ВидеоКоррупсия

КАВРАК КОКУЛОВРО БАРОИ СОХТМОНИ ХУДСАРОНАИ ХОНА ҶАРИМА БАСТАНД

Додгоҳи ноҳияи А.Ҷомии вилояти Хатлон Каврак Кокулов, сокини 62-солаи ноҳияи Ёвонро бо ҷурми сохтмони худсаронаи хонаи истиқоматӣ дар қитъаи замини худсарона ишғолкардааш гунаҳкор шинохта, ба андозаи 200 нишондиҳанда барои ҳисобҳо, баробар ба 12 ҳазору 800 сомонӣ, ё қариб 1200 доллар, ҷарима бастааст.

Ҳукми Кокулов ҳанӯз рӯзи 30 марти соли 2022 содир шудааст, вале маркази матбуоти Додситонии кулли Тоҷикистон тафсилоти ин парвандаро тоза рӯзи 29 июл нашр кард.

Бино ба ин манбаъ, “Кокулов Каврак Худоёрович, санаи таваллудаш 10 ноябри соли 1960, сокини ноҳияи Ёвони вилояти Хатлон, моҳи октябри соли 2021 ғайриқонунӣ, бе қарори мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияи А.Ҷомӣ, дар ҷамоати деҳоти Ифтихор, аз ҳисоби заминҳои фонди махсуси ноҳия, бе ягон ҳуҷҷати тасдиқкунанда, ба таври худсарона аз тарҳи №2-и харитаи заминистифодабарии ҷамоати деҳоти мазкур, масоҳати 0,08 гектар (8 садяк ё сотих) қитъаи заминро ғасб карда, дар он манзили истиқоматӣ сохтааст”.

 Аз тарафи прокурори ноҳияи А.Ҷомӣ, нисбати Кокулов К.Х, бар асоси қисми дуюми моддаи 338 Кодекси ҷиноятии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда, баъди анҷоми тафтишоти пешакӣ ба суд ирсол карда шуд. Кокулов дар ҳоле бо ҷарима ба маблағи 12 ҳазору 800 сомонӣ халос хӯрд, ки қисми дуюми моддаи 338 ҳамчун ҷазо барои сохтмони худсарона дар қитъаи замини худсарона ишғолнамуда ҷарима ба андозаи аз 365  то 912 нишондиҳанда барои ҳисобҳо ё маҳрум сохтан аз озодӣ ба мӯҳлати аз 2 то 5 солро пешбинӣ мекунад.

Масъалаи дастрасӣ ба қитъаҳои замин барои сохтани манзил дар Тоҷикистон, ки шумораи аҳолиаш рӯз то рӯз меафзояд ва дар 30 соли охир қариб 2 маротиба афзуда, аз 5,5 миллиони соли 1991 ҳоло ба 10 миллион нафар расидааст,  як масъалаи доғ ва метавон гуфт, мушкили №1 ба шумор меравад. Ҳар сол даҳҳо мансабдорро дар ин ҷумҳурӣ барои гирифтани пора аз сокинон бо ваъдаи ҷудо кардани қитъаи замин дастгир мекунанд ва  мақомот даҳҳо манзили алакай сохташудаи сокинонро ба далели “ғайриқонунӣ” ҷудо карда шуданаш хароб мекунанд.

Дар бораи сарнавишти хонаи “худсарона” дар замини “худсарона ишғолкарда” сохтаи Каврак Кокулов додситонӣ дар хабараш чизе нагуфтааст, ки оё баъди ҷарима ин хона бо ӯ монд ё мақомот вайронаш карданд?

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button