СиёсатТоҷикистон

ТАҒЙИРОТИ КАДРӢ: ЭМОМАЛӢ РАҲМОН РАИСИ ДОДГОҲИ ОЛИИ ИҚТИСОДӢ ВА 9 ДОДРАСИ ДОДГОҲИ ОЛИРО ИВАЗ КАРД

Рӯзи 13 июли соли 2022 Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар соҳаҳои додгоҳӣ ва маорифи кишвар як силсила тағйироти кадрӣ ба амал оварда, дар Қасри миллат бо кадрҳое, ки ба вазифаҳои судяҳои Суди Олӣ ва Суди Олии иқтисодӣ интихоб гардиданд, мулоқот кард.

Эмомалӣ Раҳмон аз ҷумла ба Маҷлиси миллӣ пешниҳод кардаааст, ки Қаландарзода Мавлуда Сатторӣ бо сабаби ба кори дигар гузаштанаш аз вазифаи Раиси Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Комили Файзалӣ аз вазифаи муовини раиси Суди Олӣ бозхонд шуда,

Мирзозода Рустам Пираҳмад ба вазифаи раиси Суди Олии иқтисодӣ,

Комилӣ Файзали ба вазифаи муовини якуми раиси Суди Олӣ,

Хайриддинзода Азизбек ба вазифаи муовини раиси Суди Олии иқтисодӣ,

Одиназода Ҷонфидо Халил ба вазифаи судяи Суди Олии иқтисодӣ ва 9 нафар:

Бекзода Абдураҳим Абдулло,

Ғуломзода Иноятулло Шарифҷон,

Ёқубзода Абдураҳмон Холдор,

Иброҳимзода Шамсиддин Саймудин,

Маҳмадзода Хуршед Бобохон,

Солеҳзода Зарина Тағойназар,

Усмонзода Тоҷиддин,

Хафиззода Темур Ҷамшед,

Холиқмуродзода Далер Абдуғаффор ба вазифаи Судяи Суди Олии Тоҷикистон пешбарӣ шаванд.

 Рӯзи 13 июл ҳамчунин бо қарорҳои ҳукумат, Қурбонзода Маҳмадалӣ Раҳмат бо сабаби ба кори дигар гузаштан аз вазифаи ректори Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон озод карда шуда, ба ҷои Назарзода Хайрулло Холназар  роҳбари ин донишгоҳ таъйин шуд. Ҳамин тавр, Шарифзода Боймурод Бобопур бо сабаби ба кори дигар гузаштан аз вазифаи директори Институти забон ва адабиёти ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон озод карда шуда, ба ҷои ӯ Шарифзода Фарангис Худоӣ, фарзанди донишманди фақид Худоӣ Шариф, мудири ин пажуҳишгоҳ таъйин гардид. Ҳамчунин бо як қарори дигари ҳукумат Рустамзода Замира Темурмалик директори Муассисаи давлатии таълимии «Мактаби Президентӣ барои хонандагони болаёқат дар шаҳри Бӯстони вилояти Суғд» таъин карда шуд.

ФАРМОНИ
ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Дар бораи озод намудани судяҳо

Мутобиқи моддаи 69 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон фармон медиҳам:
Мирзозода Рустам Пираҳмад аз вазифаи раиси суди вилояти Хатлон,
Ёқубзода Абдураҳмон Холдор аз вазифаи раиси суди шаҳри Бохтари вилояти Хатлон,
Иброҳимзода Шамсиддин Саймудин аз вазифаи муовини якуми раиси суди ноҳияи Ёвони вилояти Хатлон,
Ғуломзода Иноятулло Шарифҷон аз вазифаи раиси суди ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳи вилояти Суғд,
Холиқмуродзода Далер Абдуғаффор аз вазифаи муовини якуми раиси суди шаҳри Душанбе,
Ҳафиззода Темур Ҷамшед аз вазифаи судяи суди шаҳри Душанбе,
Шӯҳратзода Улуғбек аз вазифаи судяи суди шаҳри Душанбе,
Маҳмадзода Хуршед Бобохон аз вазифаи муовини раиси суди ноҳияи Синои шаҳри Душанбе,
Солеҳзода Зарина Тағойназар аз вазифаи муовини якуми раиси суди ноҳияи Рӯдакӣ бо сабаби ба кори дигар гузаштан озод карда шаванд.

Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон

ш. Душанбе
13 июли соли 2022
№411

ФАРМОНИ
ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Дар бораи озод намудани судяҳо

Мутобиқи моддаи 69 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон фармон медиҳам:
Хайриддинзода Азизбек аз вазифаи раиси Суди иқтисодии вилояти Хатлон,
Одиназода Ҷонфидо Халил аз вазифаи судяи Суди иқтисодии вилояти Хатлон бо сабаби ба кори дигар гузаштан озод карда шаванд.

Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон

ш. Душанбе
13 июли соли 2022
№412

ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
ҚАРОР

аз 13 июли соли 2022 №332
ш. Душанбе

Дар бораи аз вазифаи ректори
Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон
озод намудани Қурбонзода М.Р.

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
Қурбонзода Маҳмадалӣ Раҳмат бо сабаби ба кори дигар гузаштан аз вазифаи ректори Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон озод карда шавад.

Раиси
Ҳукумати Ҷумҳурии
Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон

ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
ҚАРОР

аз 13 июли соли 2022 №333
ш. Душанбе

Дар бораи аз вазифаи директори Институти забон ва адабиёти
ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакии Академияи миллии илмҳои
Тоҷикистон озод намудани Шарифзода Б.Б.

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
Шарифзода Боймурод Бобопур бо сабаби ба кори дигар гузаштан аз вазифаи директори Институти забон ва адабиёти ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон озод карда шавад.

Раиси
Ҳукумати Ҷумҳурии
Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон

ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
ҚАРОР

аз 13 июли соли 2022 №334
ш. Душанбе

Дар бораи ректори Донишгоҳи
давлатии тиҷорати Тоҷикистон
таъин намудани Назарзода Х.Х.

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
Назарзода Хайрулло Холназар ректори Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон таъин карда шавад.

Раиси
Ҳукумати Ҷумҳурии
Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон

ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
ҚАРОР

аз 13 июли соли 2022 №335
ш. Душанбе

Дар бораи директори Муассисаи давлатии
таълимии «Мактаби Президентӣ барои
хонандагони болаёқат дар шаҳри Бӯстони вилояти Суғд»
таъин намудани Рустамзода З.Т.

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
Рустамзода Замира Темурмалик директори Муассисаи давлатии таълимии «Мактаби Президентӣ барои хонандагони болаёқат дар шаҳри Бӯстони вилояти Суғд» таъин карда шавад.

Раиси
Ҳукумати Ҷумҳурии
Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон

ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
ҚАРОР

аз 13 июли соли 2022 №336
ш. Душанбе

Дар бораи директори Институти забон ва адабиёти
ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакии Академияи миллии илмҳои
Тоҷикистон таъин намудани Шарифзода Ф.Х.

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
Шарифзода Фарангис Худоӣ директори Институти забон ва адабиёти ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон таъин карда шавад.

Раиси
Ҳукумати Ҷумҳурии
Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button