Хабарҳои кӯтоҳ

МАРГИ 2 ПИЁДАГАРД ДАР 2 САДАМА ВА ДУЗДИИ 45 ҲАЗОР СОМОНӢ АЗ БОЗОРИ “КӮШОНИЁН”

ВКД Тоҷикистон хабар дод, ки субҳи 17 июли соли 2022,  дар байни ним соат, соатҳои 09:30 ва 10:00, ду пиёдагард, аз ҷумла як ноболиғ дар зери чархи мошинҳои роҳгузар ҷон бохтаанд.

Сокини 44-солаи ноҳияи Шуғнон Шукрихудоев Дарвеш соати 09:30 дар кӯчаи А.Қаҳҳорови пойтахт зери чарзи мошини “Тойота-Королла” монда, дар бемористон ҷон додааст. Соати 10:00 Абдуллоҷон Абдуллоеви 14-сола дар ҳудуди ноҳияи Б.Ғафуров зери чархи мошини “Киа” ба ҳалокат расидааст.

Ҳар сол бар асари садамаҳо дар Тоҷикистон то 400 нафар, аз ҷумла даҳҳо ноболиғ ба ҳалокат расида, беш аз 1200 тани дигар маъюб мешаванд.

хххххххххххххх

Сокини 32-солаи Бохтар ба он гумонбар мешавад, ки рӯзи 8 июл аз мағозаи фурӯши молҳои сантехникӣ дар бозори “Кӯшониён” дар пойтахт 45 ҳазор сомонӣ пулро дуздидааст.

Аз навори хабарҳои рӯзи 18 июли маркази матбуоти ВКД Тоҷикистон

Ҳалокати 2 пиёдагард дар ҳодисаҳои нақлиётӣ

016

17-уми июли соли 2022, тахминан соати 10:00, ронандаи автомашинаи тамғаи «Киа», Қодиров Наримонхон Расулович, соли таваллудаш 1994, сокини шаҳри Гулистон, ҳангоми ҳаракат дар роҳи мошингарди ноҳияи Б.Ғафуров бехатарии ҳаракати роҳро таъмин карда натавониста, ноболиғ Абдуллоев Абдуллоҷон Асадуллоевич, соли таваллудаш 2008, сокини ноҳияи мазкурро пахш намудааст.
Дар натиҷа, ноболиғ Абдуллоев А. аз ҷароҳати ҷисмонии бардоштааш дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст.
Ҳамин тариқ, 17-уми июли соли 2022, тахминан соати 09:30-дақиқа, ронандаи автомашинаи тамғаи «Тойота-Королла», Хизиров Ҷамшед Қурбоналиевич, соли таваллудаш 1997, сокини шаҳри Душанбе, ҳангоми ҳаракат дар кӯчаи А.Қаҳҳорови пойтахт аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, пиёдагард Шукрихудоев Дарвеш Шоғарибович, соли таваллудаш 1978, сокини ноҳияи Шуғнонро пахш намудааст.
Дар натиҷа, пиёдагарди мазкур ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона ба ҳалокат расидааст.
Аз рӯи ин ҳодисаҳо таҳқиқот идома дорад.

Ҳар сол бар асари садамаҳо дар Тоҷикистон то 400 нафар, аз ҷумла даҳҳо ноболиғ ба ҳалокат расида, беш аз 1200 тани дигар маъюб мешаванд.

Дастгир гардидани сокини шаҳри Бохтар бо ҷурми дуздӣ

72

Ба ШВКД дар ноҳияи И.Сомонӣ бо ариза марди 41-солаи сокини шаҳри Душанбе муроҷиат намудааст, ки 8-уми июли соли 2022, тахминан соати 12:50-дақиқа, шахси номаълум бо роҳи пинҳонӣ ба мағозаи фурӯши молҳои сантехникӣ, воқеъ дар бозори “Кӯшониён”-и ноҳияи .И.Сомонӣ даромада, аз он ҷо зиёда аз 45 ҳазор сомониро дуздида, аз ҷойи ҳодиса ғайб задааст.
Зимни гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия марди 32-солаи сокини шаҳри Бохтар ҳамчун гумонбар дар содир намудани ҷинояти дуздӣ дастгир карда шуд.
Аз рӯи ин ҳодиса тафтишот идома дорад.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button