ВидеоМуҳоҷирон

13-СОЛӢ ҲУКМИ ДУ ТОҶИК ДАР ТОТОРИСТОН БАРОИ ҚОЧОҚИ 20 КИЛО МАВОДИ МУХАДДИР

Додгоҳи шаҳри Набережние Челнии ҷумҳурии Тотористони Русия ду зодаи Тоҷикистонро бо ҷурми  дар ду ҷомадон аз тариқи ин шаҳр интиқол додани 20 кило маводи мухаддир гунаҳкор шинохт ва ҳар кадоми онҳоро маҳкум ба 13 соли зиндон кард.

Ин ду зодаи Тоҷикистон, ки яке 44 ва дуюмӣ 43 сол дорад, моҳи марти соли 2021 дар посгоҳи “Тула-1”  дар ҳоле ба даст афтоданд, ки дар як минивэни тамғаи “Nissan Caravan Elgrand” аз шаҳри Маскав ба сӯи шаҳри Красноярск сафар доштанд. Кормандони пулис дар ин посгоҳ мошини онҳоро манъ карда, ҳангоми кофтукоб дар дохили салони мошин ду ҷомадонро пайдо карданд, ки пур аз маводи мухаддир буд. Дар умум, аз ин ду зодаи Тоҷикистон 19,7 кило маводи мухаддири ҳероин, 6-моноатсетилморфин в атсетилкодеин мусодира карданд. Гуфта мешуд, ки онҳо ин борро дар вилояти Маскав дар шоҳроҳи Егоревское аз як шахси номаълум барои фурӯши минбаъда гирифтаанд.

Додгоҳ ҳардуро бар асоси қисми панҷуми моддаи 228.1 Кодекси ҷиноятии Русия дар кӯшиши фурӯши миқдори махсусан бузурги маводи мухаддир гунаҳкор шинохт.  Ин банди қонун ҳамчун ҷазо аз 15 то 20 соли зиндонро пешбинӣ мекунад.

Тоҷикистон, ки бо Афғонистон, манбаи асосии тавлиди ҳероин, афюн ва ҳашиши дунё, 1370 км марзи муштарак дорад, дар солҳои охир ба як масири умдаи қочоқи маводи мухаддири “афғонӣ”  ба бозорҳои сиёҳи шимоли сайёра, асосан ба Русияву Қазоқистон табдил ёфтааст.

Аз беш аз 7 ҳазор тоҷикистоние, ки дар маҳбасҳои Русия адои ҳукм мекунанд, бино ба ҳисобҳои ғайрирасмӣ, тақрибан чорякаш барои ҷиноятҳои марбут ба маводи мухаддир зиндонӣ шудаанд.

Тоза моҳи июни соли ҷорӣ додгоҳи кишвари Краснодари Русия 5 шаҳрванди Тоҷикистон, як шаҳрванди Украина ва як сокини ҷумҳури Адигеияро бар асоси қисми чоруми моддаи 228.1 ва қисми чоруми моддаи 229.1 Кодекси ҷиноятии Русия дар даст доштан дар қочоқи миқдори бузурги маводи мухаддир  гунаҳкор шинохта, дар маҷмӯъ ба 85 соли зиндон маҳкум карда буд.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button