ВидеоРӯйдодҳои БадахшонҲуқуқи инсон

МАРГИ МАРМУЗИ СОКИНИ СОЛХӮРДАИ РОШТҚАЛЪА ДАР БОЗДОШТ

Пойгоҳи хабарии Pamir Daily News хабар дод, ки рӯзи 6 июли соли 2022 сокини деҳаи Бидизи ноҳияи Роштқалъаи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон Абдураҳим Гулобов, соли таваллудаш 1956 ҳангоми бозпурсӣ дар Хоруғ ҷон додааст. Абдураҳим Гулобови 66-соларо ҳамроҳи писараш Муталиб бо иттиҳоми ғайриқонунӣ нигоҳ доштани як камони шикорӣ дастгир карда, барои бозпурсӣ аз Роштқалъа ба Хоруғ оварда буданд. Гулобовҳо камони шикорӣ доштани худро рад мекарданд.

Бино ба иттилои Pamir Daily News, иттиҳоми нигоҳ доштани яроқ дар ниҳоят собит нашуд, вале фишорро болои Абдураҳим Гулобов ва писааш идома додаанд, то ки ин иттиҳомро ба гардан бигирад. Дар натиҷа, ӯ ҳангоми бозпурсӣ ҷон додааст.

Мақомоти расмӣ ин қазияро шарҳ надодаанд, вале Pamir Daily News хабар дод, ки ҷанозаи Абдураҳим Гулобовро барои дафн ба хешовандонаш супурда, онҳоро қатъан ҳушдор додаанд, ки бо журналистон гап назаданд ва дар ин бора ягон маълумот надиҳанд.

Бино ба иттилои ин нашрия, мақомот писари Гулобов Муталибро ҳам муваққатан барои ду рӯз ҷавоб додаанд, то ки дар маросими дафни падараш иштирок кунад. Ӯ вазифадор шудааст, ки баъди ба хок супурдани падараш ба паси панҷара баргардад.

Бо вуҷуди онки мақомоти Тоҷикистон ҳанӯз дар нимаи моҳи июн аз анҷоми амалиёти вижа дар Бадахшон ҳисобот доданд, сокинони ин минтақаи мухтор дар шарқи Тоҷикистон мегӯянд, боздошти сокинони вилоят то ҳол идома дорад.

Рӯзи 7 июл Парлумони Аврупо дар як баёнияи алоҳида саркӯби эътирозҳо дар Бадахшонро маҳкум кард ва аз мақомоти Тоҷикистон хост, то таъқиби ақалияти помириро бас кунад. Парлумони Аврупо ҳамчунин хостори таҳқиқи мустақилонаи ҳаводиси моҳи ноябри соли 2021 ва моҳи майи соли 2022 шуд.

Рӯзи 18 майи соли 2022 дар пайи эътирозҳои густарда дар ноҳияи Рӯшон ва масдуд шудани роҳи Душанбе Хоруғ Қулма мақомоти Тоҷикистон дар ин ноҳия амалиёти ҳарбиро бо номи “амалиёти зиддитеррористӣ” оғоз карданд. Ба дунбол, дар шаҳри Хоруғ низ барои боздошти лидерҳои ғайрирасмии Бадахшон чандин амалиёти вижа баргузор карда шуд. Ба ҳисоби мақомот, дар ҷараёни ҳодисаҳои Бадахшон 16 нафар кушта ва беш аз 120 нафар боздошт гардида, ҳамаи 12 лидери ғайрирасмии фаъол дар ин вилоят ё боздошт ваё кушта шуданд ва фаъолияти онҳо пурра қатъ карда шуд.

Мақомот эътирозгарон ва лидерҳои ғайрирасмии Бадахшонро ба ҳамдастӣ бо “гуруҳҳои ифротию террористӣ”, аз ҷумла бо ҳизби дар Тоҷикистон мамнӯи наҳзати исломӣ айбдор карданд. Вале сокинони Бадахшон иттиҳоми тундгароӣ ва терроризмро рад мекунанд ва мақомотро айбдор мекунанд, ки ба зидди эътирозгарони осоишта аз нирӯ, аз ҷумла аз силоҳҳои ҷангӣ истифода бурданд ва чандин нафарро баъди боздошташон бар асари шиканҷа куштанд. Сокинон мегӯянд, дар ҷараёни саркӯби эътирозҳо дар Бадахшон дар моҳи май беш аз 40 нафар кушта шудаанд, на 16 нафар, ки мақомот мегӯянд.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button