ВидеоХабарҳои кӯтоҳ

СОКИНИ ВОСЕЪ ПУЛИ 3 МОШИНИ ГАРОНБАҲОРО НАДОДААСТ, АЗ ДОХИЛИ “МЕРСЕДЕС” 2 ҲАЗОР ДОЛЛАР ДУЗДИДААНД

Сокини 26-солаи ноҳияи Варзоб ба он гумонбар мешавад, ки бо роҳи фиреб ба боварии марди 30-солаи сокини шаҳри Бохтар даромада, аз ӯ мошинҳои тамғаи “Лексус РХ”, “Лексус 470” ва “Тойота Камри”-ро ба маблағи 410 ҳазор сомонӣ нархгузорӣ карда гирифта ваъда додааст, ки баъди як моҳ пулашро медиҳад, вале то ҳол надодааст.

ххххххххххххххххххххх

Сокини 32-солаи Душанбе ба он гумонбар мешавад, ки рӯзи 14 июл дар хиёбони Ҳофизи Шерозӣ аз дохили як мошини “Мерседес”, ки ба сокини 41-солаи пойтахт тааллуқ дорад,  2 ҳазор доллар ва 5 ҳазор сомониро дуздидааст.

Аз навори хабарҳои рӯзи 16 июли маркази матбуоти ВКД Тоҷикистон

Ошкор шудани ҷинояти қаллобӣ

03

Ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия, марди 26-солаи сокини ноҳияи Варзоб, бо гумони қаллобӣ дастгир карда шуд.
Номбурда бо роҳи фиреб ба боварии марди 30-солаи сокини шаҳри Бохтар даромада, аз ӯ 3 мошини тамғаи “Лексус РХ”, “Лексус 470” ва “Тойота Камри”-ро ба маблағи 410 ҳазор сомонӣ нархгузорь карда, гирифта, ваъда додааст, ки баъди як моҳ пулашро бармегардонад, аммо то ҳол ваъдаашро иҷро накардааст.
Нисбат ба гумонбаршаванда бо моддаи 247 қисми 4, Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуд.
Аз рӯи ин ҳодиса тафтишот идома дорад.

Ошкор шудани ҳолати дуздӣ

010

Ба ШВКД дар ноҳияи И.Сомонӣ бо ариза марди 41-солаи сокини пойтахт муроҷиат намудааст, ки 14-уми июли соли 2022, шахси номаълум бо роҳи пинхонӣ аз дохили автомашинааш тамғаи «Мерседес Бенс», ки дар кӯчаи Ҳ.Шерозӣ беназорат меистод, 2 ҳазор доллари амрикоь ва 5 ҳазор сомониро дуздида, аз ҷойи ҳодиса ғайб задааст.
Зарари расонидашуда 26 ҳазор сомониро ташкил медиҳад.
Зимни гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия марди 32-солаи сокини шаҳри Душанбе ҳамчун гумонбар дар содир намудани ҷинояти дуздӣ дастгир карда шуд.
Аз рӯи ин ҳодиса тафтишот идома дорад.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button