ВидеоХабарҳои кӯтоҳ

ДУ САДАМАИ МАРГОВАР ДАР БАЙНИ 4 СОАТ ДАР НОҲИЯИ ЁВОН

Маркази матбуоти ВКД Тоҷикистон хабар дод, ки шаб ва субҳи 2-юми августи соли 2022, дар байни тақрибан 4 соат, дар ҳудуди ноҳияи Ёвон ду садамаи нақлиётии марговар рӯй дода, бар асари ин садамаҳо ду ронанда ба ҳалокат расида ва як муосифр ҷароҳат бардоштааст.

Бино ба ин манбаъ, аз ҷумла шаби 2-юми август, тахминан соати 02:00, ронандаи автомашинаи тамғаи “Опел-Зафира”, Маркаев Баҳодур Яриқуллович, соли таваллудаш 1997, сокини ноҳияи Ёвон, ҳангоми ҳаракат аз самти ноҳияи Ёвон ба самти ноҳияи Рӯдакӣ, аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада ба автомашинаи тамғаи “Мерседес-Бенс”, таҳти идораи Назаров Ғуломали Нуралиевич, соли таваллудаш 1980, сокини ноҳияи Ёвон бархӯрдааст.
Дар натиҷа, ронандаи воситаи нақлиёти тамғаи “Мерседес-Бенс”, Назаров Ғ.Н. ҷароҳатҳои гуногуни ҷисмонӣ бардошта, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст ва мусофираш Саъдуллоев Ҷамшед Алмасхонович, соли таваллудаш 1992, сокини ноҳияи Ёвон ба саломатиаш ҷароҳати ҷисмонӣ бардошта дар беморхона бистарӣ шудааст.
Ҳамчунин, субҳи 2-юми августи соли 2022, тахминан соати 05:40, ронандаи автомашинаи тамғаи “БМВ”, Раҷабов Акбар Файзалиевич, соли таваллудаш 1989, сокини ноҳияи Ёвон, ҳангоми ҳаракат аз самти ноҳияи Ёвон ба самти ноҳияи А.Ҷомӣ, дар ҳудуди деҳаи Парчасой, аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, аз роҳи асосӣ баромада ба канали обгузари роҳи калони мошингард афтида, ронанда Раҷабов А.Ф. дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст.
Аз рӯи ин ҳодисаҳо таҳқиқот идома дорад.

БАРОИ МАЪЛУМОТ

Ҳар сол бар асари садамаҳо дар роҳҳои Тоҷикистон то 400 нафар ба ҳалокат расида, беш аз 1200 тани дигар маъюб мешаванд. Бино ба охирин маълумоти ВКД, ки рӯзи 19 июл нашр шуд, дар 6 моҳи аввали соли 2022 дар Тоҷикистон 482 садама рӯй дода, дар ин садамаҳо 180 нафар ба ҳалокат расида ва 509 нафар ҷароҳат бардоштаанд. 

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button