ВидеоХабарҳои кӯтоҳҲодиса

ФАВРӢ!!! ЯК КӮДАКИ ХУРДСОЛ ДАР ДУШАНБЕ ГУМ ШУДААСТ!!!

Рӯзи 11 июли соли 2022 Аминҷон Одиназодаи хурдсол дар шаҳри Душанбе гум шуд.

Аминҷон ҳамроҳи падараш аз аквапарки “Обшорон” берун мебаромад, вале баъди чанде падараш дид, ки ӯ нест.

Наздиконаш дар бораи куҷо шудани Аминҷон дигар ягон хабар надоранд.

Аминҷон дар сар кӯлоҳи рангаш тира, дар танаш футболкаи беостин ва шими рангаш низ тира дошт.

Аз ҳамаи онҳое, ки Аминҷонро дидаанд ваё дар бораи куҷо буданаш маълумоте доранд, хоҳиш мекунем, ки ба ин рақамҳо занг бизананд:

+992 918 26 26 79

+992 935 55 45 75

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button