Хабарҳои кӯтоҳҲодиса

РӮЗИ 18 ИЮЛ ҲАВО ДАР ТОҶИКИСТОН ТО +47 ДАРАҶА ГАРМ ШУД

Рӯзи 18 июли соли 2022 дар Тоҷикистон ҳаво хеле гарм шуда, ҳарорати ҳаво дар Душанбе рӯзона 39+41 дараҷа ва дар  водиҳои вилояти Хатлон 42+47 дараҷа гарм мешавад,

Бино ба иттилои Агентии обуҳавосанҷии Тоҷикистон, чунин ҳавои шадидан гарм дар Тоҷикистон дастикам то 20 июл боқӣ мемонад.

Ба иттилои ҳавошиносон,  рӯзи 18 июл дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҳавои  тағйирёбанда, асосан бебориш дар назар аст. Шамол аз самти шарқ бо суръати 4-9 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар ғарби вилоят шабона 15+20 дараҷа гарм, рӯзона 35+40 дараҷа гарм, дар шарқи вилоят шабона 6+11 дараҷа гарм ва рӯзона 20+25 дараҷа гарм мешавад.

Дар вилояти Суғд ҳавои тағйирёбанда, асосан бебориш  дар назар аст. Шамол аз самти шарқ бо суръати 5-10 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар водиҳо шабона 20+25 дараҷа гарм, рӯзона 37+42 дараҷа гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона 9+14 ва рӯзона 26+31 дараҷа гарм мешавад.

Рӯзи 18 июл дар вилояти Хатлон ҳавои софи бебориш пешгӯӣ мешавад. Шамол аз самти шарқ бо суръати 4-9 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар водиҳо шабона 29+34 дараҷа ва рӯзона 42+47 дараҷа гарм, дар доманакӯҳҳо шабона 19+24 дараҷа ва рӯзона 35+40 дараҷа гарм мешавад.

Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ ҳаво тағйирёбанда, асосан бебориш дар назар аст. Шамол аз самти шарқ бо суръати 4-9 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар водиҳо шабона 19+24 дараҷа ва рӯзона 36+41 дараҷа гарм мешавад. Дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона 13+18 дараҷа ва рӯзона 31+36 дараҷа гарм мешавад.

Дар шаҳри Душанбе ҳавои  камабри бебориш дар назар аст.  Шамол аз самти ғарб бо суръати 3-8 метр дар як сония мевазад. Ҳаво шабона 20+22 дараҷа ва рӯзона 39+41 дараҷа гарм мешавад.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button