, бародари хурдии фармондеҳи машҳури нирӯҳои худдифои Бадахшон дар солҳои ҷанги шаҳрвандӣ Абдуламон Аёмбеков, маъруф ба Лёша-Горбун,  ба ҳабс гирифта шуданд.

Сокинони Бадахшон мегӯянд, нирӯҳои қудратӣ ба зидди эътирозгарони осоишта аз силоҳи ҷангӣ истифода бурданд. Мақомот инро рад мекунанд ва меӯянд, дар ҷараёни “амалиёти ҳарбӣ” танҳо аъзои гуруҳҳои муташаккили ҷиноятӣ ва гуруҳҳои террористиву ифротӣ боздошт ё безарар гардонда шуда, касе аз аҳолии мулкӣ осеб надидааст.

Вале созмонҳои байналмилалӣ, аз ҷумла парлумони Аврупо ин иддаои мақомоти Тоҷикистонро қабул надоранд ва ба таҳқиқи байналмилалии ҳаводиси Бадахшон ва таъмини дастрасии озодонаи созмонҳои башарӣ ва ҳомии ҳуқуқ ба маҳалли муноқиша даъват мекунанд. Дар Душанбе даъват ба таҳқиқи байналмилалии рӯйдодҳои Бадахшонро рад мекунанд,

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button