ВидеоХабарҳои кӯтоҳҲодиса

ЯК МАРД ДАР ДАРЁИ ДУШАНБЕ ВА ЯК КӮДАК ДАР КОФАРНИҲОН ҒАРҚ ШУДААНД

Кумитаи ҳолатҳои фавқулоддаи Тоҷикистон хабар дод, ки рӯзи 7 июли соли 2022 дар қаламрави ҷумҳурӣ боз ду ҳодисаи ғарқ шудани шаҳрвандон, аз ҷумла як кӯдак сабт шудааст.

Бино ба ин манбаъ, шаби  7-уми июл, соати 21:00, ба қисми навбатдории Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда хабар додаанд, ки дар рӯди Душанбе, наздикии маркази савдои “Ёвар” ҷасаде дар об намоён шудааст.

Ғавввосони Кумита аз раёсати Душанбе ба ҷойи ҳодиса расиданд ва ҷасади як марди зоҳиран 35-40 соларо аз об берун оварда, ба мақомоти ҳифзи ҳуқуқ супурдаанд.

Шахсияти ҷасад ва сабабҳои марги ӯ таҳқиқ мешавад. 

Ҳодисаи нохуши дигар соати шаши бегоҳи 7 июл дар қаламрави ноҳияи Рӯдакӣ ба қайд гирифта шуд. Бино ба маълумоти Шуъбаи КҲФ дар ноҳияи Рӯдакӣ, як ноболиғ аз деҳаи Истиқлол-1, ҷамоати М.Турсунзодаи ин ноҳия ҳангоми оббозӣ бо дӯстонаш дар дарёи Кофарниҳон ғарқ шудааст. Ин писарбача 12 сол доштааст. Ҷустуҷӯи ҷасади писарак тамоми рӯз идома дошт, вале бенатиҷа буд. Аз субҳи 8 июл кофтуков аз ҷониби ғаввосони Кумита аз сар гирифта шуд ва ҳанӯз идома дорад.

Бино ба омори Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда, аз аввали соли 2022 дар кӯлу дарёҳои Тоҷикистон алакай беш аз 70 нафар ғарқ шудаанд. Беш аз нисфи қурбониёнро ноболиғон ташкил медиҳанд. Соли 2021 дар Тоҷикистон 155 нафар, аз ҷумла 75 ноболиғ ғарқ шуда буд.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button