ВидеоМуҳоҷирон

РАҲОИИ БЛОГЕРИ ЗОДАИ ТОҶИКИСТОН РУСЛАН БОБИЕВ ВА ДӮСТУХТАРИ РУСАШ АЗ ЗИНДОНИ РУСИЯ (ВИДЕО)

Блогери зодаи Тоҷикистон Руслан Бобиев (Муродҷонзода Руслани Талабҷон) ва дӯстдухтари руси ӯ Анастасия Чистова баъди адои 10 моҳ ҳукми зиндонашон ба озодӣ баромадаанд. Бобиев ва дугонааш дар тирамоҳи соли гузашта дар пайи нашри акси пурҷанҷол дар паҳлуи калисои Василий Блаженний дар маркази пойтахти Русия, ки дар он Чистякова ва Бобиева саҳнаи алоқаи ҷинсии даҳониро бозӣ мекарданд, дастгир карда шуданд. Руслан Бобиев бояд акнун қаламрави Русияро ҳам тарк кунад, чунки ӯро қабл аз ҳукми зиндонаш ба ихроҷ аз қаламрави Русия низ маҳкум карда буданд.

Ёдовар мешавем, додгоҳи ҳакамии № 370 ноҳияи Твери шаҳри Маскав рӯзи 29 октябри соли 2021 блогери зодаи Тоҷикистон Руслан Бобиев ва шарики ӯ Анастасия Чистоваро ба 10 моҳи зиндон маҳкум кард. Додгоҳ ҳардуро дар  таҳқири эътиқоди диндорон гунаҳкор шинохт.

“Додгоҳ муқаррар кард, ки онҳо дар маҳзари ом даст ба амалҳое задаанд, ки баёнгари беэҳтиромии ошкоро ба ҷомиа  буда, бо мақсади таҳқири эътиқодии мазҳабии диндорон содир карда шудаанд. Ҳар кадоми онҳо ба 10 моҳи маҳрумият аз озодӣ бо адои ҷазо дар маҳбаси низомаш умумӣ  маҳкум карда шуданд “, – хабар дода буд хадамоти матбуоти додгоҳ.

Руслан Бобиев ва Анастасия Чистова барои нашри акси имитатсияи алоқаи ҷинсии даҳонӣ дар назди калисои Василий Блаженний дар маркази пойтахти Русия  бар асоси қисми якуми моддаи 148 Кодекси ҷиноятии Русия ба таҳқири эътиқоди диндорон гунаҳкор дониста шуданд. Ин яке аз нахустин парвандаҳо бар асоси ин банди қонун дар Маскав аст.

Худи Руслан Бобиев баъди боздошташ  дар чанд видео, ки мақомоти ҳифзи ҳуқуқ дар ҳолатҳои таҳқиромез, аз ҷумла дар даруни бордони мошин сабт ва паҳн карданд, барои ҳам барои аксгирӣ дар назди калисо ва ҳам барои ба он духтар пӯшондани либоси пулис узр пурсид ва илтиҷо кард, ки ӯро ба Тоҷикистон депортатсия кунанд. “Дигар ҳеҷ гоҳ даст ба чунин кор намезанам”,  – қасам хӯрда буд ӯ дар рафти сабт.

Ёдовар мешавем, Руслан Бобиев рӯзи 30 сентябр дар шаҳри Маскав бо иттиҳоми таҳқири эътиқоди мардуми диндор боздошт шуд. Ӯ рӯзи 29 сентябр дар саҳифаҳояш дар чанд шабакаи иҷтимоӣ як силсила аксҳояш бо як духтари қиёфааш славяниро, ки дар пасманзарашон калисои Василий Блаженний дар майдони Сурх дар маркази Маскав менамояд, нашр кард.

Дар байни ин аксҳои дар умум  қобили қабул як акси беадабонае ҳам буд, ки мавҷи вокунишҳои манфӣ ва даъватҳо аз мақомоти Русия барои боздошт ва муҷозоти ин блогерро ба бор овард.

Дар ин акс блогери тоҷик ва духтаре, ки дар тан либоси пулис дошт, дар пасманзари калисо саҳнаи алоқаи ҷинсиро дар шакли робитаи ҷинсии даҳонӣ (оральный секс) вонамуд мекунанд. Руслан Бобиев дар зери ин акси иғвобарангез навиштааст: “Кодекси меҳнат кодекси ҷиноятӣ нест, онро метавон вайрон ҳам кард.”

Гуфта мешуд, ки блогер ба хотири 10 ҳазор лайк даст ба сабту нашри ин аксҳои иғвобарангез задааст. Расонаҳо навишта буданд, ки ба болои ин, пулиси Маскавро ба тани дӯстдухтари блогери тоҷик пӯшондани либоси пулис боз ҳам бештар ба хашм овардааст.

Бобиев дар Инстаграм 101 ҳазор ва дар ТикТок 5 ҳазор пайрав дошт. Руслан Бобиев зодаи деҳаи Ёгеди ноҳияи Дарвоз буда, баъди хатми мактаби №6 дар зодгоҳаш ба шаҳри Сочии Русия ва ахиран аз онҷо ба Маскав кӯчидааст. Ӯ қаблан ҳам барои як силсила видеоҳои иғвобарангез, ки одамонро аз пушт омада мезад,  дастгир шуда буд.

Бобиев ягона блогери тоҷик нест, ки дар Русия зиндонӣ шудааст.

Соли 2019  овозхони рэп ва блогери тоҷик Самандар Раҷабов дар пайи як гирдиҳамоии эътирозии оппозитсияи руся дар Маскав ба ҳамла бо шишаи об ба афсари пулис айбдор шуда, қариб ним солро пушти панҷара ба сар бурд.

Блогер Кароматулло Ҷаборов моҳи феврали соли 2020 барои як пранки ноҷо дар мавзӯи коронавирус дар метрои Маскав дастгир шуд ва танҳо дар аввали моҳи сентябри соли 2021, баъди дар пушти панҷара паси сар кардани 1 солу 8 моҳ тавонист ба озодӣ барояд.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button