ВидеоТоҷикистон

МУБОРАК БОД! РӮЗИ 23 ИЮЛ СОКИНИ 10-МИЛЛИОНУМИ ТОҶИКИСТОН ТАВАЛЛУД ШУД!

ДУШАНБЕ, 23.07.2022 /АМИТ «Ховар»/. Писаре, ки имрӯз, 23 июли соли 2022, соати 12:00 дар Таваллудхонаи рақами 2-и шаҳри Душанбе ба дунё омад ва ба ӯ Фирдавс ном гузошат шуд, сокини 10-миллионуми Тоҷикистон гардид. Ҳамин тариқ, Тоҷикистон мавқеи худро аз рӯи шумораи аҳолӣ дар Осиёи Марказӣ дар ҷойи 3-юм устувор кард, иттилоъ медиҳанд хабарнигорони АМИТ «Ховар».

Мувофиқи маълумоти Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, сокинони ноҳияи  Шоҳмансури шаҳри Душанбе Фаридун Баротов ва Махфират Шокирова волидони ин сокини 10-миллионуми кишвар мебошанд.

Падари ӯ муҳоҷири меҳнатӣ ва модараш хонашин аст. Фирдавс нахустин фарзанди ин оилаи ҷавон мебошад.

Вазни писарчаи нав ба дунё омада 3 кг 250 грамм буда, қадаш 50 см мебошад. Ҳолати кўдаки навзод ҳангоми таваллуд аз ҷониби мутахассисон аз рўи ҷадвали Апгар 7/8 хол баҳо дода шудааст.

Муовини cарвазири мамлакат Матлубахон Сатториён, муовини pаиси пойтахт Дилбар Одилзода аз номи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ барои оилаи сокини 10-миллиона калиди хонаи сеҳуҷрагиро тақдим намуданд.


Дар суҳбат ба хабарнигори АМИТ «Ховар» модари тифли навзод Махфират Шокирова ба Эмомалӣ Раҳмон ва Рустами Эмомалӣ миннатдории худро баён дошт.

Тавре дар суҳбат ба хабарнигори АМИТ «Ховар» сардори Раёсати омори демографӣ, шуғли аҳолӣ ва иҷтимоӣ Абдувалӣ Набизода  иброз намуд, то 1 апрели соли равон шумораи аҳолии мамлкат  9 млн 934,4 ҳазор нафарро ташкил медод. Аз шумораи аҳолии мамлакат 50,7 фоизашро мардон ва 49,3 фоизро занон ташкил медиҳад.Ҳамчунин ӯ иттилоъ дод, ки шумораи кӯдакон ва шаҳрвандони то синни 18-сола 40 фоизро ташкил медиҳад.

Ба гуфти мавсуф, дар Тоҷикистон  шумораи аҳолӣ рӯз то рӯз зиёд  мешавад,  ки омили асосии он таввалуди зиёд ва дарозумрӣ мебошад.

Вазири адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Музаффар Ашӯриён 15 июли соли равон зимни нишасти матбуотӣ иттилоъ дод, ки дар шаш моҳи соли равон дар Тоҷикистон 111,5 ҳазор кӯдак таваллуд шудааст, ки ин нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 6 фоиз зиёд мебошад.

Ба гуфти мавсуф, дар давраи ҳисоботӣ 16,3 ҳазор нафар фавтидааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 5 фоиз кам аст. Дар 30 соли охир шумораи аҳолии Тоҷикистон аз 5,5 миллион нафар ба 9,8 миллион нафар афзудааст, яъне 1,8 баробар зиёд шудааст.

Фирӯза ДАВЛАТЗОДА,
Тоҳир САИД (акс),
АМИТ «Ховар»

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button