ВидеоХабарҳои кӯтоҳ

ҲАЛОКАТИ КӮДАКИ ШАШСОЛА ДАР ЗЕРИ ЧАРХИ МОШИНИ РОҲГУЗАР ДАР НОҲИЯИ АЙНӢ

Маркази матбуоти  ВКД Тоҷикистон хабар дод, ки 12-уми июли соли 2022, тахминан соати 17:30, ронандаи автомашинаи тамғаи «Опел-Астра», Холов Шоҳрух Саидмирзоевич, соли таваллудаш 1996, сокини шаҳри Бӯстон, ҳангоми ҳаракат дар шоҳроҳи «Душанбе-Хуҷанд-Чанноқ», дар ҳудуди деҳаи Петеи ноҳияи Айнӣ бехатарии ҳаракати роҳро таъмин карда натавониста, пиёдагарди хурдсол Сафаров Абдумалик Толибович, соли таваллудаш 2016, сокини ноҳияи Айниро пахш намудааст.

Дар натиҷа, хурдсол ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона ба ҳалокат расидааст.
Аз рӯи ин ҳодиса таҳқиқот идома дорад.

Роҳҳои Тоҷикистон аз лиҳози садамаҳо пурхатар дониста мешаванд. Бино ба омори расмии ВКД Тоҷикистон, соли 2021 бар асари 1102 садамаи нақлиётӣ  дар роҳҳои ҷумҳурӣ 395 нафар ба ҳалокат расида, 1 218 нафар ҷароҳати ҷисмонӣ бардоштаанд. Суръати баланди ҳаракат ва риоя накардани қоидаҳои ҳаракат дар роҳ, ҳамчунин роҳҳову мошинҳои фарсуда аз иллатҳои умдаи садамаҳо, аз ҷумла садамаҳои марговар дар роҳҳои Тоҷикистон ном бурда мешаванд. Вақтҳои охир ҳангоми рондани мошин истифода бурдани телефонҳои мобил ба як сабаби дигари умдаи садамаҳо, аз ҷумла садамаҳои марговар табдил ёфтааст.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button