ВидеоҶомеа

ЯК СОКИНИ ПАНҶАКЕНТ БА ТАҶОВУЗ БА НОМУСИ ДУХТАРИ 14-СОЛАИ ҲАМСОЯ АЙБОР МЕШАВАД

Кормандони милитсияи Панҷакент рӯзи 2августи соли Бегиҷонов Абуқаҳҳор Абдуғафурович, санаи таваллудаш 12 апрели соли 1997, сокини деҳаи Қумоқи ҷамоати деҳоти ба номи Лоиқ Шералиро бо иттиҳоми таҷовуз ба номуси духтари ноболиғи санаи таваллудаш 27 декабри соли 2007 бо роҳи зӯроварӣ дастгир кардаанд. Ба Бегиҷонов, ки дар Қумоқ ӯро бештар бо номи Бобоҷон мешиносанд, бар асоси моддаи 138 Кодекси ҷиноятии Тоҷикистон барои таҷовуз ба номуси ноболиғи  14-сола то 12 соли зиндон таҳдид мекунад.

Манобеи огоҳи пойгоҳи хабарии “Бомдод” аз Панҷакент хабар доданд, ки Бегиҷонов ба таҷовуз ба номуси духтарчаи ноболиғе, ки ба ӯ ҳам ҳамсоя ва ҳам хешованд буд, айбдор мешавад.

Яке аз ҳамсуҳбатони “Бомдод”, ки натиҷаи ташхиси суддию тиббии ҷабрдидаро ба чашм дидааст, хабар дод, ки ташхис осори зиёди захму лат дар сару рӯи ҷабрдидаро низ мушоҳида карда, ба хулосае расидааст, ки Бегиҷонов ба муқовимати духтчарча нигоҳ накарда, ба номуси ӯ расидааст ва дар натиҷаи ин таҷовуз пардаи бакорати ҷабрдида даридааст.

Ҳамсуҳбатони “Бомдод” нақл карданд, ки ин ҳодиса субҳи 2 август рӯй додааст. Ҳамсари Бегиҷонов, ки бо модари ҷабрдида хеши наздик будааст, омада, аз модараш хоҳиш мекунад, ки мариз шудааст ва хуб мешуд, агар духтарашро ба хонаи онҳо фиристад, то ки ба вай дар корҳои хона ягон соат кумак расонад.

Модари бехабар  аз он ки ҷигарбандашро худаш ба чанги як аждаҳои нафс мефиристад, аз духтараш хостааст, ки ба хонаи ҳамсоя рафта, кумак расонад. Духтар низ бехабар аз онки чӣ ваҳшате ӯро дар онҷо мунтазир аст, бо пои худ ба хонаи ҳамсоя рафтааст.

Ҳодиса вақте ошкор шуд, ки соате баъд духтар бо сару рӯи кандаву хуншор ва гирёну нолон аз хонаи ҳамсоя баргашт ва ба волидонаш хабар дод, ки шавҳари ҳамсоя ҳангоми рӯбучини хонаашон фурсатро қулай шумурда, ба зӯрӣ ба номуси ӯ расидааст.

Волидони баргаштабахт фарзанди худро гирифта, барои ташхис бурдаанд ва тавре гуфтем, ташхис хулоса додааст, ки ба номуси ӯ дар ҳақиқат бо истифода аз зӯроварӣ таҷовуз сурат гирифтааст.

Дар пайи шикояти волидон, кормандони милитсия Бегиҷоновро дастгир кардаанд.

Вале волидони духтари ҷабрдида тарс доранд, ки Бегиҷонов метавонад ин дафъа ҳам аз об хушк баромада, худро аз ҷавобгарӣ халос кунад. Онҳо талаб доранд, ки ҳақ бояд ба ҳақдор расонда шуда, таҷовузкор ба ҷазои сазовор гирифтор карда шавад.

Бино ба маълумоти дарёфтии онҳо, гӯё Бегиҷонов соли гузашта низ ба номуси як духтар расида будааст, вале кадом хеши бонуфузаш ӯро аз ҷавобгарӣ халос кардааст.

Ҳамин тавр, соле пеш дар ҷараёни як муноқиша ӯ гӯё ҳамроҳи бародараш боҷааш  Ҷовид Ҷалоловро латтукӯб карда, мехостанд, ӯро ба дарёи Зарафшон партоянд. Вале дар ин ҳангоми бародари Ҷовид ногаҳон ба ҷои ҳодиса меояд ва Бегиҷонову бародараш қасди ҷиноии худро то ба охир расонда натавониста, аз ҷои ҳодиса фирор кардаанд.

Ҳамсуҳбатони “Бомдод” гуфтанд, ки он вақт ин ҳодиса боиси муноқишаи бузурге дар даруни авлод шуд, вале ҳамсари Бегиҷонов почояшро зорию илтиҷо кард, ки ба хотири вайрон нашудани оилаи вай ба ягон ҷо шикоят накунад.

Назари Бегиҷонов ва наздикони вай ба ин ҳама ҳаводис ҳанӯз дастрас нашудааст.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

One Comment

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button