ВидеоТоҷикистон

“АЗ ДАҲОНУ БИНИЯШ ХУНИ ЗИЁД РАФТА БУД.” ҶУЗЪИЁТИ МАРГИ ПОЛКОВНИК АБУБАКР САИДЗОДА

Радиои Озодӣ

Камаш ду манбаъ дар ҳукумат ва бемористони ноҳияи Данғараи вилояти Хатлон гуфтанд, ки Абубакр Саидзода, раиси Идораи ҳолатҳои фавқулодаи Кӯлоб, “бар асари латукӯб ва захмҳои бардоштааш” дар шифохона ҷон додааст.

Пештар чанд ҳамсуҳбати Радиои Озодӣ гуфтанд, Саидзода баъди ҷанҷол бар сари тақсими об дар замини пахтааш даргузашт. Яке аз онҳо фишори хунро сабаби марги ӯ номида буд. Мақомот ба таври расмӣ дар бораи марги ӯ иттилоъ надодаанд. Хулосаи пизишкон ҳам дастрас нест.

Дар ҳамин ҳол, ду манбаи Радиои Озодӣ дар ҳукумат ва бемористони ноҳияи Данғара рӯзи 11-уми июл гуфтанд, “дар бадани Абубакр Саидзода осори латукӯб буд.”

Ба иттилои онҳо, “ӯро соати 11:15-и 10-уми июл ба беморхона оварданд, аммо пизишкон наҷот дода натавонистанд. Аз даҳону бинияш хуни зиёд рафта буд ва эҳтимол бар асари зарб ҷигар ё дилаш кафидааст.”

Ҷасади Абубакр Саидзодаро ташхис кардаанд ва ҳанӯз натиҷаҳои он эълон нашудааст.

Сарҳанг (полковник) Абубакр Саидзода аз нимаи дуюми соли 2015 дар мансаби раиси Идораи ҳолатҳои фавқулодаи минтақаи Кӯлоб кор мекард. Ҳамзамон, ба қавли ҳамсуҳбатони мо, дар ноҳияи Данғара “20 гектар замини пахта дошта”, бо шаш писараш истифода мекард.

Ба иттилои мусоҳибони Озодӣ, баҳси ин мақомдор бо Шайбоновҳо, як хонаводаи пурнуфуз дар Данғара, сар задааст. Онҳо дар канори замини Саидзода кишти ҷуворимакка доштаанд. Талошҳои мо барои фаҳмидани мавқеи Шайбоновҳо то ин дам бенатиҷа буд.

“Саидзодаро панҷ нафар задаанд. Ду писари худи Саидзода ҳам дар ҷойи ҳодиса будаанд,” – гуфтанд мусоҳибони мо дар Данғара.

Дар ҳоле ки мавқеи Шайбоновҳо маълум нест, баъзе аз шарҳнависон дар сомонаи Радиои Озодӣ иддао кардаанд, ки яке аз наздикони ин хонавода низ гуё захмӣ ва дар бемористон аст. Мақомот рад ё инкор намекунанд.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button