ВидеоМуҳоҷирон

ҲАВОПАЙМОИ МАСКАВ – ХУҶАНД БА ПАРРАНДА БАРХӮРДА, БО ШИШАИ ҶАҒОВАРДА СЕ СОАТ ДАР ОСМОН ЧАРХ ЗАД (ВИДЕО)

Рӯзи 7 июли соли 2022 ҳавопаймои ширкати “Уралские авиалинии”, ки аз Маскав ба шаҳри Хуҷанди Тоҷикистон парвоз мекард, баъди аз фурудгоҳи Жуковский ба ҳаво хестанаш ба парранда бархӯрдааст. Дар натиҷаи ин ҳодиса касе осеб надидааст, вале шишаи пеши ҳавопаймо ҷағ овардааст. Экипаж тасмим гирифт, ки ҳавопайморо дар фурудгоҳи эҳтиётии Домодедово дар канори шаҳри Маскав бишинонад. Бино ба иттилои Тelegram-канали “Авиаторшина”, ҳавопаймо бо шишаи ҷағовардааш се соат дар осмон чарх задааст, то ки маводи сӯхташро бисӯзонад ва сипас ба фурудгоҳи Домодедово бинишинад.

“Баъди ба парвоз даромадан аз фурудгоҳи Жуковский ҳанӯз ба баландии лозим норасида, ҳавопаймо ба парранда бархӯрд. Фармондеҳи ҳавопаймо дар бораи ба шишаи пеши он бархӯрдани парранда ва ҷағ овардани шиша хабар дод ва экипаж тасмим гирифт, ки дар пайи сӯзондани маводи сӯхташ дар фурудгоҳи эҳтиётии Домодедово пойин шавад. Барои сӯзондани сӯзишворӣ се соат лозим шуд ва ҳавопаймо танҳо баъди ин тавонист дар фурудгоҳ бишинад”, — гуфта мешавад дар хабар.

Дар хадамоти матбуоти ширкати ҳавопаймоии “Уралские авиалинии” ба хабарнигори URA.RU ин ҳодисаи фавқулодаро тасдиқ карда, гуфтаанд, тибқи қоидаҳои бехатарӣ, ҳавопаймо наметавонист бо шишаи ҷағоварда ба парвози худ идома диҳад.

 “Экипажи ҳавопаймои тамғаи Airbus A321, ки бо парвози рақами U62425 бо хатсайри Жуковский—Хуҷанд парвоз мекард, аз бархӯрдаш бо парранда хабар дод. Барои таъмини бехатарӣ фармондеҳи ҳавопаймо тасмим гирифт, ки дар фурудгоҳи эҳтиётии Домодедово пойин шавад.  Ҳавопаймо бомуваффақият нишаст ва мусофиронро бо ҳавопаймои эҳтиётӣ соати 10:15 ба вақти Маскав ба Хуҷанд фиристоданд”, — гуфтаанд дар ширкат.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button