Номаҳо ба президентҶомеа

ЭМОМАЛӢ РАҲМОН ДАР ХОВАЛИНГ МЕҲМОНИ ОИЛАИ ОДИНАЕВҲО ШУД, БА ОНҲО ЯК БАСТА КИТОБ ТУҲФА БУРД ( 9 АКС)

Хадамоти матбуоти президенти Тоҷикистон бо нашри 9 акс хабар дод, ки  рӯзи 16 июли соли 2022  дар чорчӯбаи сафари кориаш ба ноҳияи Ховалинги вилояти Хатлон президент Эмомалӣ Раҳмон ба хонаи истиқоматии шаҳрванд Илҳом Одинаев ташриф оварда, “бо маданияти истифодабарии замини наздиҳавлигӣ шинос шуд”.  Бино ба гузориши хадамоти матбуоти президент, “оилаи Одинаевҳо дар ноҳияи Ховалинг намунавӣ буда, дар ин хонавода фарзандони меҳнатдӯсту худшинос ва худогоҳ ба воя расидаанд”.

 Замини наздиҳавлигии Илҳом Одинаев 8 садякро ташкил медиҳад. Дар 4 садяки замин зироати кишоварзӣ, асосан сабзавот ва картошка кишт карда шуда, ҳамчунин дар назди ҳавлӣ дарахтони мевадиҳандаи себ, олуча, зардолу, шафтолу, гелос, олу, чормағз, нок, хурмо ва ангур парвариш карда мешаванд.

Ғайр аз замини наздиҳавлигӣ Илҳом Одинаев аз ҳисоби заминҳои президентӣ 15 садяк хоҷагии ëрирасонро дар ихтиëр дошта, дар низ картошка, сабзавот ва дигар зироат кишт кардааст. Ин шабу рӯз дар ноҳияи Ховалинг мавсими ҷамъоварии ҳосили зироат ва мева идома дорад ва оилаи Одинаевҳо низ, бино ба гузориши хадамоти матбуоти президент, дар ин шабу рӯз дастаҷамъона ба захира намудани маҳсулот, аз ҷумла ба тайëр кардани мураббо, хуриш ва шарбати меваю сабзавот машғул мебошанд.

“Зимни шиносоии Эмомалӣ Раҳмон бо шароити зиндагии оилаи мазкур маълум гардид, ки дар анбори захиравии ин хонадон ба миқдори зарурӣ маҳсулот, аз қабили гандум, лубиëдонагиҳо, мевагӣ, орду равған, биринҷ ва ғайра захира карда шудааст. Ҳамчунин дар 300 зарф шарбату ширинӣ ва хуришҳои гуногун омода кардаанд, ки барои ду соли оянда басанда мебошад”, гуфта мешавад дар гузориш.

Қарори маълум, Эмомалӣ Раҳмон чанд сол боз сокинонро аз расидани давраҳои сахт ҳушдор дода, даъват мекунад, ки ҳар оила захираи дусолаи хӯрокашро захира кунад. Вале мунтақидон захира кардани хӯроки дусоларо дар шароити Тоҷикистон коре ношуданӣ меноманд, чунки аксари оилаҳо шароит (анборҳо, рефрижератор, таҳхона ва пул) надоранд, ки барои ду сол хӯрокворӣ захира кунанд.

Бино ба иттилои хадамоти матбуоташ, президент Эмомалӣ Раҳмон ба оилаи Одинаевҳо бастаи адабиёти бадеӣ туҳфа карда, онҳоро ба мутолиаи китоб ва воқиф будан аз таъриху маданияти баланди миллати тоҷик ҳидоят кардааст.  “Сарвари давлат фаъолияти оилаи шаҳрванд Илҳом Одинаевро дар самти маданияти истифодаи замин шоистаи таҳсин ва намунаи ибрат ҳисобид”, гуфта мешавад дар гузориш.

Вақтҳои охир Эмомалӣ Раҳмон зимни сафарҳои кориаш ба минтақаҳо гоҳо ба хонаҳои сокинон низ меҳмон мешавад. Зоҳиран симосозон, ё имиҷмейкерҳои президент мехоҳанд бо чунни роҳ ба мардуми оддӣ наздик будани ӯро намоиш диҳанд.

Эмомалӣ Раҳмон субҳи 16 июл бо як сафари корӣ ба ноҳияи баландкӯҳи Ховалинг дар ҷануби Тоҷикистон сафар карда, дар маросими ифтитоҳи чанд иншоот иштирок карда, ба маъракаи ҷамъоварии ғалладона дар инҷо оғоз бахшид.

Шиносоӣ бо маданияти истифодаи замини наздиҳавлигии Илҳом Одинаев дар ноҳияи Ховалинг  16.07.2022

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button