Номаҳо ба президентҲуқуқи инсон

ДОДГОҲИ СПИТАМЕН ПАРВАНДАИ ГӮЁ БА МИЛИТСИЯ ИТОАТ НАКАРДАНИ ЗАНИ СОЛХӮРДАРО БЕАСОС БАРОВАРД (ВИДЕО+4 САНАД)

Раиси додгоҳи ноҳияи Спитамени вилояти Суғд дар як иқдоми дар таҷрибаи додгоҳҳои Тоҷикистон тақрибан бесобиқа даъвои шуъбаи милитсияи ин ноҳия нисбат ба Элобот Оғалиқова, сокини 59-солаи кӯчаи Сомониёни шаҳраки Навкатро беасос бароварда, қабул накардааст.

Милитсияи  ноҳия ба зидди ин зани солхӯрда бар асоси моддаи 479 Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Тоҷикистон бо иттиҳоми “итоат накардан ба амр ва талаботи қонунии корманди милитсия” парвандаи маъмурӣ тартиб дода, барои баррасӣ ба додгоҳ супурда буд. Ин банди қонун ҳамчун ҷазо ҷарима ба андозаи аз се то панҷ нишондиҳанда барои ҳисобҳо (як нишондиҳанда баробари 64 сомонӣ, ё наздики 6 доллар) ё ба мӯҳлати аз панҷ то понздаҳ шабонарӯз ҷазои ҳабси маъмуриро пешбинӣ мекунад.

Наздикони Оғалиқова тарс доштанд, ки шояд додгоҳи ноҳия бо милитсия сарбасар нашавад ва парвандаро бекамукост қабул карда, занро гунаҳкор барорад ва ҷазо диҳад. Роҳбарони милитсияи ноҳия аз пеш Оғалиқова ва писари ӯро тарсонда буданд, ки додгоҳ хоҳ нохоҳ аз онҳо пуштибонӣ мекунад ва беҳтар ин аст, ки онҳо ин иттиҳомро ба гардан бигиранд.

 Кормандони милитсия, ҳатто ҳафтаи гузашта барои қабули ин иттиҳом моил кардани Оғалиқова барои пули табобати ӯ 2500 сомонӣ ҷуброн пардохт карда, ваъда додаанд, ки агар иттиҳоми итоат накардан ба амри кормандони милитсияро қабул кунанд, додгоҳ онҳоро ягон ҷаримаи хурд мебандад, ки  пули ин ҷаримаро ҳам худи кормандони милитсия пардохт хоҳанд кард.

Вале раиси додгоҳи ноҳияи Спитамен рӯзи 15 июл худаш ин қазияро баррасӣ карда, баъди шунидани дидгоҳи тарафҳои баҳс, даъвои милитсияи пӯчу беасос номида, гуфтааст, кӣ бовар мекунад, ки як зани солхӯрдаи маъюб  ба се корманди тануманди милитсия итоат накардааст?

Элобот Оғалиқова иттиҳоми сарпечӣ аз иҷрои амри милитсияро комилан рад мекунад ва мегӯяд, ки рӯзи 27 июни соли 2022 кормандони милитсия баракс ӯро латтукӯб карданд ва бояд барои ин корашон ҷавоб диҳанд.

Ба гуфтаи наздикони ин зан, онҳо мехостанд, ки кормандони милитсия барои рафторашон аз Оғалиқова узр бипурсанд, вале то ҳол ин корро накардаанд.

“Муовини сардори милитсияи ноҳия Ҳайдар Шарифзода писари Оғалиқоваро даъват карда, ба ӯ 2500 сомонӣ додааст. Вале узр напурсидааст. Агар узр мепурсид, шояд инҳо ҳам аз даъвояшон мегаштанд. Табиб Бобоев, ки Оғалиқова ва писарашро бо дашномборон аз бемористон пеш карда буд, онҳоро даъват карда, барои рафтораш узр пурсидааст”, нақл кард  дар суҳбат бо пойгоҳи хабарии “Бомдод” як манбаи огоҳ аз ҷараёни ин моҷарои пурсарусадои пешомада байни милитсия ва як сокини оддии Спитамен.

“Бомдод” қаблан дар бораи ин моҷаро гузориши муфассале нашр карда буд. Ин моҷаро вақте оғоз ёфт, ки Элобот Оғалиқова субҳи 27 июни соли 2022 хост дар консерти идонае, ки дар Қасри фарҳанги ноҳия ба муносибати Рӯзи ваҳдат доир мешуд, иштирок кунад. Вале кормандони милитсия ӯро гӯё барои либоси сиёҳ дар тан доштанаш ба толор роҳ надодаанд ва ба шуъбаи милитсия бурда,  онҷо 7 соат нигоҳ доштаанд ва, ба гуфтаи Оғалиқова, ӯро дар милитсия латтукӯб ҳам кардаанд. Кормандони милитсия дар шарҳи ин амали худ гуфтаанд, ки Элобот Оғалиқова мехост ба раиси ноҳияи Спитамен, ки низ мебоист дар он консерт ҳузур медошт, дар мавриди масъалаи қитъаи замин арзи худро бирасонад ва ӯро ба ҳамин сабаб ба толор роҳ надоданд.

