ВидеоМуҳоҷиронХабарҳои кӯтоҳ

МУСОДИРАИ 90 КИЛО НОС АЗ МУСОФИРОНИ ТОҶИК ДАР ФУРУДГОҲҲОИ АСТРАХАН ВА ВОЛГОГРАД

Кормандони боҷхонаҳои фурудгоҳҳои Астрахан ва Волгогради Русия дар нимаи аввали соли 2022 аз мусофироне, ки аз Тоҷикистон меомаданд, беш аз 90 кило нос мусодира кардаанд. Дар ин бора хадамоти матбуоти гумруки Астрахан хабар дод.

Сардори боҷхонаи фурудгоҳи Волгоград Дмитрий Клетсов ба хабаргузории маҳаллии Социнформбюро  гуфт, миқдори аз ҳама бузурги носи мусодирашуда 3 ва 4 кило буд, ки аз ду мусофири тоҷик гирифта шуд.

– Дар бағочи онҳо як навъ маводи хока дида шуд, ки дар пакетҳои полиэтиленӣ ҷобаҷо шуда буд. Ташхис нишон дод, ки ин мавод нос будааст, – нақл кардааст Дмитрий Клетсов.

Сардори боҷхонаи фурудгоҳи Астрахан Павел Хиврин гуфт, ба қаламрави Иттиҳоди иқтисодии АвроОсиё (ЕАЭС) ворид кардани беш аз 250 грамм нос ба сари ҳар мусофири калонсол мумкин нест.

Дар нимаи аввали соли 2022 дар умум дар фурудгоҳҳои Астрахан ва Волгоград нисбат ба муҳоҷирони тоҷик вобаста ба кӯшиши бо худ овардани нос 42 парвандаи маъмурӣ тартиб додаанд. Ба онҳо бар асоси қисми якуми моддаи 16,2 Кодекси қонуншиканҳои маъмурии Русия барои эъломияи накардани молҳояшон ҷарима ва мусодираи носи бо худ овардаашон таҳдид мекунад.

Нос як навъи тамокуест, ки бо иловаи оҳак ва бархе маҳсулоти дигар тайёр карда мешавад. Нос дар кишварҳои Осиёи Марказӣ, Афғонистон ва бархе дигар кишварҳои Шарқ харидори зиёд дорад, вале солҳои охир тавассути муҳоҷирон ин навъи тамоку дар байни як қисми ҷавонон дар Русия низ тарафдори зиёд пайдо кардааст.

Зоҳиран баъди дидани чунин тамоюл мақомоти Русия фурӯши носро манъ карданд. Бар асоси қонунҳои нав, маҳсулоти тамоку, аз ҷумла нос, ба андозаи беш аз 250 грамм барои ҳар нафари синнаш аз 18 боло, дигар моли барои истеъмоли шахсӣ ҳисоб намешавад ва ворид карданаш ба қаламрави Иттиҳоди иқтисодии АвроОсиё (ЕАЭС) манъ карда шудааст.

Вале бо ин вуҷуд, муҳоҷироне, ки нос мекашанд, ҳангоми сафар ба муҳоҷирати корӣ ба Русия кӯшиш мекунанд, ки бо худ захираи носашонро ҳам баранд, чунки нос нисбат ба сигор, ки нархаш торафт ба осмон дакка мехӯрад, хеле арзонтар аст.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button