ВидеоДин ва боварҳоТиб ва беҳдошт/Муҳити зист

ДУ ҲОҶӢ АЗ ТОҶИКИСТОН ДАР МАККА ФАВТИДААНД

Дар ҷараёни адои маносики Ҳаҷ дар Арабистони Саудӣ имсол ду зоир аз Тоҷикистон дар Макка вафот кардаанд. Дар ин бора дар мусоҳиба бо сухангӯи Кумитаи дини Тоҷикистон Афшин Муқим сардухтури мавсими ҳаҷ-2022 Тӯрахон Шарифзода хабар додааст.

“Мутаассифона, дар айёми будубоши зоирон дар Мино ду зоири тоҷик – Расулов Муҳаммад, сокини 62-солаи ш. Исфара ва Тоҷиева Қизларгул, сокини 64-солаи ноҳияи Қубодиён вафот намуданд. Ҳарду зоири тоҷик бинобар сабаби сактаи дил даргузаштанд. Маросими ҷанозаи ҳарду марҳум дар “Масҷид-ул-ҳарам” баргузор гардид”, – гуфтааст Шарифзода.

Тӯрахон Шарифзода гуфт, дар меҳмонхонаҳо барои хидматрасонӣ ба зоирони тоҷик нуқтаҳои тиббӣ ташкил шуда, дорувори гуногун ва ҳамчунин 30 ҳазор ниқоб харидорӣ кардаанд. Ӯ афзуд, дар рӯзҳои будубоши зоирон дар Мино, Арафот ва Муздилифа ин нуқтаҳои тиббӣ дар ин маконҳо дар хидмати зоирон буданд.

Тӯрахон Шарифзода дар посух ба ин суол ки зоирони тоҷик ба табибон бештар бо кадом бемориҳо муроҷиат мекунанд?, гуфт: “Бинобар сабаби гармии аз ҳад зиёди ҳаво азбаски зоирон оби хунук менӯшанд, асосан муроҷиатҳои онҳо бо беморҳои дарди гулӯ, зуком, баландшавии ҳарорат, бемадорӣ, дарди мушакҳо, фишорбаландӣ ва ба ин монанд аст”.

Ӯ афзуд, ки “хушбахтона, миёни зоирони мо ягон ҳолати гирифторӣ ба бемории сироятии “COVID-19” ба қайд гирифта нашудааст”.

Кумитаи дин гуфт, ҳоло мавсими Ҳаҷ амалан ба анҷом расид. Зоирон баъди вуқуф дар Мино, Арафот ва Муздалифа дубора ба меҳмонхонаҳо баргаштанд ва аз 13 июл сафари онҳо ба Мадинаи мунаввара оғоз мешавад.

Арабистони Саудӣ солҳои 2020 ва 2021 ба далели пандемияи коронавирус сафари Ҳаҷро барои зоирони хориҷӣ манъ карда буд, вале имсол ба тақрибан як миллион нафар зоири хориҷӣ иҷозати адои маносики Ҳаҷ дод. Аз ҷумла аз Тоҷикистон беш аз 3500 нафар иҷозати сафар ба Маккаву Мадина гирифтанд.

Матни пурраи мусоҳибаи Тӯрахон Шарифзода инҷост:

ДАР БОРАИ ВАЗЪИ СИҲҲАТИИ ЗОИРОНИ ТОҶИК ДАР МАККА

(Мусоҳиба бо сардухтури мавсими ҳаҷ-2022 Тӯрахон Шарифзода)

Шароити хизматрасониҳои тиббӣ ба зоирони тоҷик чӣ гуна аст?

– Дар мавсими исмолаи ҳаҷ шароити хубе барои пешниҳоди хизматрасониҳои тиббӣ ба зоирони тоҷик муҳайё шудааст. Аз ҷумла, дар меҳмонхонаҳо нуқтаҳои тиббӣ ташкил карда шудааст, ки ҳамарӯза дар ин нуқтаҳо гурӯҳи табибон ба зоирон хизмат мерасонанд. Гузашта аз ин, имсол қариб ду тонна доруҳое, ки барои табобати бемориҳои мавсимӣ пешбинӣ шудаанд, харидорӣ ва дар нуқтаҳои тиббӣ нигаҳдорӣ шудаанд. Инчунин барои пешгирӣ аз бемориҳои сироятӣ 30 ҳазор ниқоби тиббӣ харидорӣ гардид. Нуқтаҳои тиббӣ кори худро дар рӯзҳои будубоши зоирон дар Мино, Арафот ва Муздилифа низ хуб ба роҳ монданд.

Асосан ҳоҷиёни Тоҷикистон бо кадом бемориҳо ба пизишкон муроҷиат мекунанд?

– Бинобар сабаби гармии аз ҳад зиёди ҳаво азбаски зоирон оби хунук менӯшанд, асосан муроҷиатҳои онҳо бо беморҳои дарди гулӯ, зуком, баландшавии ҳарорат, бемадорӣ, дарди мушакҳо, фишорбаландӣ ва ба ин монанд аст.

Шумо аз баландшавии ҳарорат гуфтед. Оё миёни зоирон ҳолатҳои гирифторӣ ба бемории сироятии коронавирус мушоҳида гардидааст?

– Хушбахтона, миёни зоирони мо ягон ҳолати гирифторӣ ба бемории сироятии “COVID-19” ба қайд гирифта нашудааст.

Ҳоло мавсими ҳаҷ амалан ба анҷом расид. Зоирон баъди вуқуф дар Мино, Арафот ва Муздалифа дубора ба меҳмонхонаҳо баргаштанд ва аз фардо сафарбарнамоии онҳо ба Мадинаи мунаввара оғоз мешавад. Оё то ин дам ягон ҳолати фавти зоирон ба қайд гирифта шудааст? Чун дар солҳои гузашта мо шоҳиди чунин ҳолатҳо будем

– Мутаассифона, дар айёми будубоши зоирон дар Мино ду зоири тоҷик – Расулов Муҳаммад, сокини 62-солаи ш. Исафара ва Тоҷиева Қизларгул, сокини 64-солаи ноҳияи Қубодиён вафот намуданд. Ҳарду зоири тоҷик бинобар сабаби сактаи дил даргузаштанд. Маросими ҷанози ҳарду марҳум дар “Масҷид-ул-ҳарам” баргузор гардид.

http://din.tj/tj/node/418#sthash.OZuIhkCR.dpbs

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button