Дар ҳар сурат, вақте ки Элобот Оғалиқоваро аз милитсия ҷавоб доданд, вай мустақиман ба телефони боварии вазири корҳои дохилии Тоҷикистон Рамазон Раҳимзода шикоят карда, сипас  рост ба шуъбаи осебшиносии бемористони ноҳияи Спитамен муроҷиат кардааст. Вале табиб Наимҷон Бобоев баъди шунидани инки қазия ба кормандони милится рабт дорад, аз бистарӣ кардани Оғалиқова даст кашидаааст. Ӯ дар маълумотномааш ҳам менависад, ки варами дар бозуи чапи бемор мушоҳидашуда гӯё … кӯҳна буда, ба латтукӯби ӯ дар рӯзи 27 июн “аз ҷониби шахси маълум” ягон рабт надорад.

Вақте ки писари Элобот Оғалиқова Абдусаттор Қобилов ба ин санади навиштаи табиб эътироз мекунад, ки чаро ҳақиқатро наменависад?, Наимҷон Бобоев ӯро дашномҳои қабеҳ дода, таҳдид мекунад ва аз ҳуҷраи кориаш бароварда пеш мекунад. Ин лаҳзаи онҳоро дашном додан ва бо таҳдид пеш кардани Бобоевро наздикони Оғалиқова дар видео сабт кардаанд.

Эксперти тиббию судии ноҳияи Спитамен Ҳумоюн Қӯшмуродов низ баъди онки ба милитсия занг зада, хабардор шудааст, ки Оғалиқова аз бадрафтории кормандони милитсия шикоят дорад, аввал аз анҷом додани экспертизаи ӯ саркашӣ мекунад, вале вақте ки наздикони Оғалиқова пойфишорӣ мекунанд, чунин хулоса медиҳад, ки осебҳои бардоштани Оғалиқова … хеле сабук буда, зарар ба саломатӣ маҳсуб намешаванд. Эксперт ҳам дар мавриди варами бозуи Оғалиқова чунин хулоса додааст, ки он гӯё кӯҳна буда, ба қазияи рӯзи 27 июн рабт надорад.

Вақте ки ин моҷаро расонаӣ шуд, кормандони милитсияи Спитамен ба фишороварӣ ба Оғалиқова ва наздикони ӯ сар карда, ба зидди писари ӯ Абдусаттор Холиқов низ бар асоси моддаи 460 бо иттиҳоми майдаавбошӣ парвандаи маъмурӣ кушоданд. Онҳо ҳамин тавр, ин оиларо маҷбур мекарданд, ки видеоҳои нашршударо аз Интернет пок карда, ба телефони боварии вазири корҳои дохилӣ занг зада, шикояти худро пас бигиранд ва бигӯянд, ки айби худи мо шуда буд ва ягон даъво надорем. Дар иваз, кормандони милитсия ба Оғалиқова ва писараш ваъда додаанд, ки барои майдаавбошӣ ягон ҷаримаашон мебанданд, ки худи кормандони милитсия онро месупоранд ва бо ҳамин қазия тамом. Кормандони милитсияи Спитамен ба Оғалиқова ҳатто матни баёноташро ҳам худашон навишта, барои имзо додаанд, ки тибқи он, гӯё Оғалиқова  рӯзи 24 июн бо писараш Абдусаттор Холиқов ҷанҷол карда, рӯзи 27 июн ба Қасри фарҳанг барои он омад, ки “аз фурсати муносиб истифода бурда”, аз раиси ноҳия қитъаи замин дархост кунад ва аз писараш ҷудо зиндагӣ кунад.

Вале Элобот Оғалиқова ба ин тан надод ва ба додгоҳи вилояти Суғд шикоят навишта, мақомоти ҳифзи ҳуқуқи ноҳияи Спитаменро ба қасдгирӣ ва парвандабофӣ айбдор кардааст. Онҳо ҳамин тавр, аз табиб Наимҷон Бобоев талаб доштанд, ки барои дашномҳои додааш аз узр бипурсад.

Ахиран Оғалиқова дар робита ба ин қазия ба дастгоҳи президент, вазири корҳои дохилӣ ва ваколатдори ҳуқуқи инсони Тоҷикистон муроҷиат карда, аз роҳбарони кишвар барои гирифтани ҷилави милитсияи Спитамен кумак хостааст.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button